logo

иқтисод

“ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ”. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» торафт фаъолиятро дар истеҳсолоти кишоварзӣ густариш дода, шумори мизоҷонашро меафзояд, ки инро ҳаҷми маблағи шартномаҳои баста муайян месозад. Агар соли 2015 корхона ҳамагӣ ба маблағи 676 ҳазор сомонӣ шартнома баста бошад, пас дар соли гузашта ин маблағ 6 миллиону 78 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонии   ноҳияи Фархор кори комбайнҳои наву куҳнаро дар як қитъаи ғаллазор санҷиданд. Аз 1 гектар комбайни нав 28 сентнер ҳосил бардошту комбайни куҳна 18 сентнер. Ба натиҷаи санҷиш механизатори комбайни куҳна ризо нашуд. Ҷойи кори агрегатҳоро иваз намуданд. Боз комбайни нав аз 1 гектар 29 сентнер ҳосил ғундошту комбайни куҳна 18,5 сентнер. Кишоварзон фарқияти калони техникаи навро бо чашми худ диданд.  Маълум шуд, ки маҳсулнокии комбайни нав чанд баробар зиёд будааст. Чунончи, агар бо комбайни куҳна дар як басти корӣ 4 – 5 гектар дарав карда шавад, комбайни нав метавонад ҳосили 10 – 12 гектарро ғундорад.
Аммо дар ҷумҳурӣ пурра нав кардани техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ дар ду – се соли наздик имконнопазир аст. Аз рӯйи ҳисоби коршиносон барои нав кардани парки трактору мошинолот бештар аз 4 миллиард сомонӣ лозим аст.
Ҳоло дар хоҷагиҳои шакли моликияташон гуногун 26102 трактор мавҷуд аст, ки 2247-тоаш шудгоркунанда буда, 63 дарсадаш коршоям мебошад. Испорҳо, нармкунакҳо, ядакҳо, тухмипошакҳо ва олотҳои дигар низ дар ҳамин ҳол қарор доранд.
Новобаста ба мушкилоти пешовардаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, Ҳукумати кишвар соли гузашта ба КВДҶ «Тоҷикагролизинг» барои хариди техника ва таҷҳизот 15 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Корхона аз ҳисоби маблағҳои амалиёти лизингӣ, подоштҳо, марказҳои хизматрасонии техникӣ барои хариди техникаю таҷҳизоти нав 21 миллиону 936 ҳазор сомонӣ сарф кард.
– Мо дар соли гузашта тавонистем, ки ҳамкориро бо корхонаҳои ватанӣ тавсеа дода, марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳоро бо техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ мукаммал гардонем, - мегӯяд Юсуф Акрамзода, директори корхона. – Баробари ҷоннок гардондани фаъолияти корхонаҳои ватанӣ: «Коргоҳи мошинсозӣ», «Авторем», «Новселмаш», «ТоҷИрон»,  ҳамзамон барои интиқоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, бо дилерҳои корхонаҳои истеҳсолкунанда: “Мадад”, “Мадади Турсунзода”, “Агротехсервис”, Ширкати кишоварзи  фанни Мозандарон, заводҳои комбайнсозии “Ростселмаш” ва “Гомселмаш”, корхонаи тракторсозии Минск шартномаҳои ба ду ҷониб манфиатовар имзо намудем.
Корхона имкон дорад дар мавсими шудгору кишти ғалла ва дигар зироатҳо дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ хизматрасонии техникиро нисбат ба механизаторони инфиродӣ 20 дарсад арзон иҷро намояд. Ҳамчунин, дар  маъракаҳои шудгору кишти  баҳорӣ дархостҳои хоҷагидоронро босифат ва саривақт анҷом диҳад.
Ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, ворид намудани техникаю таҷҳизоти муосир ва бисёрсоҳаи кишоварзӣ ва ҷудо кардани маблағҳои буҷетӣ  хуб эҳсос мешавад. Озод  намудани воридоти техника ва таҷҳизоти нав аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ба корхона имкон дод, ки техникаю таҷҳизотро нисбатан бо нархи арзон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тариқи иҷораи молиявӣ диҳад. Соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  комбайнҳои ғалладарави «Нива - Эффект», «Палессе GS812», 32 трактори  МТЗ 82-1 дастрас карда шуд, ки дар натиҷа маъракаи дарав хеле барвақт ба анҷом расида, хирмани кишоварзон бобаракат гашт.
Бо мақсади пурра таъмин намудани талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ корхона мақсад дорад, ки мошинҳои муосири пахтачинӣ, таҷҳизоти кишти пиёз ва кандани он, тухмипошакҳои зироатҳои ғалладона ва мошинҳои сарчинсозиро ба корхонаҳои ватанӣ фармоиш диҳад. Зеро яке аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ҷумҳуриро аз аграрӣ - саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ табдил додан аст. Корхона мекӯшад, ки дар заминаи механикунонии соҳаи кишоварзӣ тадбирҳо андешида, марҳила ба марҳила роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро ҷустуҷӯ намояд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1640

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед