logo

фарҳанг

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ. ФАРЗАНДИ ВАҲДАТОИН

Шаҳомату қудрат, пирӯзиву нусрат ва муқовимати хастанопазири фарзандони  ваҳдатоини миллати тоҷик дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ мактаби омӯзанда аст. Авроқи зардшудаи корномаи онҳо мурури замон ба бойгониҳои ватаниву хориҷӣ кӯчида, пажӯҳандагони таърих ҳаққонияти сафеду сиёҳро бозгӯ мекунанд. Бар мабнои ин афкор, фарзандони баору номуси Ватан - Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур  дар бунёди давлатдории тоҷикон хидмати босазо анҷом додаанд.
Нусратулло Махсум зодаи деҳаи Чашмаи Кизии ноҳияи Рашт (1 июли соли 1881) бо обу нони деҳқони камбағал ба воя расида, се сол муҳассили мадрасаи маҳаллӣ буд. Овони ҷавонӣ бо тақозои тангдастӣ озими шаҳрҳои Қӯқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон шуда, тӯли ҳашт сол дар фабрикаю корхонаҳои саноатӣ ба сифати ҳаммол ва коргари одӣ заҳмат кашидааст. Мусофират, боздид бо одамони гуногунандеш, такопӯ ба шинохти асли хеш дидагони ҷавонро ба дарки ҳақиқати зиндагӣ кушод.
Нусратулло Махсум пас аз инқилоби халқӣ-демократӣ ва сарнагуншавии амири Бухоро, соли 1920,  бо муборизони таҳкими ҳокимияти шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ саҳмгузор буд. Баъдтар, ӯ дар ин бора навиштааст: «Дар шахсияти ВКП (б) ҳомии манфиатҳои оммаи заҳматкаш, оммаи тамоми ҷаҳон, аз ҷумла мазлумони Шарқро дида, соли 1920 қарор додам, ки бо чандин кафолат-тавсиянома (узви Раёсати комиссияи диктаторӣ Олимҷон Акчурин, Зариф Абдуллоев ва ғайра) ба он аъзо шавам ва то ҳоли ҳозир, яъне 25 январи соли 1926, дар он шомилам».
Ҷавонмарди чилсола соли 1921 дар кумитаи озуқаи ҶХС-и Бухоро ваколатдор таъйин шуда, ба қисмҳои Артиши Сурх ёрии иқтисодӣ расонда, дар торумори ҳаракати босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе  саҳм гузоштааст. Нусратулло Махсум нахустин тоҷике буд, ки дар мақомоти олии давлатӣ аз раисии Кумитаи инқилобии Ғарм то раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон расидааст.
Таърихнигор А. Брискин дар асараш «Кишвари тоҷикон» ба муқовимати ҳизбиён алайҳи босмачигарӣ дар қисмати Бухорои Шарқӣ ва барпо кардану таҳкимбахшии ҳокимияти шӯравӣ дахл намуда, навиштааст: «Аз фаъолияти коммунистони тоҷик дар ин солҳо ҳарф зада, хидмати бузурги Нусратулло Махсумро махсус зикр менамоям. Деҳқони заҳматкаш дар шахси раиси КИМ-и худ намояндаи нурбахши ҳокимияти воқеан ҳам халқӣ, ҳокимияти шӯравиро дорад…».
Нусратулло Махсум дар замони носозгор ва лаҳзаҳои душвор аз кеши ваҳдат дурӣ наҷуста, пуштибоне ба ҳифозати арзишҳои миллӣ ва марзу буми ниёгон бархоста, дар татбиқи тадбирҳои барои ояндаи миллат созгор саҳми бориз гузоштааст.
Хидмати барҷастаи Нусратулло Махсум муроҷиати хаттии ӯ ба доҳии вақт ва ҳимоя аз манфиатҳои миллии тоҷикон буд. Ҳамин як нома дар мақомоти олии қонунгузории Кремл мавриди баррасӣ қарор гирифт. Соҳиби нома орзу дошт, ки тоҷикон аз ҳамон сулҳу ваҳдате сухан бигӯянд, ки имрӯз мо ноил гаштаем. 
Дар машварати аввали иҷлосияи КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон ҷойнишини раиси Кумитаи инқилобӣ, узви Шӯрои ҳарбии инқилобии корпуси тирандозии 13-ум Б. В. Толпиго чунин гуфт: «Ба мо рафиқон, лозим аст, ки раиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ - кадхудои ҳамаи тоҷиконро интихоб намоем… Бояд рафиқе интихоб карда шавад, ки ӯ Тоҷикистонро ва Тоҷикистон ӯро бидонад, табақаҳои васеи аҳолӣ бидуни шак ба ӯ бовар ва эҳтиром дошта бошанд. Ман хато намекунам, агар бигӯям, ки чунин инсон Нусратулло Махсум буда метавонад».
Даъвати Нусратулло Махсум дар бозгашти фирориёни тоҷик нақши калидӣ бозидааст. Вай ҷамъи муҳоҷирони тарки Ватанкардаро ба мулки аҷдодӣ хондааст. Он шабу рӯзҳои фоҷиабор фирориёни дар ҷустуҷӯ қарордошта аз тарси ҷон ба макони зисти доимиашон омада наметавонистанд. Бо иқдом ва шуҷоати ваҳдатсози сиёсатмадори тоҷик Нусратулло Махсум қонуни авф қабул шуда, паноҳҷӯён ба дидори аҳли таборашон расиданд.
Ҳаводиси таърих гоҳе ба сари озодихоҳон тӯфони бераҳмиву ҷаҳолатро фурӯ мерезад. Шамоли тунди «душмангароӣ» ҷониби Нусратулло Махсум ҳам вазидааст. Дар машварати навбатии Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) 5-уми декабри соли 1933 мавқеи шахшудаи ҳукумати тоҷикон бобати фориғболии кишоварзони осудаҳол ба давраи коллективонӣ ғалат маънидод гардид. Дар ҳамин ҳол ваҳдатгароён аз ошӯбҳои сиёсии даврони ҷоҳилият кам саломат раҳидаанд. Дар симои давлатдори мумтоз Нусратулло Махсум дарахти ғарқи гулу меваеро аз боғи навбунёди миллати мо табар заданд. Бо супориши маъмурони махсуси мақомоти қудратӣ узви ҷонфидои ҳизб Нусратулло  Махсум дар Маскав ба ҳабс гирифта шуда, бо иттиҳоми омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ 31-уми октябри соли 1937 ба ӯ ҳукми қатлро раво диданд. Моҳи декабри соли 1957 Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ қарори Прокуратураи генералии ИҶШС-ро аз нав дида баромада, боиси дар амалиёти Нусратулло Махсум таркибан ҷой надоштани ҷиноят ҳукми сохтаро бекор намуд.
Дар маросими пардакушоӣ аз рӯи нимпайкараи арбоби давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Хизмат ва кӯшишу ҷонбозиҳои ҳамин гуна фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти миллати тоҷик буд, ки имрӯз давлати мо соҳибистиқлол гаштааст».    
Ба ҷуз баҳои Пешвои миллат ба қаҳрамони мо ҷойизаи сазовортаре нест.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, нависанда 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1582

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед