logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ДОНОӢ Ё ДОРОӢ?
Баъзан уламо ва удабо дар он рӯзгори пешин дар китобҳояшон аз ҳодисаҳою ҳолатҳое ёдовар шудаанд, ки кас дар шубҳа меафтад: бовар кунад ё накунад. Аз ҷумла, навиштаанд, ки Таҳмина – зани Рустами достон ба шавҳараш нома ирсол ва таъкид менамудааст: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доро бувад». Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» онро бад-ин шакл меорад: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад».
Абурайҳон Берунӣ низ бад-ин монанд, вале акси ҳолро дар «Осор-ул-боқия» - и худ китобат кардааст: «Ва ин фасл яке аз ҳолати гузаштаи маро ба ёд меоварад, ки тасдиқкунандаи чунин гуфтори Аҳмад ибни Форис аст. Дар рӯзгори гузашта ҳакиме гуфтааст, ки инсон бо ду аъзои хурдтаринаш (забону дил) шинохта мешавад. Вале, ман ҳамчун марди доною хирадманде мегӯям, ки одамӣ танҳо бо дороияш шинохта мешавад. Касеро, ки дирҳаму дороияш набошад, занаш ҳам ба ӯ илтифот намекунад. Вай дар хонаи худ азобу хорӣ мекашад ва худро хеле ҳақиру нотавон ҳис мекунад. Ҳолати чунин шахс ба дараҷае  рафта мерасад, ки гурбаи хонааш ҳам бар ӯ беибо бавл хоҳад кард».
Зумрае дигар аз ин гурӯҳ гуфтаанду навиштаанд: доно онест, ки доро аст.
Дар ин рӯзгор чи хуб аст, агар донои доро ё дорои доно бошем.
Абдулқодири РАҲИМ


ҲИКОЯТ
Қазвиниро дандон дард мекард. Пеши ҷарроҳ рафт.
Ҷарроҳ гуфт:
-       Ду оқча бидеҳ, то ки барканам.
Гуфт:
-Як оқча беш намедиҳам.
Чун музтариб (дар изтироб ва ҳаяҷон бошанда) шуд, ночор ду оқча бидод ва сар пеш бурд ва дандоне, ки дард намекард, бад-ӯ намуд. Ҷарроҳ онро канд. Қазвинӣ гуфт: «Саҳв кардам». Он дандон, ки дард мекард, бад-ӯ намуд. Ҷарроҳ барканд. Қазвинӣ гуфт: Мехостӣ, ки сарфи ман барӣ ва ду оқча биситонӣ. Ман аз ту зирактарам. Туро ба бозӣ харидам ва кифояти ту чунон кардам, ки як дандонам ба як оқча баромад.
Таҳияи
Меҳрона ЗУВАЙДОВА


АЗ ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ
Нисбат ба худ сахтгир будан, бешубҳа, худро аз ниятҳои бад эмин нигоҳ доштан аст.
Ташвишҳо ба зудӣ пайдо хоҳанд шуд, агар шахс дар фикри нақшаҳои дарозмуҳлат бошад.
Агар дигарон бо як зарра кӯшиш муваффақ гарданд, ман сад маротиба зиёд кӯшиш хоҳам кард. Агар дигарон ба кӯшиши даҳчанд ба чизе муваффақ гарданд, ман ҳазор маротиба бештар кӯшиш хоҳам кард.
Накукорӣ дӯст доштани мардум аст.
Ман вақте ба ҳалқаи шахсони дигар мепайвандам, ки он ҷо касе бошад, ки аз ӯ чизе омӯхта тавонам.
Аз он, ки мансаби баланд надорӣ, дар ташвиш мабош. Сари иҷрои масъулияти хеш андеша кун.
Фароҳамсоз
Сарвиноз ШОДМОНОВА


ГУЛЕ АЗ «ГУЛИСТОН» - И САЪДӢ
Ҳотами Тойро гуфтанд:
- Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидаӣ ё шунидаӣ?
Гуфт:
- Бале. Рӯзе чиҳил шутур қурбонӣ карда будам умарои арабро. Пас ба гӯшаи саҳрое ба ҳоҷате бурун рафта будам. Хорканеро дидам пушта фароҳам ниҳода. Гуфтамаш:
- Ба меҳмонии Ҳотам чаро наравӣ, ки халқе бар суфраи ӯ гирд омадаанд?
Гуфт:
Ҳар ки нон аз амали хеш хӯрад,
Миннат аз Ҳотами Тойӣ набарад.
Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар дидам.
Фароҳамсоз Зулола БОБОРАҶАБОВА


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
ПАЙДОИШИ ҲАЁТ:  ҲОДИСАИ КӮР-КӮРОНА Ё МАҚСАДИ ДУРАНДЕШОНА?
Асрори пайдоиши ҳаёт дар Замин ифшо шудааст!
Ин шиор дар ливои илм солҳо ҷилва мекард. Пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин гӯё ба ҳама маълум буд. Олимони таҳқиқгари ин мушкилот нақшаи давраи биокимиёвиеро кашиданд, ки мутобиқи он қариб 4 миллиард сол пеш дар натиҷаи раванди табиии кимиёвӣ аз моддаи ғайризинда ҳуҷайраҳои нахустини зинда пайдо шуданд. Ба гуфтаи академики шӯравӣ А. Опарин ва англис Ҷ. Холдейн, ин ҳуҷайраҳо дар уқёнуси давраи ибтидоии Замин, ки монанди моеи кимиёвӣ буд, шакл гирифтаанд. Атмосфераи Замин дар он давра беоксиген ва аз газҳои метан, аммиак, гидроген ва дуокисаи карбон иборат буд.
Воқеан, баробари таҳқиқи пайвастаи кайҳон маълум гашт, ки коинот худ як манбаи кимиёвӣ буда, шарт набудааст, ки як уқёнуси ибтидоии хаёлиеро бофта баровард: ҳанӯз то пайдоиши Замин аз абрҳои чангмонанд ва чарх задани он дар атрофи Офтоб, барои пайдоиши ҳаёт ҳамаи унсурҳо дар кайҳон вуҷуд доштаанд. Ва инро соли 1984 гурӯҳи олимони нидерландӣ ба исбот расонданд.
Аммо гап дар сари он нест, ки дар куҷо нахустин ҳуҷайраи зинда пайдо гашт, гап дар он ки чаро ин ҳодиса рӯй дод. Чунин мепиндоранд, ки пайдоиши ҳаёт натиҷаи кадом як рӯйдоди ҳолати махсуси тамоман ногаҳонӣ мебошад, ки дар натиҷаи таъсири он раванди биокимиёвӣ ба амал омаду аз моддаи берӯҳ ҳуҷайраҳои зинда пайдо шуданд. Оё ин мумкин аст? Ҷоизадорони Нобел Уотсон ва Крик, кошифони ҳастии коди генетикӣ, исбот намуданд, ки мундариҷаи ин код (рамз) навиштаҷоти абстрактӣ ба ҳисоб меравад. Вале, мо то ҳол дар бораи он ки аз рӯи кадом қоида «алфавит» ва «калима» - и коди генетикӣ навишта мешаванд ва чӣ тавр намудҳои сафедаҳои кимиёвии «сабтнамудаи» онҳо шакл гирифтаанд, намедонем. Агар сода карда гӯем, дар назди мо чунин мушкилот меистад: мо дорои аминокислотаҳои одием – аденин (А), тимин (Т), гуанин (Г) ва ситозин (С). Аз ин «ҳарфҳо» (аминокислотаҳои одӣ) «калимаҳои» сеҳарфа сохта мешаванд: масалан, АТТ, СГА, ГАГ ва ғайра. Ҳар яки ин «калимаҳо» молекулаи яке аз даҳҳо аминокислотаҳои мураккаб, ки молекулаи сафедаҳоро ташкил медиҳанд, ба ҳисоб меравад. Занҷираи аз садҳо ё ҳазорҳо чунин калимаҳои сеҳарфа иборатбуда ҳамон «сабтнамудаҳо» ба ҳисоб мераванд. Ва саволи матраҳ ин аст: оё ин қоидаҳо тасодуфан шакл мегиранд?  
Паз аз татқиқотҳои солҳои мадид ба ин савол худи Френсис Крик, нахусткошифи коди генетикӣ, олими маъруфи соҳаи биология, посух бидод: «Не! Ин имкон надорад!». Ва, ҳамчунин, ба худ тасаввур кардан ҳам имконнопазир аст, ки ҳуҷайраи зинда нохост худ ба худ дар натиҷаи реаксияҳои кимиёвӣ таваллуд бишавад. Хайр, ҳуҷайра тавлид шуд, вале шаклҳои гуногуни ҳаёт чӣ тавр аз ягона ҳуҷайра пайдо гаштанд?
Ин ҷо «назарияи эволютсия» - и Чарлз Дарвин, ки дар асри ХIХ пешниҳод гашта буд, табиатшиносонро наҷот бахшид ва онҳо мегуфтанд, ки ҳаёт дар Замин дар тӯли миллионҳо сол баъди «давраҳои гузариш» ва муборизаҳои шадид барои ҳаёт ба шакли имрӯза расидааст. Қонуни ҷангал: кӣ зӯр амал мекард то пайдоиши тамаддун. Ин назария 100 сол пеш ҳамаи олимони набототшиносро қонеъ месохт, аммо имрӯз дар натиҷаи пешрафти илм ва кашфиётҳои илмӣ таҳкурсии он дар ларза аст. Масалан, олимони соҳаи палеонтология, пас аз солҳои мадид омӯхтани ҳазорҳо скелетҳои сангшуда ягон намунаи «давраҳои гузариш» - ро наёфтанд. Ба илми имрӯза ягон махлуқи ниҳоят қадим маълум нест, ки дар бораи он бигӯем, ки дар давраҳои минбаъда аз вай дигар махлуқ пайдо шуда бошад. Ҳамаи организмҳои маъмули ниҳоят қадим ва имрӯза аз ҳам тафовути ҷиддӣ  доранд.  Агар эволютсия аз рӯи назарияи Дарвин мерафт, имрӯз махлуқони аҷоибу ғароибро медидем, ки чунин нашуд. Пас, ҳаёт чӣ гуна пайдо шуд? 
Дар садсолаҳои охир илм хеле пеш рафт, далелҳои зиёд оид ба пайдоиши ҳаёт ба даст омаданд, аммо дар асоси онҳо як назарияи комили илмиро пешниҳод намудан боз ҳам душвортар гардид. Ба таври дигар гӯем, чи қадаре ки мо зиёд донем, ҳамон андоза намедонем. Ва ҳол он ки ҳанӯз дар аҳди куҳан одамон медонистанд, ки Ҳақиқат аз одамон ниҳон аст ва онро танҳо бо идрок фаҳмидан мумкин аст…
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


Ҷамъбасти соли 2016: рӯйдодҳои асосии илм ва коинот
САЁҲАТ БА АЛФАИ СЕНТАВР БО МИЛНЕР ВА ХОКИНГ
Соҳибкори рус Юрий Милнер ва физики британӣ Стивен Хокинг лоиҳаи Breakthrough Starshot-ро таҳия намуданд.  Онҳо ба ситораи Алфа Сентавр киштии кайҳонии иборат аз чанд граммро барои ҷустуҷӯйи ҳаёт дар сайёраи дигар, равон месозанд.
Аз Замин нанорадифҳоро ба воситаи бодбонҳои лазерӣ бурда мерасонанд. Ба воситаи онҳо метавон ба суръати 161 миллион километр соат – 20 дарсади суръати рӯшноӣ расид.
Тибқи ҳисоби пешакӣ барои парвоз ба Алфаи Сентавр ба кишти 24 сол лозим меояд. Ба он якбора чанд ҳазор киштӣ парвоз мекунанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ИЗИ АНГУШТ АКНУН БА ҶОЙИ ЧИПТА АЗ ОН ИСТИФОДА МЕШАВАД
Равуо дар хатсайри роҳҳои оҳани Британияи Кабир ба наздикӣ ба филмҳои фантастикӣ монанд хоҳад шуд.  Танзимгарони ширкати роҳи оҳани  «Rail Delivery Group»  мехоҳанд аз истифодаи  чиптаҳои маъмулӣ  даст кашанд. Барои тезондани раванди фурудоӣ аз поезд, кормандон  пешниҳод намудаанд, ки  аз нақши ангуштон ва ё гавҳараки чашми муштариён истифода шавад. Онҳо боварӣ доранд, ки  ҷорӣ намудани системаи нав кори  бахши интиқолдиҳии мусофиронро  метезонад.
Ҳоло коркарди барномаи  нав  аз ҷониби мутахассисон идома дорад. Қарор аст, ки санҷиши аввали  истифодаи технологияи нав дар хатсайри «Лондон – Оксфорд» гузаронда шавад.
Таҳияи Фарзона  ФАЙЗАЛӢ


АРОБАЧАИ «ДОНО»
Ширкати «4moms» аробачаи бачагонаи «доно» -и «Meet moxl» - ро намоиш дод, ки ҳам аз қисмати қафо ва ҳам аз пеш дорои чароғакҳо,  датчикҳои гуногун, генераторҳои барқӣ ва дисплей мебошад.
Дар қисми пушти аробача генераторҳое насб шудаанд, ки ба истеҳсоли неру имконият медиҳанд. Қувваи онҳо барои кори датчикҳо, равшан кардани роҳ тавассути чароғакҳо ва аз неру пур кардани смартфон басанда аст.
Аробачаи «доно» ҳарорати ҳаво, давомнокии сайругашт ва дараҷаи неруи батареяро назорат менамояд. Ба «Meet moxl» дисплейи на он қадар калонро насб намуданд. Инчунин, аз ҳамаи ахбори зарурӣ метавон тавассути замимаи смартфон огоҳӣ пайдо кард. Боқӣ, он аз дигар аробачаҳои бачагона ягон фарқе надорад. Танҳо вазни он нисбат ба дигар аробаҳо  10 килограмм зиёдтар аст.
Таҳияи Л. ШАРИФ


ЗИМИСТОН ОЁ ДАР ИН ФАСЛ ДАВИДАН МУМКИН АСТ?
Ба андешаи олимони Донишгоҳи Сент - Мэри давидан дар фасли зимистон нисбат ба тобистон фоидабахш мебошад.
Дар раванди пажӯҳиши гузаронидашуда 6 варзишгар ширкат варзида, давоми 40 дақиқа дар ҳарорати аз 22 то 8 дараҷа гармӣ давиданд. Натиҷаҳо самарабахш будани иҷрои ин амалро дар фасли зимистон собит сохтанд.
Таъкид гардид, ки ҳарорати паст фишорро муътадил нигоҳ медорад. Дар ин ҳолат дил оҳиста метапад ва захираи оби организм ба зудӣ масраф намешаванд. Пажӯҳиш дар озмоишгоҳи дорои ҳарорати ба муҳити  Британия хос ба ҷо оварда шуд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


НАВРАСИ МИЛЛИОНЕР
Саргузаште, ки дар поён овардан мехоҳем, аз рӯзгори наврасе қисса мекунад, ки ҳанӯз дар 8 - солагӣ соҳиби миллион доллари амрикоӣ гашта буд. Райан Росс зодаи Канада буда, ин сарвати худро дар тӯли панҷ сол ба даст овард. Ӯ танҳо ҳамон амалеро анҷом дод, ки ба шавқу ҳавасҳояш созгор буд ва мисли дигар сарватмандон бо тамоми майлу рағбат ба он машғул шуд.
Ин писарбача ҳанӯз дар 3 - солагӣ як қитъаи хурдакаки замини пушти ҳавлиашонро интихоб намуда, дар он фермаи мурғпарварӣ бунёд намуд. Нахуст ӯ ҳамагӣ 60 мурғ дошту ҳамарӯза тухмҳои онҳоро ба фурӯш мебаровард ва даромади якрӯзааш 15 долларро ташкил медод.
Сипас, ин машғулият ӯро хаста намуда, ба қайчӣ кардани сабзазорони назди иморатҳо мароқ зоҳир намуд. Як соати кории худро 20 доллар нархгузорӣ намуд. Бо сабаби он ки аз уҳдаи кор баромада наметавонист, ӯ ба рафиқони калонсолтари худ 15 доллар музд медод, то ба ҷои ӯ ин корро анҷом бидиҳанд. Ҳамин тариқ, бо вуҷуди он ки ӯ кореро анҷом намедод, даромади ӯ дар як соат 5 долларро ташкил мекард. Минбаъд, барои об додани сабзазорон ӯ меҳнати худро 200 доллар нарх гузошта, барои он нафароне, ки ин корро ба ҷойи ӯ анҷом медоданд, нисфи ин маблағро медод.
Минбаъд Райани қавиирода тамоми маблағҳои пасандоз намудаашро барои амволи ғайриманқул сарф менамояд. Айни ҳол, ӯ дорои 6 иморати шахсӣ дар Колумбия ва Онтарио мебошад. Моликияти шахсии ӯ дар соли 2013 - 900 ҳазор долларро ташкил дод. Ҳамчунин, ӯ пайваста барои такмил додани дониш ва малакаи худ саъю кӯшиш менамуд. Бо ин мақсад тақрибан 4000 китоб харид. Вале бо худ телефони мобилӣ надошт (чунки волидонаш иҷозат намедоданд). Дар 9 - солагӣ Райан аллакай таъмини пурраи оилаашонро бар уҳда гирифт.
Ин навраси мубориз хасташавӣ ва ноумедиро намедонад. Имрӯз Райан Росс 11 сол дорад ва тавре аз саргузашт ва асрори муваффақиятҳои ӯ бармеояд, ҳамаи ин барору муваффақият хеле ба осонӣ барояш муяссар гардидааст.
Саргузашти ин наврас бори дигар собит месозад, ки ҳар як шахс, новобаста аз синну сол, метавонад сарватманду муваффақ бошад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


БОФТАИ ЧАШМ МУШКИЛИ НОБИНОЁН ҲАЛ МЕШАВАД
Тибқи иттилои Созмони байналмилалии тандурустӣ тақрибан 285 миллион нафар аз биноӣ пурра ё қисман маҳруманд. Хушбахтона, илм рӯз то рӯз тараққӣ карда, олимон технологияи бофтани ҳуҷайраҳоро ихтироъ кардаанд. Идеяи мазкур ба профессори Донишгоҳи Киото - Синя Яманака тааллуқ дорад. Ӯ соли 2012 дар якҷоягӣ бо биологи британӣ Ҷон Гёрдон барои ин ихтироъ сазовори Ҷоизаи Нобел шудааст.
Синя ва ҳамкорони ӯ дар бадани инсон ҳуҷайраҳоеро мушоҳида карданд, ки қобилияти ба ҳолати ҷанинӣ баргаштанро доранд. Мутахассисон қайд мекунанд, ки чунин ҳуҷайраҳоро барои парвариши узвҳо ва бофтаҳои зарурӣ дар трансплантатсия (интиқоли узв) истифода кардан мумкин аст.
Ҳамин тавр, олимон барои нобиноён бофтаи чашм парвариш мекунанд. Озмоишҳои клиникӣ барои интиқоли бофтаи чашм дар донишгоҳҳои гуногун гузаронида мешаванд. Масалан, дар донишгоҳҳои Кардифф ва Осака бо харгӯшони нобино амалиёти интиқоли бофтаи чашм бо муваффақият ба анҷом расонида шуд.
Чунин озмоишҳо дар Маркази клиникии Русия низ гузаронида шуда, аз ҳуҷайраи пӯст бофтаи чашм парвариш мекунанд. Дар назар аст, ки озмоиши клиникӣ дар одамон давоми соли 2017 оғоз гардад.
Таҳияи Р. РАМАЗОН


МАРКАЗИ САВДО БАРОБАРИ МАСОҲАТИ ЯК КИШВАР
28 июни соли 2013 калонтарин маркази савдои ҷаҳон дар шаҳри Чендуи Хитой бо номи «New Century Global Center» ба истифода дода шуд, ки бо ҳашамати худ ҷаҳониёнро  ба ҳайрат гузошт. Масоҳати ин бино 1,7 миллион метри квадратӣ (170 гектар) - ро дар бар гирифта, қариб ба масоҳати Монако баробар мебошад. Ногуфта намонад, ки дар дохили бино ғайр аз мағозаҳои гуногун 14 толори синамо, якчанд меҳмонхона, донишгоҳ, парки обӣ, толори варзиш барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ, офису идораҳои мухталиф, инчунин таваққуфгоҳ барои 15 000 мошин ҷойгиранд. Дар дохили ин мағоза деҳаи сунъие сохтаанд, ки хоси мардумони баҳри Миёназамин мебошад. Барои бо рӯшноӣ таъмин намудани дохили иморат ба воситаи светодиодҳо қандиле бо шакли офтоб сохта шудааст, ки 24 соат нур меафканад. Бино ба Қасри алмосии Лондон монандӣ дошта, дар муддати 3 сол сохта шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ГУЛҲОИ НОДИР
Волфия  ҳамчун хурдтарин гул дар олам машҳур гардидааст. Ин гули ғайриодиро дар ҳавзчаҳои ҷангалҳои тропикии Африқо вохӯрдан мумкин аст. Ҳаҷми умумиаш 1 миллиметр буда,  на реша дораду на тана.
Ин намуди гул танҳо дар об мерӯяд. Дидани он бе ёрии микроскоп ғайри имкон буда, умри дуру дароз дорад. Волфия дар як шабонарӯз ду маротиба мешукуфад. Ин аст, ки онро дар аквариум барои зебоӣ месабзонанд. Ин гули аҷиб мисли ҳайвонҳои обӣ аз он берун шавад мемирад. То ҳол аксари одамон оид ба мавҷуд будани чунин як гул маълумоти кофӣ надоранд. Ба андешаи олимони  соҳа гули назарногири обӣ шояд дар дигар қитъаҳои олам низ рӯяд. Аммо, то ҳол касе инро дақиқ накардааст. Мутаассифона, волфияи зеборо  бӯидан ва туҳфа кардан низ ғайри имкон аст.
Соли 1878 калонтарин гулро дар ҷангалҳои Индонезия пайдо намуданд, ки ҳоло дар тамоми боғҳои ботаникии олам сабзонида мешавад. Гул бо дарозии аз 1 то 3 метр ва вазни зиёда аз 18 килограмм номи Аморфофаллусро гирифт. Ин намуди гулро бештар дар боғи ботаникии Меиз ва ҷангалҳои Суматра вохӯрдан мумкин аст. Аморфофаллус давоми се сол ҳамагӣ як маротиба  мешукуфад. Пеш аз шукуфтан тамоми баргҳояшро резонда, муддати 4 моҳ неру мегирад.  Зебоиаш танҳо ду рӯз давом мекунад. Олимон муайян кардаанд, ки  ин гул аз соати 23 - и шаб то 4 – и субҳ ба гирду атрофаш аз 20 то ба 32 дараҷа гармӣ мебахшад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ПЕНАЛТӢ. БЕҲТАРИН ИҶРОКУНАНДАГОНИ ОН ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛ
Пеналтӣ яке аз лаҳзаҳои шадиди равонӣ дар тамоми тӯли бозии футбол маҳсуб мешавад. Дар таърихи футбол ҳамеша буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд футболбозоне, ки барои онҳо задани зарбаи 11-метра танҳо як маъно – афзудани шумораи голҳоро ифода мекунад. Алҳол дар таърихи футбол 15 нафар беҳтарин иҷрокунандагони пеналтӣ мавҷуданд.
Дар сафи аввал Мэтт Ле Тисс қарор дорад ва ӯ рекордсмен, беҳтарин иҷрокунандаи пеналтӣ дар таърихи футбол дониста мешавад. Мэтт футболбози достонзеби клуби «Саутгемитон»-и Англия буд. Вай дар тӯли 16 сол дар Премйер лига дар иҷрои зарбаҳои 11-метра як маротиб ноком монда, аз 49 зарбаи задааш 48 – тоаш ҳадафрас будааст. Дар мақоми дувуми беҳтаринҳо Рикки Ламберт ҳамлагари «Вест Бромвич» (Англия) мавқеъ дорад. Ин ҳамлагари бағоят дараҷаи олӣ бо вуҷуди дар ҳамаи дивизионҳои футболи Англия бозӣ кардан, инчунин бозигаре маҳсуб мешавад, ки дар задани пеналтӣ хеле маҳорати бузург дошт. Ӯ аз 48 зарба – 47 –торо ба нишон расондааст.
Алан Ширер дар ин радиф дар ҷойи сеюм аст. Голзани беҳтарин дар таърихи Премйер – лигаи футболи Англия, бозигари достонзеби клуби «Нюкасл» ҳангоми иҷрои зарбаи пеналтӣ чун моҳӣ дар об худро эҳсос мекард. Гоҳе ба назар мерасид, ки аз зарбаи сахти ӯ тӯб мекафида бошад. Дар панҷгонаи беҳтарин Зинедин Зидан, сармураббии кунунии клуби «Реал» (Мадрид) шомил аст. Зидан дар ҳамаи ҳолатҳо ва ҳамаи лаҳзаҳо бағоят бузург буд. Бозии финалии чемпионати ҷаҳон дар корномаи футболи ӯ аз ҳама асоситарин маҳсуб мешавад. Дар ин дидор Зинедин Зидан пеналтиро ба ҳадаф расонд, ки тамоми мухлисони дунёро ба ҳайрат овард. Ин зарба то ҳанӯз дар таърихи футбол яке аз ҳайратангезтарин зарба ба шумор меравад.
Дар зинаи 5-ум Френк Лэмпард қарор дорад. Ӯ дар ду финали бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо пеналтиро ба нишон расондааст. Френк бо ба роҳатӣ ва худбоварии худ дар задани пеналтӣ ҳамаро қоил кардааст.
Стивен Ҷеррард, Криштиану Роналду, Мишел Платини, Михаэл Баллак, Эрик Кантона, Роналдинио, Герд Мюллер, Йохан Кройф, Хосе Луис Чилаверт (дарвозабони тими мунтахаби Парагвай) ва Александр Грэхем мутаносибан ҷойҳои аз 6 то 15-умро ишғол менамоянд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2017    №: 37    Мутолиа карданд: 1762

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед