logo

иҷтимоиёт

ҲУШДОР: ЭҲТИМОЛИ ФАРОМАДАНИ ТАРМА ЗИЁД АСТ

14 феврал кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар (минбаъд - КФҲ) дар километри 68 – уми шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак аз зери барф ронандаи мошин ва 4 мусофирро наҷот бахшиданд. Дар байни мусофирон зан ва кӯдак низ буданд. Ҳамчунин, боз як амалиёти наҷотдиҳии мусофирон аз ҷониби кормандони КҲФ бобарор анҷом ёфт. «Азбаски наҷотдиҳандагон дар дурии ҳамагӣ 1 километр аз ҷойи ҳодиса қарор доштанд, дар 15 дақиқа мусофиронро аз зери барф зиндаю саломат кашида бароварданд», - изҳор дошт Умеда Юсуфова, сардори маркази  матбуоти КҲФ.
Ронандагони ин мошинҳо, сарфи назар аз огоҳнамоии КҲФ аз хавфи яхбандӣ дар роҳҳо ва фаромадани тарма, бе омодагии зимистона ба сафар баромадаанд.
Агентии обуҳавошиносии кишвар дар бораи бад шудани вазъи обу ҳаво, боридани барфи зиёд ва вобаста ба гармшавии ҳаво ва эҳтимоли зиёди фаромадани тармаи тар хабар додааст. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, рӯзҳои 14 – 17 феврал дар ҷумҳурӣ, хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борону барфи пуршиддат борид ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт – марзи Қирғизистон, Кӯлоб – Хоруғ, Хоруғ – Рӯшон, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ, ғарами барф ва  фаромадани тармаро  ба вуҷуд овард.
 Дар робита КҲФ бори дигар аз шаҳрвандону меҳмонон, хусусан ронандагон, хоҳиш кардааст, ки ба қадри имкон аз сафар бо ин роҳҳо худдорӣ кунанд. Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракатро қатъан риоя ва мошинро бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз намоянд.
 Айни ҳол бо сабаби фаромадани тармаи зиёд Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ ҳаракати мошинҳоро дар роҳҳои Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим ва Хоруғ – Мурғоб манъ намудааст. Давоми шабонарӯзи охир, тибқи хабари намояндаи ин ситод, бо сабаби бориши зиёд ғафсии барф аз 30 то 50 сантиметрро ташкил дода, боиси тармафароиҳои пайдарпай гардидааст. 
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ низ дар робита ба вазъи ногувори метереологӣ ба ронандагон тавсия  додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошанд, ҳатман таҷҳизоти иловагии зиддилағжиширо бо худ  бигиранд ва безарурат ба минтақаҳои хавфноки кӯҳӣ сафар накунанд.
А. САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2017    №: 37    Мутолиа карданд: 1514

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед