logo

ҳуқуқ

МАВОДИ НАШЪАОВАР. МУБОРИЗА БО ИН ПАДИДАИ ХАТАРЗО ПУРЗӮРТАР МЕГАРДАД

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид.

Дар кори он муовинони раиси Шӯро - директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин аъзои шӯро - роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ ва Файзобод иштирок намуданд.  Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017”- ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Азим Иброҳим, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар, перомуни масоили мавриди баҳс ибрози назар намуда, зикр сохт, ки сиёсати зиддимухаддиротии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешгириву паҳншавии воситаҳои нашъаовар ва муборизаи беамон бар зидди мухаддирот нигаронда шудааст. Пешвои миллат 22 декабри соли гузашта зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрукро муваззаф сохтанд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориро байни ҳамдигар, инчунин ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ доранд, вусъат диҳанд. Бо ин мақсад, фаъолияти муштараки вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳакимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар самти пешгирӣ ва муқобила бо нашъамандӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Раиси шӯро вазъи нашъамандӣ дар кишварро мавриди таҳлил қарор дода, зимнан тазаккур дод, ки то 31 декабри соли 2016 дар қайди диспансерии наркологӣ 7067 нафар сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 - ум 3,4 дарсад ё  246 нафар коҳиш ёфтааст.  Аз теъдоди умумӣ 175 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд аз соли 2008 дар ҷумҳурӣ  раванди босуботи коҳиш ёфтани сатҳи гирифтории бемории нашъамандӣ ба назар расад ҳам, то кунун ин масъала боиси ташвиш ва  нигаронӣ боқӣ мондааст.
Дар ҳамоиш Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар дар соли 2017 баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2017    №: 37    Мутолиа карданд: 2003

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед