logo

иҷтимоиёт

БО АМРИ ВИҶДОН...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки тамоми саъю кӯшиши аҳли ҷомеа бояд баҳри ободии Ватан равона шаванд.
Дар иртибот ба ин ҳидоятҳои Сарвари давлат, фарзандони баору номуси ноҳияи Балҷувон чун дигар сокинони кишвар дар ин амри хайр саҳми худро мегузоранд. Тайи солҳои охир дар ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат гирифтаанд ва шаҳраку деҳот сол ба сол ободу зеботар мегарданд.

Яке аз нафароне, ки бо амалҳои неки худ дар ноҳия соҳибэҳтиром гардидааст, соҳибкори муваффақ Замирҷон Сангов мебошад. Аз ҷумла, соли 2012 бо саъю кӯшиши ӯ дар маркази ноҳия майдони замонавии футбол, сохта шуд.
- Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Аз ин лиҳоз, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ онҳо аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар бахӯрдоранд. Мақсад аз бунёди майдони футбол ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад, - иброз медорад Замирҷон Сангов.
Дар баробари ин, соли 2013 бо дастгирии ӯ китоби «Шоирони Балҷувон» ба табъ расид, ки аз шахси фарҳангӣ буданаш дарак медиҳад. Солҳои 2014 – 2015 бошад, ин ҷавони хайрандеш роҳраву гулгаштҳо ва панҷараҳои Беморхонаи марказии ноҳияро таҷдиду азнавсозӣ кард, ки манзараҳои дилнишину зеборо пеши чашм меоранд.
Бояд гуфт, ки ҳар сол баҳорон сатҳи оби рӯди Талхак баланд шуда, ба деҳоти гирду атроф зарари ҷиддӣ мерасонад. Замирҷон Сангов баҳри рафъи ин мушкилот шитофт ва соли гузашта бо ибтикори ӯ сарбанди дарё тармиму таъмир гардид.
Ашхоси хайрхоҳ ҳамеша дар пайи ободианд ва пайваста кӯшиш мекунанд, ки дар назди Ватан қарзи инсонии худро адо намоянд. Бешубҳа,  қаҳрамони мо – Замирҷон Сангов аз зумраи ҳамин гуна шахсон аст.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1535

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед