logo

иҷтимоиёт

РАСОНАҲО. БОЗНАШРИ МАТЛАБИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР АФҒОНИСТОНУ АВРУПО

Маҷаллаи бонуфузи «Лоҷвард», ки дар ҳавзаи матбуоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор аст, 14 феврали соли ҷорӣ мусоҳибаи Додоҷон Рӯзиев - хабарнигори «Ҷумҳурият» - ро бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳуруфи форсӣ баргардон ва бознашр намудааст. Ин маҷалла дар 34 вилояти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қобили дастрасӣ буда, мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, низомӣ ва муҳити зистро ба риштаи таҳлил мекашад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусоҳиба таҳти унвони «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Муассис ва тарроҳи он пешвои миллат аст» («Ҷумҳурият», №155. 2016) дастовардҳо ва дурнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор дошт. Сироҷиддин Аслов дар суҳбат гуфта буд, ки «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба маънои томаш зодаи даврони истиқлолият аст, ки муассису тарроҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Барқарории равобит бо ҷаҳони хориҷӣ ва шиносондани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлолият буд».
Вазири корҳои хориҷӣ дар идомаи суҳбат таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли истиқлолияти хеш тавонист, бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳала ба марҳала мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Имрӯз Тоҷикистон робитаҳои байналмилалии худро дар ҳавзаҳои мухталиф, ба монанди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ, Осиё, Ховари Миёна ва Аврупову Амрико бо пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои кушода» муваффақона пеш мебарад.
Масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон ва дурнамои ҳалли мушкилоти он низ дар суҳбат матраҳ гардида, таъкид шуд, ки робитаҳои судманди ду кишвар мисли арзишҳои муштараки мо шикастнопазиранд. - Дар марҳалаи ҳассоси имрӯза, бахусус фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла «Давлати исломӣ» дар Афғонистон ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳоямон амри зарурист. Мо нақши калидии кишвари ҳамсояро дар таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа пуштибонӣ мекунем. Вале, бояд донист, ки ояндаи ин кишвар дар дасти худи мардуми он аст, - гуфта буд вазири корҳои хориҷӣ.
Ин дар ҳолест, ки матлаби мавриди назар қаблан дар дар расонаҳои Аврупо, аз ҷумла сомонаи маҷаллаи «The European Times» низ бо забони англисӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Маҷалла бо шумораи беш аз 410 ҳазор адад чоп шуда, асосан ба аъзои Парлумони Иттиҳоди Аврупо, парлумонҳои кишварҳои Аврупо, палатаҳои савдову саноат, бузургтарин ширкатҳои ин қитъаи ҷаҳон, ҳамчунин муассисаҳои бонуфузи молиявӣ ва дигар доираҳои иқтисодию сармоягузорӣ дастрас мешавад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2017    №: 37    Мутолиа карданд: 1412

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед