logo

фарҳанг

ЗАБОНИ МОДАРӢ. ЭҲТИРОМ БА ОН ЭҲТИРОМ БА ИМРӮЗУ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Бо қарори Конференсияи генералии ЮНЕСКО аз 17 ноябри соли 1999 - ум 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардида, ҳамасола ҳамчун рӯзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва мусоидат ба рангорангии бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангии забонҳои рӯйи олам бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ба ҳодисаи  21 феврали соли 1952 дар шаҳри Даккаи Бангладеш рухдода мансуб аст. Дар ин рӯз панҷ нафар донишҷӯён - иштирокчиёни намоиши эътирозӣ барои ҳимояи забони модарии худ аз тири кормандони мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расиданд. Он вақт ин кишвар дар тобеияти Покистон буд.
Забон воситаи ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ ба шумор меравад. Рушди забони модарӣ ба дарку фаҳмиши анъанаҳои фарҳангии рӯи олам шароит фароҳам меорад. Албатта, ҷаҳонишавӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ беасар намемонад. Рушди ҷаҳони муосир, агар аз як ҷиҳат заминаҳои мусоидеро барои ташаккули гурӯҳе аз забонҳои рӯйи олам муҳайё созад, пас, дар навбати худ, ба гурӯҳи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, мутахассисон бар он андешаанд, ки агар аз имрӯз ҷиҳати устуворӣ ва пойдории зиёда аз шаш ҳазору ҳафтсад забони дар муоширатбудаи рӯйи олам чораҳо андешида нашавад, пас то охири садаи равон ба қисме аз забонҳои дар муоширатбуда хатари нестшавӣ таҳдид мекунад.
Алҳол зиёда аз 43 дарсади (2465) забонҳои рӯйи оламро хатари маҳвшавӣ таҳдид дорад. Давлатҳои абарқудрате, ки дар онҳо асосан маҳви забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ба мушоҳида мерасанд Ҳиндустон (197 забон), ИМА (191), Бразилия (190), Хитой (144), Индонезия ва Мексика (143) мебошанд.  
Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО танҳо дар давоми ҳаёти се насли одамӣ 200 забон маҳв шудааст. Хатари маҳвшавии забонҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад.
Таърих сабабҳои аз байн рафтани забонро дар натиҷаи офатҳои табиӣ, вабои умумӣ, ҷангу қатлу куштори оммавӣ ва бо сабабҳои демографӣ афзоиш наёфтану ҷисман ба ҳалокат расидани гурӯҳи муайяни соҳибзабононро дар ёд дорад. Ҳолатҳои зиёде, ки соҳибзабонон ҳамчун забони муошират барои ҳамгироӣ бо замону ҷомеа дигар забонҳоро интихоб менамоянд, забони хонаводагиро забони модарӣ нею забони бартаридошта ва ё забони расмиро «забони модарӣ»  қарор додаанд, бисёр ба мушоҳида мерасанд.
Албатта, барои нигоҳдошти асолати забони модарӣ ва бақои умри ҷовидонии забон соҳибзабононро зарур аст, ки мутолиаву муошират, махсусан забони муоширати хонаводагиро ба забони модарӣ ба роҳ монанд. Устуворӣ ва бақои умри забони модарӣ ба муошират ва муносибати ҷамъиятҳои этникӣ ба забони модарӣ, муҳайё сохтани шароитҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, ки ба рушди бисёрзабонӣ ва эҳтиром ба забонҳои хурд ва ё ақаллиятҳои миллӣ мусоидат менамояд, алоқамандӣ дорад.
Дар сархати охирини моддаи 2 - юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд». Дар Тоҷикистон барои миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, барои омӯзиши забони модариашон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Дар 63 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 4797 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки асосан намояндагони ақаллиятҳои миллӣ - русу ӯзбекҳо ва қирғизу туркманҳо мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифаи ҷалби шаҳрвандони ҳамаи миллатҳоро дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта, забони модарии ақаллиятҳои миллӣ ва мероси фарҳангии халқҳои дар ҳудуди кишвар истиқоматкунандаро ҳимоя ва ҳифз менамояд. Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи арҷгузорӣ ба забони модарӣ, эҳтиром ба забони ақаллиятҳои миллӣ, ҳимояи забонҳо аз хатарҳои ҷаҳонишавӣ, таҷлил мегардад.
Раҷабалӣ САНГОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1541

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед