logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. ҲОЛИ ТАБОҲИ РОҲҲОИ МОШИНГАРД

Роҳҳои мошингарди дохили шаҳри Кӯлоб то рафт рӯ ба вайронию харобӣ меоваранд. Ғайри роҳҳои ду – се маҳалла дар маркази шаҳр, дигар роҳи ободу ҳамворро дидан муҳол аст. 

Валангории роҳи мошингарди маҳаллаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев бинандаю ронандаро дар ҳайрат мемонад.  Агар аз як чуқурии он мошини худро гурезонӣ, ҳатман дар дигараш мезанӣ. Ин роҳ аз аввал то охир чунин ҳоли ногувор дорад. Роҳи мошингузари назди раёсати Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб низ як манзараи басо ҳузнангезро дар назар мемонад. Масоҳати ин роҳи вайрона  то назди маркази алоқаи шаҳр ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб тӯл кашидааст.
-  Ҳақиқатан, рафтуомад дар роҳҳои дохилишаҳрӣ бениҳоят мушкил шудааст. Ҳар замон мошинҳо дар чуқурӣ мезананд. Пӯшида нест, ки валангории роҳ таъсири манфии худро ба нақлиёт расонда, зуд таҷҳизоти мошинро корношоям мекунад, - тазаккур дод А. Амиров, ронанда.
Роҳи назди бозори ба номи Исмоили Сомонии шаҳр, бо вуҷуди аҳамияти байналмилалӣ доштанаш, дар чашм як сангоби беобро мемонад. Ҷойи ободӣ надорад. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза садҳо нафар тавассути ин роҳ ба самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтуо мекунанд. Яъне, гузаргоҳи меҳмонони дохилию хориҷист. Мутаассифона, мутасаддиён хунукназарию саҳлангориро пеша карда, лоақал ин роҳро таъмири ҷорӣ намекунанд. Гӯё роҳи мазкур соҳиб надошта бошад. Зимни нишасти хабарӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабарнигорон масъалаи аз таваҷҷуҳ дур мондану таъмири ҷорӣ нашудани роҳҳоро дар миён гузоштанд. Раиси шаҳр Хайрулло Амонулло дар посух гуфт: «Соли гузашта 66,1 километр роҳҳои автомобилгард аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо кумаки аҳолӣ ва соҳибкорон 3 километр роҳҳои маҳаллаҳо ва деҳоти шаҳр таъмир гардиданд. Барои таъмиру барқароркунии роҳҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр 440 ҳазор сомонӣ равона гардид. Дар марҳилаи дуюми соли 2017 бояд 7,2 километр роҳҳои шаҳр таъмири асосӣ шаванд».
Қариб дар ҳамаи навоҳии музофоти Кӯлоб кормандони муассисоти нигоҳдории роҳҳо бо либосҳои махсус, белҳо дар даст, мудом ба роҳҳои мошингард баромада, пайи иҷрои вазифаи хеш мешаванд. Таассуф, ки чунин амал дар муассисаҳои масъули шаҳри Кӯлоб дида намешавад. Бо давом ёфтани ин бемасъулиятӣ ҳоли роҳҳои шаҳр дар оянда чӣ мешуда бошад?
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1434

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед