logo

иҷтимоиёт

АҚЛГАРОӢ АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ

«Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» санади муҳими барномавӣ буда, дар он самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маорифу илм, зиёиён, созмонҳои ҷамъиятиву ҷавонон, кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид гардидааст. Ва дар он ҳамчун хати сурх масъалаҳои ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи шахс, баланд бардоштани нақши маориф дар пешгирии ифротгароию тундгароӣ байни ҷавонону наврасон, аз ҷумла таълими асосҳои дин, ҷалби худи ҷавонони фаъол ба пешгирии ифротгароӣ, истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори умум ба назар мерасад, ки мавҷудияти андешаи миллии муттаҳидкунанда ва ақлгароӣ шарти муҳими ҳифзи ваҳдату ягонагии мардум, бақои давлатдории навин ва пешгирии ғояҳову амалҳои тундраву ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Дар баробари истифода бурдан аз ҳуҷҷатҳои тақдирсози сиёсӣ ва арзишҳои волои миллӣ, мо бояд аз арзишҳои динию мазҳабии халқамон дар ин кор пайваста истифода барем. Бояд зикр кард, ки маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдеро дар чорчӯбаи ислом нигоҳ дошта, қаламрави нуфузи онро васеъ намуд.
Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе равияҳо ва гурӯҳҳои тундрави диние пайдо шудаанд, ки бемазҳабиро асоси ваҳдати исломӣ меҳисобанд. Баръакс, гуфтугӯи мазҳабҳо дар чаҳорчӯбаи тамаддуни умумиисломӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои халқҳо ва давлатҳои исломӣ ҳамчун асоси ҳифзи хусусиятҳои фарҳангӣ ва тамаддуни миллатҳои исломӣ зарурати ҳаёт ва роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти мазкур аст. Таваҷҷуҳи мо ба ин мазҳаб ба хотири он аст, ки ба воситаи он ҳамчун падидаи фарҳангии ақлгароӣ ва худшиносии миллӣ самти дуруст бахшида, таҳаммулпазирии диниро нисбат ба ҳувияти фарҳангии халқҳои Тоҷикистони азизамон асоси стратегияи ваҳдати миллӣ қарор диҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ барҳақ таъкид кардаанд: «…Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад… Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбори худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».
Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар ин дунёи пурошӯб ва ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулияти бузурги фарзандию шаҳрвандӣ баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани биҳиштосоямон аз таҳти дил кору меҳнати самимию бобаракат карда, дар таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, асолату ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию динӣ саҳми арзанда дошта бошем. Корҳои тарғиботию ташвиқотиро тарзе ба роҳ монем, ки ҳар як ҷавон ба фаъолияти худ аз рӯйи ақлу фаҳмиш баҳо диҳад. То бошад, ки иддае аз ҷавонони фиребхӯрдаю роҳгумгардида дигар ба мулкҳои хуношом нарафта, дар ватани худ аз пайи кору фаъолияти созанда шаванд. Ба ин васила дар шукуфоии имрӯзу фардои кишвар якҷоя саҳм бигирем.
Абдулҳай  ҚАЛАНДАР, омӯзгори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1484

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед