logo

иҷтимоиёт

АМРИ ДИЛ. ХИДМАТ БА ВАТАНРО ҶАВОНОН ҲАМИН ТАВР МЕПАЗИРАНД

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол муқаддам бе ягон заминаи моддӣ-техникӣ таъсис ёфта бошад ҳам, дар фосилаи кӯтоҳи таърих ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки бо нигоҳи дурбинонаи худ ин шохаи муҳими давлатро ба як неруи пуриқтидор табдил диҳанд.
Дар гузашта биноҳои комиссариатҳои ҳарбии бархе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон куҳнаву ба талаботи замон ҷавобгӯ набуданд. Хушбахтона, бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат танҳо дар вилояти Хатлон барои комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Хуросон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Темурмалик биноҳои нави маъмурӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ҳамин ҳол, қарор аст, ба муносибати 24 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бинои навсохту хуштарҳи комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш мавриди истифода қарор гирад.
Агар солҳои пеш барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ душвориҳои зиёд дар миён буд, ҳоло, хушбахтона, худи онҳо баробари ба синни даъват расидан, бо амри дил, ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир мешаванд. Як тадбири тарбиявие, ки ҳоло дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст, барои шиносоӣ ба қисмҳои низомӣ бурдани хонандагон аст.
Баҳри дар дили хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, бовар кардан ба қувваи тавонои Артиши миллӣ ва пайдо гардидани майлу рағбат ба касби низомӣ онҳо ба қисмҳои ҳарбӣ даъват шуда, бо аслиҳаю техникаи ҳарбии ҳозиразамон ва шароити зисту хизмати сарбозон аз наздик шинос мегарданд. Гузашта аз ин, дар худи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷалби мутахассисон фанни омодагии аввалияи ҳарбӣ таълим дода мешавад.
Марзу буми Ватанро ҳимоя кардан, баҳри хидматаш омода будан маънои барои муҳофизати падару модар, зану фарзанд ва хонаи худ тайёр буданро дорад. Ҳимояи Ватан набояд сухани хушку холӣ бошад, балки дар амал нишон дода шавад. Барои ин насли наврас ва ҷавононро мебояд аз ҷиҳати ҷисмонию равонӣ неруманду тавоно бошанд. Баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ  пайваста саъю талош намоянд, зеро такягоҳи Артиши миллӣ, ки ҳимояи марзу буми кишварро дар ихтиёр дорад, маҳз чунин ҷавонони бонангу номус буда метавонанд.

Қурбоналӣ РАҲМАТОВ,
муовини аввали Комиссари ҳарбии
вилояти Хатлон, полковник


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2017    №: 40    Мутолиа карданд: 1409

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед