logo

ҳуқуқ

ҚОЧОҚ. ИН ДАФЪА ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани молу маҳсулоти тариқи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин аз муомилот гирифтани молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии шаҳрвандон зараровар дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда тадбирҳои муассир меандешад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам соҳибкороне пайдо мешаванд, ки хилофи муқаррароти қонунгузории гумрукӣ амал намуда, бо роҳи қочоқ ба кишвар молу маҳсулот ворид мекунанд.
Ахиран аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки шаҳрванд Б.Ҷ. даст ба ҷиноят задааст. Номбурда ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт 20-уми январи соли равон ба воситаи автомашинаи тамғаи «ДАФ» аз шаҳри Толятии Федератсияи Русия зиёда аз 150 номгӯй қисмҳои эҳтиётии автомашинаи сабукрави тамғаи «ВАЗ» - ро бо роҳи қочоқ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст. Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ воситаи нақлиёти зикршуда ошкор ва санади дахлдор тартиб дода шуд.
Мувофиқи маълумоти ҶДММ «Султони Кабир» арзиши қисмҳои эҳтиётии вориднамудаи ин қочоқчӣ 1 миллиону 108 ҳазору 705 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдона ба давлат зарари калони моддӣ расонда шудааст. Дар асоси далелҳои зикршуда, Прокуратураи генералӣ нисбат ба Б.Ҷ. бо аломати моддаи 289 қисми 1 (қочоқ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 4644 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор  шудааст, ки 61 ададаш ҷиноят буда, аз он 30 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 4 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрукӣ марбут мебошанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 1732

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед