logo

иқтисод

3050 ГЕКТАР ЗАМИН. НИГАРОНИИ РАИСИ ВМКБ АЗ ҶАРАЁНИ АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲОИ НАВ

Ҷараёни  иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ баён доштанд,  таҳти назорати   пайвастаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  қарор  дорад. Шодихон  Ҷамшед, раиси  вилоят, дар  машварати  васеъ доир  ба  рафти  амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Сарвари давлат аз фаъолияти Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба татбиқи барномаи азхудкунии заминҳои нав ва бо об таъмин кардани заминҳои навкорам бо мақсади аз худ кардани 3050 гектар замин изҳори  нигаронӣ  кард. Раиси вилоят изҳор намуд, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ  ба  ин  масъала  таваҷҷуҳи  махсус  зоҳир шуда,  масъулон вазифадор  гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 - 2020» тадбирҳои зарурӣ  андешанд.  Таъкид  гардид, ки баъди ҷудо намудани  заминҳо барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва бунёди корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ дар ВМКБ низ як  миқдор  заминҳо аз гардиши кишоварзӣ  баромаданд. Даҳҳо гектар  замин  бо  дигар  сабабҳо аз  кишт берун мондаанд, ки  дар шароити камзаминии  вилоят амали  нобахшиданист.
Раиси вилоят иттилоъ дод, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди  минтақа  ва  беҳсозии сатҳи  некуаҳволии  сокинон пайваста  чораҷӯйӣ  менамоянд. Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки обу замин ва ҳар сол аз худ кардани 200 гектар заминҳои нав аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиму саривақтиест, ки роҳбарияти  кишвар  аз   сохторҳои  марбута  тақозо  дорад. Ноҳияи Шуғнон барои ба  барномаи мазкур ворид намудани азхудсозии 400 гектар замини бекорхобида лоиҳа пешниҳод намудааст, вале тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар ноҳия барои шодоб кардан ин миқдор замин вуҷуд надорад. Як сол  пеш дар мавзеи Дашти Сижди ҳамин ноҳия қариб 60 гектар замин бо баровардани канал ба масофаи 3  км мавриди истифода қарор гирифт. Вале маълум шуд, ки ин замин камҳосил буда, ба коркарди иловагӣ  ва хароҷот ниёз  дорад. 
Дар ноҳияи Ишкошим айни ҳол зиёда аз 200 гектар замин аз ҷиҳати  нарасидани  қувваи корӣ кишт намешавад. Ҳол он ки барои шодобкунии ин заминҳо маблағи зиёд масраф гардидааст.
Сардорони идораву муассисаҳои масъул ҷиҳати андешидани тадбирҳои амалӣ бобати дар давоми соли 2017 ҳатман азхуд намудани камаш 200 гектар заминҳои бекорхобида, ки омили  муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат маҳсуб меёбад, дастуру супоришҳои  мушаххас гирифтанд. 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1588

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед