logo

иҷтимоиёт

ОБ. БОЯД АЗ ФАРҲАНГИ НАВИ ИСТИФОДА КОР БИГИРЕМ

Яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мебошад. Дар ин кор саҳми мелиораторон хеле калон аст.

Кормандони Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб, сардораш Амирхон Маҳсидинов ва идораҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои минтақа кору фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, хусусан дар самтҳои таъмини самараноки оби полизӣ, ҷамъоварии маблағҳо, васли обченкунакҳо ва бартараф намудани сарфи аз меъёр зиёди об, соли 2016 - умро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст карданд. 
Дар минтақа ҳамаги 40 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки дорои 165  дастгоҳи оббарорӣ мебошанд. Идораҳои  беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои минтақа соли ҷорӣ бо истифодабарандагони оби полизӣ барои обёрии  60493 гектар шартнома бастаанд, ки ин 100 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Соли гузашта дар минтақа  ҳолати мелиоративии 2096 гектар замин аз ҷумла бо маблағҳои Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона майдони 1473 гектар замин беҳтар карда шуд.
Мутахассисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби идораи хоҷагии оби ноҳияҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкории доимӣ дошта, барои ташкил намудан ва равнақ додани фаъолияташон мусоидат мекунанд.
Ҳоло тақсимоти об назар ба солҳои пеш душвор гардидааст, зеро истифодабарандагони об ба тарзи нави кор одат накардаанд. Аз ин рӯ,  ба кормандону мутахассисони ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, хоҷагиҳои  деқонию инфиродӣ  ва ба истифодабарандагони дигари об тартибу низом ва фарҳанги  истифодаи оқилонаи оби полизиро дар мавсими обрасонӣ мунтазам фаҳмонда додан зарур аст.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 1431

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед