logo

фарҳанг

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ДАР РОҲИ ҲАҚИҚАТ ВА АДОЛАТ

Айёми сардиҳо қариб ба охир мерасад. Дар баъзе минтақаҳо аллакай ниҳоли бодом гул кардааст. Аммо дар водии Рашт ҳанӯз аз ҷониби пуштакӯҳҳо насими серуне мевазад ва ба димоғ бӯи баҳорро меорад. Ин даъфа мафтуни сайри тамошои манзараҳои роҳ шуда чӣ тавр ба маркази шаҳраки Рашт расиданамонро нафаҳмидем. Аз дур чашмам ба пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум афтод. Пайкараи ҷонфидои роҳи ҳақиқату адолат ва ваҳдат мисли санги алмосе хаёле аз қаъри дили кӯҳистони тоҷик бурун омадааст. Пайкараи қаҳрамон дар шуълаи гармиҳои нисфирузӣ ғарқ гаштааст ва симои барои мардум ошнои Нусратулло Махсум гӯё аз сарнавишти талху ширини рӯзгорон ҳикоят дорад…
Моҳи июни соли 2006 буд. Дар маркази ноҳияи Рашт низ тантанаҳои идона ба шарафи Рӯзи Ваҳдати миллӣ идома доштанд. Мардум шодиву хурсандӣ мекарданд. Ҳама интизори пардабардорӣ аз рӯи пайкараи Нусратулло Махсум буд. Дар миёни меҳмонон зани пиронсоле, ки мӯи сафед ва ожангҳои рӯяш ӯро хеле ботамкину солор нишон медод, ҳар замон ба атрофиён нигариста, оҳи пурсӯзе мекашид. Гуфтанд, ки вай духтари Қаҳрамони Тоҷикистон Хосият Махсумова будааст. Лаҳзае ки парда аз рӯи пайкараи Нусратулло Махсум бардошта шуд, ин зани матин, ки дар деги зиндагӣ сӯхтаю пухтааст, ноаён ашк мерехту гиря гулӯгираш мекард. Модари пир шояд аз шодиву нишот ё дидори хешу табораш буд, ки оромиро аз даст дода буд.
Сипас, Хосият Махсумова шукргӯён ашки чашмонашро пок кард. Аз он шукргузор буд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои бунёдкоронаи падари бузургворашро ба назар гирифта ӯро бо унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон қадр намуд.
Одамон як - як аз майдон дур мешуданд. Лекин ин зани қавипайкар ҳамоно ғарқи олами андешаҳои хеш буд. Аз пайкара чашм намеканду дар лавҳи хотираҳояш солҳои 30-юми асри гузашта сайр доштанд…
Ба наздаш омада, салом додам. - Мебахшед, шуморо аз тамошои пайкараи қиблагоҳатон монондам,- гуфтам. Дар ҷавоб, «ҳеҷ гап не, писарам, ман як умр ба хотири падар нафас мекашам, - гуфт ва илова кард. - 12 июли соли 1937 ҳиҷ аз ёдам намеравад. Дар он рӯзи наҳс мо дар паҳлуи падар нишаста будем. Он вақт ман 11 сол доштаму додарам Акбаршо 8 - сола, Музаффар ҳанӯз хурдакак буд.
Модарам Ҳалима нав дастархон кушода, хӯрок оварданӣ буданд, ки ду - се низомипӯш бе пурсиш ба хонаамон зада даромаданду падарамро ба гӯшае бурда чизе гуфтанд. Якбора чеҳраи падарам ғамгин ва таъбаш хира шуд, вале худашро ором вонамуд карда гуфт. Ман гуноҳе надорам. Худам рафта ба чека ҳамаашро мефаҳмонам. Ин ҷо иштибоҳе шудааст, мефаҳмед. Аммо низомиён ба ҳарфҳои падарам гӯш надода, ӯро бурданд. Падарам бо меҳр моро навозиш карда, рамузгирона аз хона берун шуд. Мо умедвор будем, ки бармегардад ва ҳақиқат тантана мекунад, аммо ин тавр нашуд. Баръакс, рӯзгори сиёҳе ба сари оилаи мо омад. Ба мо чун фарзандони «душмани халқ» нигоҳи бад мекардагӣ шуданд. Бисёриҳо аз дӯстӣ бо оилаи мо ҳазар мекарданд. Баъди ду моҳи гумном шудани падарамон боз ба сари оилаи мо бадбахтии нав омад. Ин даъфа модарамро чун зани душмани халқ бадарға намуда, додаронам Акбаршою Музаффарро аз ҳам ҷудо намуда, ба сағирхонаҳои алоҳида фиристоданд. Модарам баъди маҳрумиятҳои зиёд соли 1944 ба хона баргашт. Танҳо баъди ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ андак беҳтар гардид…
Хосият Махсумова дар бораи сарнавишти талхи худ камтар нақл мекард. Балки бештар номи падарашро бо меҳр ба забон  мегирифт.  Барҳақ, тақдири Нусратулло Махсум шоистаи омӯзишу таҳқиқ мебошад. Охир вай ҳанӯз солҳои 1905 - 1907 дар давраи Инқилоби якуми рус дар корпартоӣ ва намоишҳои коргарони шаҳри Қӯқанд иштирок карда, аллакай забони русиро нағз медонист. Бо вуҷуди ҷавонии худ солҳои 1922 - 1923 раисии Кумитаи таъмини озуқаи Артиши сурх дар вилояти Ғарм, вакили масъули Ҳукумати шӯравии Бухорои Шарқӣ ва дигар вазифаҳои масъулро ба уҳда дошт. Вақте ки моҳи октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, Нусратулло Махсум аввалин раиси Ҳукумати муваққатӣ - Кумитаи инқилобӣ таъйин гардид. Дар ин вазифаи масъул ӯ содиқона кору фаъолият карда, дар барқарорсозии хоҷагии халқ, бунёди роҳҳо ва хоҷагиҳо нақши арзандае гузошт. 13 июли соли 1926 таҳти раёсати сардори Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум Комиссияи марказии ташкилӣ оид ба тайёр кардан ва даъват намудани Анҷумани якуми умумитоҷикии муассисони шӯроҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Сарнавишти ин фидоии роҳи озодӣ пур аз ҷонбозиҳо ва талошҳои миллӣ мебошад. Вақте соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, Нусратулло Махсум раиси КИМ интихоб гардид ва дар ин вазифа то моҳи декабри соли 1933 пурмаҳсул фаъолият намуд.
Қобили зикр аст, ки Нусратулло Махсум аз ҷумлаи аввалин фидоиёни миллат мебошад, ки дар ҳамон солҳо барои тақсимоти дурусти миллӣ ва заминӣ - ҳудудӣ талош намудааст. Аз ҷумла ӯ ҳангоми ташкили ҷумҳуриҳои мухтор дар Осиёи Миёна бо ҳимоят аз манфиатҳои миллии  тоҷикон ба Сталин нома навиштааст. 
Маҳз қобилияти фавқулодаи роҳбарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ғурури ҷавонмардии Нусратулло Махсум буд, ки бадхоҳони миллат пайт меҷустанд, ки номи шарифи ӯро доғдор намоянд. Оқибат онҳо ба мақсади сиёҳи худ расиданд. Ва ӯ бо роҳи туҳмат 13 июли соли 1937  ба ҳабс гирифта шуда, ҳамон сол ба қатл расонда шуд ва соли 1957 бегуноҳиаш исбот гардид.
Хосият Махсумова барҳақ номбардори номи неки падари худ гардид. Вай ба унвони Муаллимаи хизматнишондодаи Тоҷикистон мушарраф гашта, солҳои дароз дар вазифаҳои масъули давлатӣ кору фаъолият кардааст. Фарзандони дигари Нусратулло Махсум Акбаршо то ба дараҷаи сарварии Академияи илмҳои кишоварзӣ расид ва Музаффар амсоли падараш соҳибэҳтиром гардида, чун олими шинохта, доктори илм асарҳои зиёде таълиф намудааст…
Ба пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум менигараму ҳамон суҳбати бо духтари «душмани халқ» доштаам пеши назар меояд. Ва дар фазо кабӯтари сулҳу ваҳдат дар парвоз аст. Имрӯз таронаи Ваҳдат хаёле аз сарнавишти ибратомӯзи ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум ҳикоят дорад.
Маҷид САЛИМ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 1896

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед