logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

Директор ва сармуҳосиби ришвахӯр ба даст афтоданд
Дар пайи муроҷиати шаҳрвандон ба Прокуратураи генералӣ  директори муассисаи давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода Аҳмад Сафаров ва сармуҳосиби он Иброҳим Ҳасанов бо ҷурми ришваситонӣ аз волидони муҳассилини коллеҷ боздошт шуданд.
Дар ин бора сомонаи Прокуратураи генералӣ хабар дода, навиштааст, ки директори коллеҷи мазкур Аҳмад Сафаров ва сармуҳосиб Иброҳим Ҳасанов бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар вақти қабули ҳуҷҷатҳои довталабон бо волидони онҳо вохӯрда, шарт гузоштаанд, ки ба ғайр аз маблағи шартномавии муайяншуда, маблағи иловагӣ дар ҳаҷми аз 1000 то 1500 доллари ИМА супоранд.
Ду нафар донишҷӯе, ки волидонашон маблағи талабшударо пардохта натавонистанд, ба супурдани имтиҳонҳо роҳ наёфта, масъалаи хориҷ карданашон аз коллеҷ ба миён гузошта шудааст. Маҳз дар натиҷаи муроҷиати ҳамин волидон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ санҷиш гузаронда шуда, муайян гардидааст, ки 20 январи соли 2016 директори коллеҷ А. Сафаров  аз якеи онҳо 3500 сомонӣ ва 25 январи соли 2017 сармуҳосиб аз нафари дигар 8000 сомонӣ гирифтааст. Дар рафти чорабиниҳои гузарондашуда далелҳои шайъӣ - маблағҳои ба ҳайси пора гирифташуда аз утоқи кории директори коллеҷ Аҳмад Сафаров ёфта гирифта шуд. Дар натиҷа директор ва сармуҳосиб дастгир ва нисбат ба онҳо бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “б, в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Понздаҳ соли зиндон, дарсе барои дигарон
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Ф. Бобохонов ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ф. Бобохонов бо моддаҳои 1792 қисми 2 банди “б”   ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва маълум гардидааст, ки номбурда ҳангоми дар шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Русия қарор доштанаш, тавассути интернет бо ҳар гуна матлабҳои таблиғотии ташкилоти экстремистию террористии «Давлати исломӣ» шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Вай ҳамчун аъзои фаъоли  ин ташкилоти террористӣ аз ҳисоби маблағҳои худ 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳайати ин ташкилоти террористӣ ба Ҷумҳурии Сурияи Араб фиристодааст.

Мардумфиребон боздошт шуданд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чанд далели қаллобиро ошкор ва гумонбарони онро ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Бино ба иттилои сомонаи вазорат, дар асоси шикояти ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт воридгардида, маълум шудааст, ки марди 40 - солаи сокини ноҳияи Хуросон моҳи ноябри соли 2016 аз марди 32 - солаи сокини шаҳри Душанбе 190 ҳазор ва аз зани 24 - солаи сокини ноҳияи Хуросон 703 ҳазору 556 сомонӣ гирифта барнагардондааст.
Дар шаҳри Истаравшан низ кормандони милитсия ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 36-солаи сокини шаҳрро, ки қаблан бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба гумони даст доштан ба ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда  соли 2016 ба бовари марди 57-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, бозпас надодааст. Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 1633

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед