logo

иҷтимоиёт

ШИКАСТНОПАЗИРӢ АЗ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛИСТ

Тарғибу дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, эҳёи анъана ва фарҳанги миллӣ, гиромидошти таъриху тамаддуни тоҷикон, ҷалби ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Деваштич мавриди гуфтугӯи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтанд.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияву иттифоқҳои гуногун ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ - ҳамчун неруи асосии Шӯрои ҷамъиятӣ бояд дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок намоянд».
Маҳз ҳамин даъвати Сарвари давлат неруҳои солиму созандаи ҷомеаи шаҳрвандиро дар ноҳияи Деваштич бори дигар сари мизи гуфтушунид ҷамъ овард. Иштирокчиён дар партави сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ёрию дастгирии ниёзмандон, эҳтироми муқаддасоту рукнҳои давлатдорӣ, муқовимат алайҳи коррупсияву дигар кирдорҳои ба ҷамъият зараровар, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниро авлавияти кори худ донистанд.
Дар ҷаласа ҳисоботи солонаи раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода пешниҳод гардида, дар умум аз корҳои анҷомдода изҳори қаноат карда шуд. Пас аз баррасӣ ва мулоҳизарониҳо, аз ҷониби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати густариши фаъолияти боз ҳам назарраси шӯро ва мутобиқ намудани он ба талаботи замони муосир таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд. Аз ҳозирин даъват ба амал омад, ки ҷиҳати тарғиби густурдаи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифз ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар фаъол бошанд. Зеро танҳо фазои сулҳу субот имкон медиҳад, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, рӯзгори хушу осуда ҳамчунон таъмину бегазанд бошад.
Сарвар САИДОВ,  ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1279

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед