logo

иҷтимоиёт

НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ БА ТАДРИҶ АЗ БАЙН МЕРАВАД

Мутобиқи талаботи моддаҳои 14 ва 15 - и  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо бастани ақди никоҳ бо хешутаборони наз-дик манъ  карда шудааст. Таҳти мафҳуми никоҳи хешутаборӣ никоҳи хешовандони наздик, аз қабили фарзандони бародару хоҳар, амак ва бародарзода, тағо ва ҷиян, холаву хоҳарзода, амма ва ҷиян дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, дар ҷумҳурии мо барои издивоҷкунандагон пеш аз никоҳ гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ мебошад.
Бино ба гуфтаи Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баъди ҳатмӣ шудани муоинаи тиббӣ 36 ҳазор арӯсу домодшаванда қабл аз издивоҷ аз ташхис гузаштанд. Миёни ташхисшудаҳо нафарони зиёде пайдо шуданд, ки  гирифтори бемориҳои гепатити В ва С, сил ва мубталои бемории оташак буданд. Дар натиҷа, никоҳи онҳо муваққатан боз дошта шуда, беморон барои табобат фиристода шуданд. Барои муоинаи тиббии онҳо аз тарафи давлат 16 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.
Тибқи иттилои Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 - ум 308 никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шуд.
Ба гуфтаи Шералӣ Раҳматуллоев “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо як гурӯҳи махсуси мутахассисон дар чанд ноҳияи вилояти Суғд таҳқиқоти муфассал анҷом додааст. Санҷишҳо нишон доданд, ки 80 дарсади кӯдакони маъюб аз хонаводаҳое мебошанд, ки робитаи хешутабории наздик доранд. Агар даҳ сол пеш дар навоҳии вилояти Хатлон ва водиҳои Рашту Ҳисор никоҳи хешутаборӣ бештар ба назар расад, ҳоло баръакс, рӯ ба коҳиш ниҳодааст”.
Мутобиқи талаботи моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст”. Мувофиқи ин модда, табибон низ ҳуқуқ надоранд, ки маълумоти дар бораи саломатии издивоҷкунандагон бадастомадаро ба ҷониби дигар ифшо созанд. Гузарондани муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳаллӣ ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳкунанда анҷом дода мешавад. Мувофиқи моддаҳои 28 – 31 – и  Кодекси оила, агар яке аз никоҳкунандагон ба бемории генетикӣ ва ё вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният мубтало будани худро пинҳон дорад, шахси дигар метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани  никоҳро талаб намояд.
Ин ҳама иқдомҳо ба ҳифзи сиҳатии ҷавонон ва солим нигоҳ доштани генофонди миллат равона карда шудаанд. Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ин амал бетарафиро пеша накунанд, - мегӯяд Шералӣ Раҳматуллоев.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1584

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед