logo

иқтисод

ХАДАМОТ. АЗ ТАЪМИНИ СИФАТ ТО БЕХАТАРИИ ХӮРОКА

Давоми ду соли охир мутахассисони соҳаи байторӣ  фаъолиятро аз болои ташхису санҷиши сифати маҳсулоти воридотии хӯрокӣ, махсусан, сифати маҳсулоти гӯшту тухм аз хориҷи кишвар пурзӯр ба роҳ монданд. Дар натиҷа  аз соли 2015 то инҷониб воридоти маҳсулоти  хавфноку бесифат - равғани думба ва чарбуи даруни чорво ба қаламрави кишвар пурра манъ карда шуд. Мутахассисони  соҳа бо мақсади роҳ надодан ба фурӯши  маҳсулоти пастсифат маҳсулоти ватанӣ гӯшт ва тухмро дар бозорҳои истеъмолии кишвар мунтазам аз ташхис мегузаронанд.
Соли равон воридоти  маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон имкони хуби истеҳсоли он мавҷуд аст, аз ҷумла гӯшти гов  4892 тонна, почаки мурғ  13097 тонна, ҳасиби мурғ 1315 тонна, қимаи гӯшти мурғ   1979 тонна, маҳсулоти ширӣ   1075 тонна,  қаймоқ  478 тонна, маргарин  384 тонна, моҳии яхкардашуда   783 тонна, кунҷораи лӯбиёӣ   7648 тонна ва кунҷораи  офтобпараст 280 тонна  кам   гардидааст.  Пас,  истеъмолгарон бо маҳсулоти  дохилии бехавфу босифати   гӯшт ва  маҳсулоти гӯштӣ таъминанд?   Дар ҷавоб ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият»   Тоҷибек Норов, муовини сардори   хадамот, чунин гуфт:                                                                                                                                
- Бояд гуфт, ки таъмини сифат ва бехавфии хӯрока барои истеъмолгарон  яке аз самтҳои муҳими фаъолияти хадамот  маҳсуб меёбад.  Соли гузашта  мутахассисони  соҳа ҳангоми ташхиси байторию санитарӣ дар бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ    95578  кг маҳсулоти гӯштӣ,  7890 кг маҳсулоти ширӣ, 124722 кг меваю сабзавот, 18036 дона тухм,  403 кг равғани рустанӣ, 34170  кг полизӣ, 1670 кг меваи хушк ва 85,7 кг асалро   ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздоштанд. Оид ба иҷрои корҳои инспексионии байторӣ  барои   фурӯши  гӯшт ва маҳсулоти  гӯштии пастсифат   дар асоси  санад    аз 2069  нафар ба маблағи  252850  сомонӣ ҷарима ситонда шуд.   Аз ҷониби  масъулони  хадамот  ба Прокуратура, ба хоҷагиҳо ва ҷамоатҳо, ба раисони шаҳру ноҳияҳо мактуб  ирсол  гардида, ҳамзамон   2903 нафар соҳибкор  огоҳӣ  гирифтанд. 
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати эпизоотии ҷумҳурӣ, сари вақт муайян кардани бемориҳои чорво ва таъмини шаҳрвандон бо маводҳои  истеъмолии босифат мутахассисони Маркази миллии ташхиси байторӣ дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянеро анҷом доданд. Марказ ҳангоми гузарондани ташхиси бактериологӣ ва вирусологӣ  гирифторшавии 742 сар чорвои калон  ва 2165 сар чорвои майдаро  ба  бемории брутселлёз  ва гирифторшавии  чорвои калону майдаро  ба бемориҳои сиёҳбод, салмонеллёз, ҳорӣ, пастереллёз ва  исқоти ҳамли хламидиро муайян намуданд. 
Айни замон бо дастгирии лоиҳаи  «Афзоиши рақобатпазирии Комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Иттиҳоди Аврупо» шуъбаи кимиёи заҳринагии ММТБ,  марказҳои ташхиси байтории вилоятҳои Суғду Хатлон ва МТБ-и байиноҳиявии Исфара бо риояи талаботҳои байналмилалӣ аз таъмир бароварда шуданд. Дар доираи татбиқи лоиҳа баҳри  муҷаҳҳазсозии ин марказҳо  480 ҳазор евро равона гардидааст.
Иронбӣ  МӮСОЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1602

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед