logo

иҷтимоиёт

БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ. УСУЛИ НАВИ ҶАМЪОВАРИИ МАЪЛУМОТ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Дар ҷумҳурӣ баъд аз даҳ соли барӯйхатгирӣ – соли 2020 маъракаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад.

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тайёрӣ ва гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» қабул гардид, ки дар он корҳои ташкилӣ, коркарди мавод, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба агентӣ ҷиҳати сари вақт ва дуруст гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ муваззаф  гардидаанд.
Гулнора Ҳасанзода, директори агентӣ, доир ба омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ иброз дошт, ки қабл аз баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 марҳилаи санҷишии он дар соли 2018 гузаронда мешавад. Бори нахуст раванди барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил бо усули нав, яъне тариқи интернет – пурсиш, планшет ва низоми иттилоотии ҷуғрофӣ сурат мегирад. Истифодаи чунин технологияи пешрафта нисбат ба усули анъанавии ҷамъоварии маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ (истифода аз саволномаи коғазӣ) имконият фароҳам меоварад, ки дастрасии маълумот шафоф, дақиқ ва саривақтӣ бошад ва хароҷот нисбатан кам гардад. Ин усул танҳо дар барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2018 ба кор бурда мешавад. Баъд аз ҷамъбасти маводи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ Агентии омор паҳлуҳои усулҳои ҷамъоварии маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро натиҷагирӣ карда, муайян месозад, ки дар барӯйхатгирии аҳолии соли 2020 аз кадом усул бештар истифода барад. Аллакай вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ шаҳри Нораки вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи  баргузории барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил интихоб гардид. Азбаски дар шаҳри Душанбе дастрасии аҳолӣ ба шабакаи интернет нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ афзалият дорад, барӯйхатгирии аҳолӣ тавассути интернет – пурсиш дар маҳаллаҳои 64 - уми ноҳияи Фирдавсӣ ва 91- уми ноҳияи Сино гузаронда мешавад. Чорабинии мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва грантҳои шарикони рушд амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими маълумот дар бораи аҳолӣ ба шумор рафта, барои таҳияи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ нақши калидӣ мегузорад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 1442

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед