logo

фарҳанг

ГИЁҲДАРМОНӢ. МАНФИАТ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ ОН

Солҳои охир қисмати зиёди табибон ба чунин хулоса омада истодаанд, ки дар раванди табобат корҳои профилактикӣ аҳамияти муҳим доранд. Пешгирии бемориҳо, рафъи оқибатҳои он ва эҳёи маризон дар тибби муосир масъалаи муҳим ба шумор меравад. Ин масъалаҳоро наметавон танҳо бо истифода аз воситаҳои кимиётабобатӣ рафъ намуд. Онҳо дар аксари ҳолатҳо ба системаи худ муҳофизатии организм зарар низ мерасонанд. Дар ин ҳолат табибон ба беморон воситаҳои табиӣ ва гиёҳдармониро тавсия менамоянд. Муҳлати истифодабарии онҳо зиёдтар бошад ҳам, ба организм зарар намерасонанд.
Тибби мардумӣ, ки асосашро гиёҳдармонӣ ташкил медиҳад, дар ин самт пешсаф мебошад. Табиби тоҷик Муллозуҳур Тоҳирӣ, ки дар ин самт фаъ-олият менамояд, дар натиҷаи таҳқиқ ва таҷрибаҳои бисёрсолааш чандин дору ва методикаи табобатии худро таҳия намудааст. Раванди истифодаи ин доруҳоро табиб дар китоби «Нақшаи табобат ва профилактикаи саратон аз рӯйи методикаи доктор Тоҳирӣ» ба тафсил нигоштааст.
Китоби дигари муаллиф, ки ба рафъи безурётӣ бахшида шудааст, аз сабабҳои он ва таъсираш ба ҳолати рӯҳиву ҷисмонии шахс ҳикоят мекунад. Муаллиф дар баробари тавзеҳи бемориҳои ба безурётӣ оварда расонанда усулҳои табобати онҳоро низ баён медорад. Дар ин маврид низ табиб ба таҷрибаи табибони мардумӣ такя менамояд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 1589

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед