logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН. ҶАҲОН НАЗОКАТУ ЗЕБОИИ ОНРО ЭЪТИРОФ МЕКУНАД

Шароити  мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ, ҳунармандию косибӣ ва  истеҳсолот дар кишвар барои пешрафти бахшҳои муҳими ҳаёт ва  фатҳи бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби истеҳсолгарони ватанӣ  имконият фароҳам овардааст. Ширкатҳои ватании “Помир Ҷевелз”, “СОХСА - Озара”,  “Рухом“,  Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва бахши ҳунармандии Иттиҳодияи сайёҳии водии Зарафшон - “Армуғон”  рӯзҳои 10 – 14 феврал дар Намоишгоҳи байналмилалии «Ambiente-2017» Франкфурти лаби Майни Олмон иштирок карда,  маҳсулоти худро пешкаши харидорон намуданд.

Ба гуфтаи Мурод Саидзода, мушовири сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон, ҳамасола дар намоишгоҳи “Амбиенте” беш  аз 4700   ширкату ташкилоти  қариб   90 кишвар маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Тақрибан  145 ҳазор  меҳмон аз мамолики гуногун ба ин чорабинӣ меоянд. Имсол дар рафти намоиш  чорабиниҳо оид ба  равандҳои навтарини соҳаи саноат доир гашта, дастоварду навовариҳои соҳа ба маъраз гузошта шуданд.  Бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии Ҳукумати Швейтсария  дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон соҳибкорону ҳунармандони тоҷик дар ин намоишгоҳ иштирок намуданд. Ширкату  корхонаҳои Тоҷикистон соли сеюум аст, ки маҳсулоташонро дар чорабинии номбурда фаъолона ба намоиш гузошта,  шарикони нави ҳамкор пайдо мекунанд.  Таваҷҷуҳи доираи васеи соҳибкорону корхонаҳои бузурги дунё ба маҳсулоти Тоҷикистон афзудааст ва шумораи иштироккунандагон аз кишвар   дар  намоишгоҳ  аз ду корхонаи соли 2015 имсол   ба панҷ ширкат расид. Ҳангоми ифтитоҳи гӯшаи молҳои ватанӣ аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози чорабинӣ  серхаридории маҳсулоти он баръало мушоҳида мешуд.
Ба иттилои Габриэла  Бирде,  мушовири Маркази тиҷоратии байналмилалӣ, намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур омехтаи тарроҳии қадима бо муди ҳозиразамон, зардӯзӣ  бо нақшҳои миллӣ,  кифу аксессуарҳо аз пӯст,  маҳсулоти заргарии бо сангҳои нимақиматбаҳо ороёфта,  шонаҳои чӯбин,  молҳои дастбофти  пашмӣ  ва маҳсулоти дигари дастиро ба намоиш гузоштанд.
Намояндагони ширкатҳои ватанӣ изҳор доштанд, ки  зимни баргузории намоишгоҳ соҳибкорону истеҳсолгарони гуногуни хориҷӣ барои  роҳандозии фаъолияти муштарак ҷиҳати тавлиди молҳои баландсифат ва эҷоди  мудҳои нав ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Ҳамчунин, барои ба бозору фурӯшгоҳҳои гуногуни дунё баровардани маҳсулоти  нодири ҳунарҳои дастии тоҷик  муштариёни зиёд пайдо гардиданд. Шак нест, моли Тоҷикистон бо зебоиву назокат бозорҳои ҷаҳонро ба зудӣ фатҳ месозад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 1713

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед