logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ИҚДОМЕ БАРОИ ИБРАТ

Бо мақсади истиқболи шоистаи 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гурӯҳи вижаи “Корвони маърифат”, ки аз шоирону нависандагон, ҳаҷвнигорону ҳунармандон, сарояндагону навозандагон ва табибон иборат аст, таъсис ёфт. 
Вазифаи ҳайат аз он иборат аст, ки ҳафтае як маротиба ба яке аз ноҳияҳо сафар карда, дар мавзӯъҳои сиёсию иҷтимоӣ суҳбатҳо ороста, зимнан, хотири мардумро бо барномаҳои рангин шод карда, ба ниёзмандон табобати ройгони тиббӣ расонанд.
Сафари гурӯҳи “Корвони маърифат” аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз гардида, дар навоҳии Хуросон, Ёвон ва Бохтар идома ёфт. Ба ҳамин минвол, дар деҳаҳои “Заргар” ва “17-ум партсъезд” бо истифода аз поликлиникаи сайёр ба эҳтиёҷмандон хидмати ройгони тиббӣ расонда,  дар Ҷамоати шаҳраки “Бохтариён” барои толибилмон озмуни “Падару модарам – ифтихорам”, дар Ҷамоати шаҳраки “Бӯстонқалъа” озмунҳои “Оилаи ман – бахти накуи ман” ва миёни бонувон “Кадбонуи беҳтарин”, дар деҳаи Мирзо Турсунзода миёни наврасону ҷавонон бозиҳои мухталифи варзишӣ, дар Ҷамоати деҳоти “Заргар” намоишномаҳои омоданамудаи санъаткорони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа, дар Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” маҳфили “Ширу шакар” гузаронда шуд.    
Зимни суҳбат бо чанде аз сокинони ноҳия эҳсос гардид, ки “Корвони маърифат” ба онҳо писанд омадааст.
Истиқоматкунандаи ноҳия Бахтиёр Ҳакимов иброз дошт, ки аз ҳунарнамоии аҳли санъати вилоят имрӯз мо – сокинони ноҳияи Бохтар ҳаловати маънавии зиёд гирифтем. Ҳамаи ин аз шарофати сиёсати халқпарваронаи Сардори давлат аст, - афзуд Бахтиёр Ҳакимов.
- Ман ба наздикӣ бемор шуда будам, - мегӯяд модари се фарзанд Ҷавҳар Нурхонзода. - Дар фикри он будам, ки онҳоро дар назди касе гузошта, барои табобат ба марказ равам. Ташаккур ба роҳбарияти соҳаи тандурустии вилоят, ки худ ба назди мо омаданд.
Ба андешаи омӯзгор Ҳасан Ғуломов, мардуми коргар, бахусус деҳқонону чорводорон, бинобар ташвиши зиёди рӯзгор фурсат намеёбанд, ки ба театру консерт раванд.
- Имрӯз ҳама хоҳишҳои онҳо амалӣ шуд. Сокинони ноҳия дер боз чунин шодии сартосариро дар ёд надоштанд. Биноан, аз дастандаркорон сипосгузорем! - изофа кард вай.
Мавриди зикр аст, ки зимни ин чорабиниҳо дар марказҳои маъмурии ноҳияҳо вохӯрии роҳбари гурӯҳ – муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода бо сокинон барпо мегардад. Мавсуф дар баробари ҳидояти мардум ба ободкорию созандагӣ, ба пирони рӯзгордида ва ҷавонони фаъол туҳфаҳои молӣ тақдим мекунад.  
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1481

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед