logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САЛОҲИДДИН РАББОНӢ

18 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар суҳбати самимию созанда муҳимтарин масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре таъкид гардид зиёда аз 80 санад пояҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро ташкил дода, робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, амнияту мудофиа, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, илму маориф ва фарҳанг дар сатҳу сифати барои ҷонибҳо манфиатбахш идома дода мешаванд.
Омодагию ҳавасмандии зиёд барои вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии бунёди роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли неруи барқ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо барои ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расондани ҳамкориҳо зарурати тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ва рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои сарҳадии ду давлатро таъкид намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин масъалаи таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва масъалаҳои вобаста ба ҳифзи сарҳади давлатӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 2225

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед