logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. МАКТАБИ КАМОЛОТИ ҶАВОНМАРДӢ

Қисми низомии тирандозии хушкигарди Н., воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, аз нигоҳи омодагии ҷангӣ, ширкат дар машқҳои гуногуни ҳарбӣ, чорабиниҳои ҷамъиятӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат ва хизмати ҳарбӣ фаъолияти намунавӣ касб кардааст.

Зарифҷон Одинаев, муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ, бо қаноатмандӣ аз ҷараёни хизмати сарбозону афсарон ҳарф зада, гуфт, ки ҳайати шахсӣ барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани малакаи ҷангии сарбозон, иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, вазири мудофиаи мамлакат тадбирҳои мушаххас андешидааст.
- Маҳз роҳандозии шаклу усулҳои муосири кор бо ҳайати шахсӣ аст, ки аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо қисми ҳарбии мо пешсаф мебошад,- мегӯяд Зарифҷон Одинаев.  - Ҷавонони даъвати имсола, ки аксарашон бо амри дил, яъне ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ омадаанд, ҳушёру зираканд, вазифаашонро хуб медонанд. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву сиёсии онҳо роҳбарияти қисми ҳарбӣ бо ҷалби коршиносону ҳуқуқдонҳо мунтазам машғулиятҳои судманд доир менамояд.
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар ин қисми ҳарбӣ бо адибони шинохтаи вилоят, олимон, собиқадорони ҷангу меҳнат ба ҳукми анъана даромада, аз ин сарбозон таассуроти нек мебардоранд. Инчунин, дар ихтиёри афсарону сарбозон синфи компютерӣ, китобхонаи дорои 1000 адад адабиёти сиёсиву бадеӣ, нашрияҳои даврӣ  қарор дошта, аз онҳо самаранок истифода мебаранд.  Тибқи реҷаи муқарраршуда дар клуби қисми ҳарбӣ ба сарбозон филмҳои мустанад ва ҳунарӣ намоиш дода мешаванд, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии онҳо нақши муассир мебозанд. Афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ низ фаъолона ширкат варзида, дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд. Соли 2016 дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Вазорати мудофиа, аз рӯи ҳамаи намудҳо ғолиб омада, дар машқҳои ҳарбии «Хати ҷангии Уфуқ-2016», расми гузашти ҷумҳуриявию вилоятӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.  
- Хушбахтона, дар ҷараёни хизмат ҷавонон нафақат обутоби ҷисмонӣ, ҳамзамон рӯҳан ташаккул ёфта, бо дарки моҳияти хизмати содиқона ба Ватан, фаҳмиши амиқи чи будани маънии адои қарзи шаҳрвандӣ ба шаҳру навоҳии худ бармегарданд,- таъкид мекунад Раънохон Неъматова, афсари равоншинос. 
Дар ин қисми ҳарбӣ сарбозон аз ҳамаи гӯшаву канори кишвар адои хизмат менамоянд. Раҳимзодаи Бурҳониддин аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 1,5 сол мешавад, ки дар ҳамин қисм бо сари баланд хизмат мекунад. - Чи будани мактаби мардонагиро маҳз дар ҳамин ҷо омӯхтам, мегӯяд ӯ. Ҳамидулло Асадзода, оиладор, соҳиби як фарзанд буда, аз шаҳри Исфара ихтиёрӣ  ба хизмати ҳарбӣ  омадааст.  - Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бароям шараф ва мактаби одамгарӣ, ҳамдилӣ ва дӯстиву рафоқат аст,- мегӯяд ҳамсуҳбатамон. Ҳайдар Ҳикматёри ишкошимӣ аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки ба шарофати хизмати ҳарбӣ ба вилояти Суғд омада, дӯстони зиёде пайдо кардааст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2017    №: 40    Мутолиа карданд: 1448

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед