logo

сиёсат

БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ "ПОЙТАХТ"

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии «Пойтахт» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар марказ коргоҳи дӯзандагӣ, толори маҷлису чорабиниҳои фарҳангӣ, бинои наву муосири таълимӣ ва таълимгоҳи радиотехникии идоракунии сарҳадро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти таълимию бозомӯзии сарҳадбонони мамлакат аз наздик шинос шуданд.
Маркази таълимии «Пойтахт» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, аз қабили минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шудаанд ва барои идома додани хизмат ба қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ сафарбар гардидаанд.
Бинои таълимӣ, таълимгоҳи радиотехникӣ, толори маҷлису чорабиниҳои фарҳангӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака, омодагии ҳарбӣ, рӯҳияи сарбозӣ ва ҳисси худшиносию ватанпарастии муҳофизони сарҳад бунёд гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти таълимию хизмати марзбонӣ таъмин мебошанд.
Бинои таълимӣ ва толори маҷлис бо 500 ҷои нишаст аз ҷониби ҶДММ «Сарманзил - 2014» ба маблағи умумии 2 800 000 сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмону васлкунии таълимгоҳи муосири радиотехникии идоракунии сарҳадро ҶДММ «Мурод - 2010» ба сомон расондааст. Коргоҳи дӯзандагӣ низ дар муҳлати кӯтоҳ бунёд ва бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили мошинаҳои дӯзандагӣ ва дастгоҳи пахтазанӣ таъмин карда шудааст.
Бинои таълимии навбунёд аз бист толори бозомӯзию такмили маҳорати низомӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосиру электронии ҳарбӣ-таълимӣ таъмин мебошад. Дар таълимгоҳи навбунёд аз рӯи 18 ихтисос кадрҳои низомии ҷавон омода гардида, ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва он барои бевосита гузарондани машқҳои таълимии низомӣ ва бозомӯзӣ бо истифода аз амалиётҳои электронӣ ниҳоят мувофиқ аст. Бартарияти таълимгоҳи навбунёд дар он мебошад, ки машқҳои таълимии низомӣ ва таҷрибаҳои бозомӯзӣ бо истифода аз техникаю муҳимоти ҷангии электронӣ гузаронда шуда, аз ин баъд хароҷот ва масрафи зиёдатии яроқу дигар лавозимоти низомиро ҳангоми машқҳо ба маротиб коҳиш медиҳад.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи фаъолияти ин гуна таълимгоҳҳои низомӣ, ки дар минтақа бемисл аст, баҳои баланд дода, барои такмилу тақвияти маҳорату малакаи хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар гардондани шароиту имкониятҳои хизмати марзбонӣ ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин гуна марказҳои таълимӣ ба роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар бинои таълимии радиотехникии идоракунии сарҳад ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии сарҳадбонон дар самти ташкил ва гузарондани амалиёти ошкору дастгирсозӣ ва безарар гардондани гурӯҳи қочоқбарон ва марзшиканон пешкаш гардонда шуд.
Барои гузарондани чунин намоишҳо дар ин таълимгоҳ нақшаи яке аз минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон сохта шуда, барои гузарондани он ҳайати шахсӣ ва техникаю сагҳои хизматии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷалб гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти маркази таълимии «Пойтахт» дар толори навбунёди «Кохи Шараф» бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакат вохӯрӣ намуданд. Дар вохӯрӣ аз ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ бори дигар даъват ба амал оварда шуд, ки ба Ватан хизмати содиқонаю софдилона карда, дар ҳифзи дастоварду музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми муносиб гузоранд.
Дар маҷмӯъ тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марз аз тадбирҳои муҳим ва асосие мебошанд, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нави маркази таълимии «Пойтахт» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки маҳз дар доираи талабот ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2017    №: 40    Мутолиа карданд: 1637

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед