logo

фарҳанг

СИПАР. АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР МУҚОБИЛИ ҒОЯҲОИ ИФРОТӢ

«Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд», - омадааст дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар.

Барои амалисозии пешниҳодҳои Сарвари давлат тақвияту такмил бахшидани тарбияи ахлоқии ҷавонон ногузир аст. Зеро маҳз ҳамоне «бо дасту дили гарм» барои Ватанаш хидмат мекунад ва «шарафу номуси ватандориро» ҳифз менамояд, ки сиришти модарзодиаш аз меҳру муҳаббати он саршор бошад. Барои ин омӯзиши густурда ва илман асосноки фанҳои ҷамъиятӣ лозим аст ва ин, бегумон, ба мо – омӯзгорони фанни забону адабиёти тоҷик низ дахл дорад.
Имрӯзҳо омӯзишу таҳсилот дар муассисаҳои таълимии миёна ба ду гурӯҳи фанҳо асос ёфтаанд: фанҳое, ки бештар аз ҷанбаи моддии ҳаёти инсон баҳс мекунанд (фанҳои дақиқ ва табиӣ) ва фанҳои иҷтимоӣ, ки бо мафҳуми «гуманитарӣ» маъмуланду ҳоло дар илми муосир онҳоро илмҳои инсонӣ ҳам мегӯянд.
Гурӯҳи аввали фанҳо, ки зикрашон рафт, ҳастии ҷисмонӣ ва ҳаёти моддии инсонро бештар ба доираи баҳс кашида, барои пешрафти иқтисодии ҷомеа ва рушди техникаву технология таҳкурсӣ мегузоранд. Ҷомеаи башарӣ наметавонад бидуни омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ - физикӣ тараққӣ кунад. Аз ин рӯ, асосҳои ин илмҳоро дар мактаби миёна таълим медиҳем. Насли наврас бо фаро гирифтани асоси ин илмҳо пояҳои моддии зиндагиро устувор мекунад.
Саъдии Шерозӣ  хеле бамаврид мефармояд:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Аз ин байт рӯшан мешавад, ки одамият танҳо маҳсули адабу ахлоқ ва тинати покизаву гуфтори муаддабонаи ӯст. Либоси зебо, ки худ аз худ ифодакунандаи ҳаёти моддии шахс аст, наметавонад ба унвони ҳастии эҳтироми инсонӣ баромад кунад. Баҳри бештар ошно кардани хонандагон бо илми ба истилоҳ «инсонгароӣ» (гуманизм) фанҳои адабиёт, забон, санъат, зебоишиносӣ ва таърих мусоидат хоҳанд кард. Аз ин сабаб, ба ин ҷиҳати омӯзиш эътибори ҷиддитар додан, натиҷаҳои самарабхшро метавонад ба бор орад. Аз ҷумла, дар замони имрӯз, ки ҳар лаҳза неруҳои гуногуни геополитикӣ ва ифротӣ ба зеҳни сокинони сайёра таҳдид мекунад, вусъат бахшидани тарбияи фарҳангии ҷавонон зарур аст. Бахусус, ҳангоми омӯзондани осори аз ғояҳои инсондӯстӣ саршори классикон имкони бештар даст медиҳад, то насли наврасро аз бебунёдии ғояҳои тундравон огоҳ созем. Бино ба навиштаи адабиётшиноси бузург Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ: «Адабиёти классикии форсӣ - тоҷикӣ мағз то мағз маънавӣ, мазҳабӣ, ирфонӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ буда, қувваи азими таъсири он аз ҳамин сифатҳо ва аз матонати сухани волои устодони бузург сар задаст ва бегумон дар аксари мавридҳо пуртаъсир хоҳад омад».
Мо – омӯзгорони фанни забону адабиёт бештар аз ҳарвақта фаъолтар бошем. Фарҳанги бою рангини ниёгонро на ҳамчун воситаи таълим, балки ҳамчун сипари боэътимод алорағми ғояҳои пучу сӯзанда истифода барем ва аҳамияти осори тарбиявии онҳоро ба падару модарон низ дар мавридҳои сазовор талқин созем, зеро ба гуфтаи мутафаккир Ч. Диккенс: «Одаме, ки ба такмили дигарон мусоидат намекунад, худ низ такмил намеёбад».
Мунира НАБОТОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ № 3 - и ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1572

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед