logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
Сарвари давлат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шуданд.
Дар ҷаласа ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2016 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2017 тарҳрезӣ ва мушаххас гардид.
Доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва дигарон шунида шуд.
 Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд.
Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ, пешгирии амалҳои ношоям дар ин самт, тақвияти муборизаи беамон бар зидди он ва таъмини амнияти иқтисодии давлат зарурияти таҳия ва андешидани чорабиниҳои иловагӣ талаб карда шуд.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба харидуфурӯши ғайриқонунии замин, суиистифода аз мансаб, риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон, иштироки онҳо дар низоъҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар муноқишаҳои давлати Сурия, узвияти ҷавонону наврасон дар созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ, таълиму тадриси ҷавонон дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ, фаъолияти ғайрирасмии масҷид ва дигар муассисаҳои динӣ, ҳолатҳои даст ба ҷиноят задани ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин сатҳи пасти корҳои тарбиявию тарғиботӣ дар ҷузъу томҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт вазифадор гардиданд.
Бо ёдоварӣ аз зуҳуроти амалҳои террористию экстремистӣ авзои зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, таҳаввулоту ҳодисаҳои минтақаҳои гуногуни олам ва афзоиши ҷиноятҳои муташаккил Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии доимӣ ва муқовимати шадид дар мубориза бар зидди ҳар гуна амалу ҳодисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир масъулони дахлдорро вазифадор намуданд.
Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.
Барои бартарафсозии камбудию норасоиҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, таъмини амнияти иншооти гуногун ва аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва пешгирию бартарафсозии оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои табиӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифадор карда шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 1787

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед