logo

иқтисод

ПАХТА. ЧАРО АЗ УСУЛҲОИ МУОСИР ИСТИФОДА НАБАРЕМ?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси  Олии ҷумҳурӣ ба роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳо ва иҷоракорон, дастур доданд, ки  “… вобаста  ба  шароити  иқлим  ва  имкониятҳои  истеҳсолии ҳар  як  минтақаи  мамлакат ҷиҳати  мунтазам  зиёд  намудани  масоҳати  заминҳои кишти  пахта, баланд  бардоштани ҳосилнокӣ  ва  ба  ин  васила  зиёд  кардани  ҳаҷми  истеҳсоли  он, инчунин беҳтар  намудани  ҳавасмандии  кишоварзон  ба  афзун  гардондани  истеҳсоли  пахта  ва  бо  ашёи хом  таъмин  намудани  корхонаҳои  саноати  сабук  тадбирҳои  иловагӣ  андешанд”.   

Барои  тараққиёти  минбаъдаи  иқтисодии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соҳаи  пахтапарварӣ  мақоми  махсус дорад. Аҳамияти  стратегии  пахта дар он аст,  ки бояд амнияти саноати ҷумҳуриро таъмин  созад. Аз ин рӯ, кишт ва парвариши пахта дар ҷумҳурӣ волоияти худро гум накарда, зарурат ба истеҳсоли маҳсулоти он рӯз то рӯз меафзояд. Ҳукумати кишвар инро ба хубӣ эҳсос намуда, оид ба корҳои селексионии навъбарории марбут ба пахта ва вусъати фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор қарорҳои дахлдор ба тасвиб расондааст. 
Агар кишоварзон бо талаботе, ки пешравии саноати сабук, бахусус бофандагӣ, таъмин гардад, фаъолият намоянд ва саноатчиён фабрикаву корхонаҳои либосдӯзиро мутобиқ ба  стандартҳои ҷаҳонӣ омода созанд, аз  кишту парвариши пахта  даромадҳои назаррас  ба даст меояд.
Аввалан, тамоми шабакаҳои пахтапарварӣ дар деҳот ба кор даромада, ҷойҳои кории зиёде таъсис ёфтаву коргарон бо тахассусҳои гуногун ба кор ҷалб мешаванд.
Дуюм, саноати сабук дар шакли корхонаю фабрикаҳои нассоҷиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, равғанкашӣ ва амсоли онҳо вусъат ёфта, мардум бо ҷойи кор таъмин  мешаванд. Аз рӯйи таҳлилҳо, як пахтакор дар шабакаи саноатӣ ҳафт ҷойи кор  таъсис  медиҳад.
Рӯёндани ҳосили баланди пахта ба омилҳое  вобаста аст, ки на танҳо хусусияти объективӣ, балки субъективӣ низ доранд ва ин омилҳоро  дар тамоми технологияи агрономии парвариши пахта эҳсос мекунем.
Аввал, ба ҳама маълум, ки ҳосили фаровон аз тухмии навъҳои пахтаи серҳосил вобастагӣ дорад, яъне тухмии навъҳое, ки мутобиқи шароит ва захираҳои табиии мо ба вуҷуд оварда шуда бошад.
Дуюм, технологияи парвариши пахтаро ба дастоварду комёбиҳои ҷаҳонӣ ва техникаву технологияи он мутобиқ кардан зарур аст. Яъне, ҳар як  зинаи нашъунамои пахта, кишти тухмӣ, сабзондани он, шоху панҷа задан, ҳосил бастан, нигоҳ доштани ҳосил ва амсоли онҳо бояд сари вақт, мутобиқ ба хусусиятҳои физиологии ниҳоли пахта  таъмин карда шаванд.
Барои таъмини рушду нумӯи физиологии ниҳоли пахта ҳар як тадбири агротехникӣ, назири коркарди асосии хок, ҷӯяккашӣ, кишти тухмӣ, обёрӣ, нуриандозӣ ва ғайра бояд сари вақт ва босифат гузаронда шавад. Замин аз нуриҳои маъданӣ бояд ба таври кофӣ баҳравар бошад. Соли 2016, тибқи маълумот, нуриҳои маъдании таъсирбахш 3 -  4 маротиба кам андохта шудаанд, ки дар натиҷа ғӯза то 1,5 грамм вазни худро аз даст додааст.
Пахта зироатест ба нуриҳои маъданӣ серталаб ва давраи  ғизогириаш дароз. Барои ҳамин ҳам, дар системаи ба кор бурдани нуриҳои минералӣ дар пахтазор дуруст муайян кардани меъёри солона аҳамияти якуминдараҷа дорад. Мувофиқи таҳқиқоти олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ба ҳисоби миёна вобаста ба намуд ва ҳосилхезии хок сарфи ғизоҳои азотӣ ба ҳар сентнер пахта 5 - 6 кг, фосфорӣ 3,5 - 4,0 кг, калийгӣ 2,5 - 3,0 кг-ро ташкил медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз, хоҷагиҳои пахтакор метавонанд вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ҳосилноки пахтаро 2 - 3 маротиба баланд бардоранд.
Мубориза ба муқобили касаливу зараррасонҳо ҳоло ба масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст ва талафи нисфи ҳосили пахта аз он сар мезанад. Яъне, татбиқи тадбирҳои кимиёӣ ва биологии мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо дар пахтапарварӣ дар сатҳи бояду шояд қарор надорад.
Аз маълумоти фаврӣ бармеояд, ки трактору мошинолоти кишоварзии  хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ҷамъиятӣ ва шаклҳои дигари моликият имкон доранд, ки тамоми корҳои зарурии тайёрӣ ба кишти пахтаро дар зарфи 8 - 10 рӯз анҷом диҳанд. Бо ҷорӣ кардани тартибот тракторҳои шудгоркунандаро шабурӯз ва тухмпошакҳоро дар рӯзҳои бебориш кор  фармудан ба мақсад мувофиқ мебошад. Қитъаҳои калонро, ки хокаш яктаркиба нест, ба порчаҳои алоҳида тақсим намуда, интихобан ба кишт бояд тайёр кард.
Усули пеш аз кишт тайёр кардани замин бояд эҷодкорона истифода шавад. Хоки қисми зиёди заминҳои пеш аз кишт шудгоршуда ковок аст. Дар сурати чандон сахт нашудани хок замин бояд пеш аз кишт фақат ду бор сихмола, агар хок сахт бошад, замин пеш аз кишт на чандон чуқур диск, сихмола ё чизел шавад. Деҳқонон бояд донанд, ки замини алафзеркардаро дар вақти шудгори асосӣ, агар бо қабати ғафси хок чаппа шуда бошад, аз нав шудгор кардан ва чизел намудан ҳаргиз мумкин нест, зеро дар ин ҳолат решаҳо аз нав рост шуда, заминро алаф бештар пахш мекунад. Пеш аз кишт заминҳои обиро тахт намудан лозим аст, ки ба саросар сабзидани пунба, беҳтар шудани сифати обмонӣ ва кори байни қаторҳо мусоидат намояд.

Амалия исбот кардааст, ки барвақт ва саросар сабзидани чигит на фақат ба сифати кишт, тайёр кардани замин, балки ба сифати чигити тухмӣ ва омода намудани он ба кишт вобаста аст.

Луччаксозии чигити пахта бо усулҳои механикӣ ва кимиёӣ, аз қабати болои чигит (пунбадона) тоза кардани тибитҳои кӯтоҳест, ки баъди аз пумба ҷудо намудани нахҳо боқӣ мемонанд. Тухмӣ бояд ба тарзи мутамарказ бо заҳрҳои кимиёии «Бронотак» ва «Витавакс» заҳролуд карда, ба халтаҳои коғазини чорқабата ҷой дода, ба хоҷагиҳои пахтакор тақсим шавад.
Мутахассисон бояд нешзанӣ, қувваи сабзиш, патнокӣ, осеби механикӣ (шикастан), намнокӣ, пуррагии тухмӣ (вазни 1000 дона) ва тозагии навъро ба назар гиранд. Аз рӯйи нешзанӣ тухмии пахта ба се синф ҷудо мешавад. Нешзании синфи I  95%, синфи II 90% ва синфи III 85% мебошад. Ҳангоми кишт бояд мошинолоти зерин истифода шаванд: трактор, тухмипошак, қисмҳои пеши нармкунанда ва ғизодиҳандаи КРХ-4 бо асбобҳои нурипошӣ. Дар маҳалҳое, ки баробари кишт ба замин гербисид пошида мешавад, ба агрегат асбоби ПГС-2,4 А-ро низ васл кардан ҷоиз аст.
Меъёри кишти чигит аз рӯйи хусусиятҳои навъи пахта, якхелагӣ, ҳаҷм (вазни 1000 дона), усул ва муҳлати кишт, инчунин, шароити хок муқаррар мешавад. Солҳои  охир аз тарафи селексионерони кишвар навъҳои «Гулистон», «Меҳргон», «Ҳисор», «Суғдиён - 2», «Сорбон», «Назирӣ», «Ориёӣ», «Ирам-1 МН», «Зарафшон», «Хуҷанд - 67», «Ҳулбук», «Дӯстӣ - ИЗ», «Шарора - 1020», «9326 - В», «750-В», «Авесто» ва ғайра пешниҳод шудаанд. Ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ бояд як - ду навъи пахтаи ба истеҳсолот тавсияшударо кишт кунад. Зеро кишт кардани  навъи бисёр ба он оварда мерасонад, ки навъҳо аз ҷиҳати гетерогенӣ хусусияти биологии худро гум карда, камҳосил мешаванд.
Мувофиқи хусусияти морфо - биологӣ муҳлати оптималии кишти пунба ҳангоми 14 – 16 дараҷа будани гармии ҳаво ва 10°С будани ҳарорати хок дар қабати 10 см мусоид аст. Дар асоси таҷрибаи олимон ва мутахассисони кишоварзӣ муҳлати оптималии кишти пунбадона  дар минтақаҳои гуногун чунин аст: дар вилояти Хатлон аз 25 март то 20 апрел ва дар вилояти Суғду ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 5 апрел то 25 апрел.
Яксара неш задани чигити патдор ҳангоми кишти қатории байни ҷӯякаш 60 см дар як метри тӯлонӣ 35 - 40 дона меафтад ва сарфи он 80 – 100 кг/га, дар  кишти дақиқ (тоқа-тоқа) дар ҳар чуқурча 1 - 2 дона чигити тухмии луччак афтида, сарфи тухмӣ 25 – 30 кг/га-ро ташкил медиҳад. Чунин миқдори чигит қобилият дорад, ки сафолаки хокро шикаста, ба рӯйи замин барояд. Барои ин истифодаи тухмипошакҳои СТХ - 4А, СТХ - 4Б якҷоя бо агрегати ПТХ - 4, ки дорои олоти гербисидпошӣ аст, тавсия мешавад. Агар кишт дар муҳлати мусоид гузаронда шавад, пунбаро дар чуқурии 3 см ва дар хоки сабук  4 см зери хок кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Баъди бориши зиёд замини киштшуда сафолак мебандад. Сафолак на танҳо ба сабзиши пунба халал мерасонад, балки чигити нешзадаро нобуд месозад. Бинобар ин, сафолакро фавран, баъди як - ду рӯз  бо хокнармкунак ё ситорачаҳои ротатсионӣ дар чуқурии 4 - 5 см шикастан даркор аст.
Ҳангоми кишт нуриҳои фосфорӣ ва калийдор бо он мақсад истифода мешаванд, ки қабати шудгоршудаи замин ҳосилхез гардад, яъне пунбаи нешзада ба ҳадди оптималӣ аз ин нуриҳо баҳра гирад. Миқдори нурии фосфорӣ аз рӯйи харитаи фосфорнокии хок барои гурӯҳи 1 - ум 250 – 300 кг/га, гурӯҳи дуюм 150 - 200 кг/га ва гурӯҳи сеюм 150 - 160 кг/га муқаррар шудааст. Нурии калийдор ҳам ба миқдори 150 - 160 кг/га заруранд ва ба хокҳои аз чиҳати ҳосилнокӣ ба гурӯҳҳои якум ва дуюм мансуб пошида мешавад. Нурӣ аз сатҳи хок дар чуқурии 12 - 15 см аз паҳлуи қатори кишти чигит дар чуқурии 5 - 7 см андохта шавад, беҳтар аст. Дар ҳар гектар меъёри фосфор 40 - 60 кг ва нитроген 10-12 кг (маводи таъсирбахш) мебошад.
Ғизодиҳии пахтазорро бояд ба таври диффересионалӣ  гузаронда, меъёри солонаи нуриҳои минералӣ риоя шавад. Миқдори солонаи нуриҳо барои рӯёндани ҳосили баланди (30-35 с/га)   пахтаи миёнанах чунин аст: нитроген, аз 150 - 250 кг/га, фосфор 120 - 140 кг/га, калий 60 кг/га;   барои пахтаи маҳиннах: нитроген 220 - 250 кг/га, фосфор 140 - 150 кг/га, калий на кам аз 60 - 80 кг/га.
Таҷриба собит кардааст, ки агар дар баробари кишти пунба ҷӯякҳо низ кашида шаванд, дар байни қаторҳо барои сабзиши чигит шароити беҳтар муҳайё мегардад. Чунки дар ин сурат реҷаи гармӣ дар хок беҳтар мешавад. Дар ноҳияҳои водии Ҳисор, ки дар давраи кишт боронҳои сел меборанд, чунин усули кишт барои пешгирии таъсири баъди борон ба киштаҳо мусоидат мекунад. Кишоварзон  бояд ба он муваффақ шаванд, ки кишти пунбаро дар зарфи 8 - 10 рӯзи корӣ ба дараҷаи баланди агротехникӣ анҷом диҳанд.

Дар пахтакорӣ таъмини пурраи миқдори буттаҳо яке аз омилҳои асосии рӯёндани ҳосили баланд маҳсуб меёбад. Баъди саросар неш задани ниҳолҳо бояд ба ягона шурӯъ намуд. Миқдори ниҳол дар як гектар заминҳои ботлоқӣ ва оби зеризаминиаш баланд бояд 80 – 85 ҳазор, хокаш вазнину шӯр 85 – 90 ҳазор, дар хокҳои сабук 100 – 110 ҳазор ва дар санглох 120 – 130 ҳазор бошад.
Барои нашъунамои хуби пахта коркарди байни қаторҳо (култиватсия), чобуқи дастӣ, нест кардани алафҳои бегона ва ғизодиҳиро сари вақт анҷом додан зарур аст. Ба пахтазор дар мавсим 4 – 7 маротиба об мондан тавсия дода мешавад.
Дар аввали нашъунамои пахта бо қисмҳои кории паҳлуии култиватор дар чуқурии 6 - 7 см ва байни қаторҳоро дар чуқурии 10 – 12 см нарм кардан, коркардҳои ояндаро дар чуқурии зиёдтар анҷом додан ба мақсад мувофиқ аст.
Барои сахт нашудани қабатҳои хок ва кам кардани коркарди байни қаторҳо, нармкуниро бо ҷӯяккашӣ, ғизодиҳӣ ва заҳрпошӣ бар зидди касалию ҳашаротҳои зараровар дар якҷоягӣ гузарондан беҳтар мебошад.
Чунин реҷаи обёриро истифода бурдан мумкин аст:
Тибқи гидромодулҳои I, II, III агар чуқурии оби зеризаминӣ 3 - 4 м ва аз он зиёд бошад, аз нақшаи обёрии 2 : 5 : 1; IV, V, VI чуқурии оби зеризаминӣ  2 - 3 м аз нақшаи обёрии 2 : 4 : 2 ва 1 : 3 : 1; VII, VIII, IX чуқурии оби зеризаминӣ 1 - 2 м нақшаи обёрии 1 : 2 : 1 бояд истифода шавад. Меъёри сарфи об дар таркиби хоки вазнин 10000 - 11000 м3/га, миёна 9000 - 10000 м3/га, сабук 8000 - 9000 м3/га мебошад.
Баъди ғизодиҳии якум обмонии ҷӯякдармиён зарар надорад. Обёрии минбаъдаро аз рӯйи ҳолати ниҳолҳои пахта муайян кардан мумкин аст.
Хоку иқлими мамлакат имкон медиҳанд, ки ҳосилнокии зироати пахта бо ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамон ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин 2 – 3 маротиба баланд бардошта шавад. Нақши асосиро дар парвариши зироати пахта таъмини беҳтари зироат бо об, шароити истифодабарии коркарди хок, ғизо ва корҳои дигари агротехникӣ мебозанд. Бинобар ин, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи обсарфакунанда яке аз омилҳои муҳими рушд ва истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ боқӣ хоҳад монд.
Олимони  АИКТ доир ба самарабахш истифода намудани обёрии пахта, ба василаи найчаҳои полиэтиленӣ дар филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон (шаҳри Қӯрғонтеппа) дар 10 га бо парвариши навъҳои пахтаи ватанӣ ва хориҷӣ дар 4 сол (2012 - 2015) аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 40 - 45 - сентнерӣ ҳосил рӯёнданд.
Усули асосии мубориза бар зидди алафҳои бегона коркарди байни қаторҳо бо нармкунак (култиватор) мебошад. Ин усулро аз рост шудани қаторҳо то шохронии ниҳолҳо мегузаронанд. Барои нест кардани алафҳои бегона истифодаи гербисидҳои «Пантера» (3 кг/га), «Каторан» (4-5 кг/га) ва ғайра тавсия мешавад.
Муборизаи барвақт бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳо нақши муҳим дорад. Дар давраи нашъунамои ниҳолҳо, вобаста ба шароити иқтисодии хоҷагиҳои пахтакор, муборизаи зидди ҳашароту касалиҳо бо усулҳои агротехникӣ, кимиёӣ ва биологӣ ба амал бароварда мешавад.
Баъди хотима додани кишти пахта гирду атрофи заминҳоро аз алафҳои бегона тоза нигоҳ доштан, сари вақт нобуд сохтани алафҳои бегона, ки ҳашаротҳо дар онҳо тухм мегузоранд, зарур аст. Яке аз усулҳои пурсамари пешгирии паҳншавии ҳашарот ва ба қадри имкон кам кардани миқдори онҳо, ин васеъ, ба кор бурдани домҳои феромонӣ аст. Феромонро дар дохили домҳо ҷой медиҳанд ва ба ҳар 1,5 - 2 гектар яктогӣ мегузоранд. Асосан онҳоро бегоҳирӯзӣ  мондан самаранок аст. Ба муқобили шира ҳангоми ба ду балл расидани зарари он, яъне ба болои рустаниҳо ба андозаи 25% паҳн шуданаш, таркибҳои Неорон 50% к.э.; Омайт 57% к.э.; Пликтран 25% с.п. пошидан лозим аст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар сурати сари вақт сарчин кардан дар ниҳолҳо 2 - 3 кӯрак зиёд мегардад. Вазни пахтаи як кӯрак 0,2 - 0,5 грамм афзуда, кӯракҳо 3 - 10 рӯз  барвақттар мерасанд. Таҳқиқоти муассисаҳои илмӣ ва таҷрибаи  деҳқонон собит сохтаанд, ки сари вақт гузарондани сарчинкунӣ ҳосилнокиро 4 - 5 сентнер аз ҳар як гектар зиёд мегардонад. Муҳлати гузарондани сарчинкунӣ ба пайдо шудани навдаҳои ҳосилдеҳ вобаста аст. Дар пахтаи миёнанах пайдо шудани 12 - 14 навдаи ҳосилдеҳ, дар маҳиннах  15 - 17 навдаи ҳосилдеҳ вақти хуби сарчинкунӣ мебошад.
Саидҷамол САИДОВ,
ноиби президенти АИКТ, узви вобастаи академия, доктори
илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1969

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед