logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. САҲМИ БОНУВОНИ СОҲИБКОР ДАР РУШДУ ИНКИШОФ

Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Нилоб» ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод коргоҳи дӯзандагии «Бонуи Тоҷикобод» ба фаъолият пардохт. Алҳол мураббияҳо ба 10 нафар духтарони чевар нозукиҳои касбро меомӯзонанд. Бо гранти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 20000 сомонӣ мошинҳои дарздӯзӣ ва ҷиҳоз харидорӣ карда шуд.
Мақсади лоиҳаи грантӣ эҳё намудани ҳунари дӯхтани сарулибоси миллӣ ва қадима, ҳамчунин бо ҷои кор фаро гирифтани занони бешуғл мебошад.
Тавре дар суҳбат бо мо соҳибкор Дилбар Назриева иттилоъ дод, ташкилоти ҷамъиятии «Нилоб» соли 2009 бо маблағгузории Хазинаи Оғохон дар минтақаи Рашт ташкил шуда, мақсади он рушди соҳибкорӣ,  паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Тӯли фаъолияти хеш ташкилот якчанд лоиҳа ва барномаҳоро дар самтҳои мухталиф роҳандозӣ намудааст. Соли 2016  ба воситаи созмони ҷамъиятии «Фидокор», ки роҳбараш Дилбар Халилова мебошад, ташкилоти ҷамъиятии «Нилоб» ба созмони байналмилалии «Занон» 10 лоиҳа пешниҳод намуд, ки аз он 6 - тоаш аз ҷонибии дафтари корҳои хориҷии Норвегия  дастгирӣ ёфт. Аз ҷумла, дар деҳаҳои ноҳия корхонаҳои хурди мурғпарварӣ, қаннодӣ, фермаҳои хурди говҳои ширдеҳ, бузпарварӣ,  ташкил шуда, ҳоло  фаъолият намуда истодаанд.
Бо  дастгирии мақомоти иҷрои-яи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории ташкилоти «Нилоб» дар маркази ноҳия нуқтаи хизматрасонии «Кошонаи ҳусн» ба фаъолият пардохт. Мақсади ифтитоҳи кошона низ ороиши занону духтарон ва ҷиҳати   истифодаи муваққатӣ ба мизоҷон пешкаш намудани  сарулибоси арӯсӣ ва ҷиҳози дигар мебошад. Ин иқдом дар шароити деҳот хеле саривақтӣ  буда, мардумро аз хароҷоти зиёдатӣ нигоҳ медорад, зеро дигар барои харидории сарулибоси арӯсӣ сарфи зиёдатӣ накарда, онро барои як ё якчанд рӯз метавонанд  иҷора бигиранд.
Дар назар аст, ки бо дастгирии филиали Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Тоҷикобод дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Нилоб»  курси омӯзиши ороиши рӯй ва мӯй бо фарогирии бонувони ҳунарманди панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия кушода шавад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1361

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед