logo

иҷтимоиёт

ПАЙРАВИ ПЕШВО. ДАР БОРАИ ИҚДОМҲОИ ШОИСТАИ СИРОҶИДДИН ГУРЕЗОВ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навини хеш ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.”

Аз зумраи ҷавонони фаъол, ташаббускор, муваффақу болаёқат дар бахши роҳбарӣ Сироҷиддин Гурезов мебошад. Мавсуф соли 1983 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба дунё омада, баъди хатми факултети иқтисодиёт ва идоракунии маорифи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар шуъбаи  аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсил намуда, тӯли солҳои 2010 - 2014 дар вазифаҳои ҷонишини декан, декани факултети  иқтисодиёт ва идоракунии маорифи донишгоҳи номбурда ва соли 2015 ба ҳайси мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз моҳи июли соли 2015   мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ мебошад.  
Рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Организационно - экономические особенности влияние рынка образовательных услуг в формировании человеческого капитала (на материалах Республики Таджикистан)» ба анҷом расонда, муаллифи 12 мақолаи илмӣ ва даҳҳо мақолаи илмӣ - оммавӣ аст. 
Сироҷиддин Гурезов ба сифати ҷавони муваффақу болаёқат дар татбиқи технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар давраи фаъолияти кории хеш як қатор корҳои судмандеро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, дар ҳамбастагӣ бо шарикони ҳамкор ҷиҳати мусоидат намудан барои беҳтар гардидани шароити нигоҳубин, таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон дар доираи лоиҳаи чоруми Фонди шарики глобалии ГПО - 4 мебошад. Дар доираи ин ҳамкориҳо соли 2016 ба 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои раванди муътадили кори марказҳои инкишофи кӯдакон ба маблағи 318,943 сомонӣ маводи маишӣ (ҷевон, мизу курсӣ, бозичаҳои кӯдакона), дар доираи лоиҳаи «Хониши босифат» дастурҳои методӣ, китобҳои кӯдакона кумаки ройгон расонда шуд.
Бо дастгирии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо намояндагони ширкати ҳиндустонии CDAC дар 3 муассисаи таълимии ноҳия  дар доираи кумаки башардӯстона доир ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лабораторияи технологияҳои навин синфхонаи компютерӣ  бо технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. 
Бо мақсади соддагардонии раванди коргузорӣ ва дастрасии иттилоот, гардишу таъмини ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҷорӣ намудани шабакаи интернет дар низоми таҳсилот бо намояндагии ҶСП «ТТ - мобайл» дар вилояти Хатлон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонда,  муассисаҳои таълимӣ  пурра бо модеми тамғаи ZTE MF-710 M таъмин шуда, суроғаи электронии худро кушода, ҳамагуна ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ байни шуъба ва муассисаҳои таълимӣ тавассути почтаи электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Оид ба ҷалби бештари духтарон ба таҳсил, касбомӯзӣ ва интихоби касб бо ҷалби намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар доираи лоиҳаи «Кумак ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи Кӯлоб” кабинетҳои технологияи фаннӣ (касбу ҳунар) 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо технологияи компютерӣ ҷиҳозонида шуданд.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4  августи соли 2010, таҳти № АП-1366   дар соли 2016 дар  44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҷҳизоти техникии назоратӣ (камераҳои мушоҳидавӣ) насб гардид. Бо ташаббуси бевоситаи ӯ 3 воҳиди кории муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия ба муассиса баргардонда, 7 воҳиди корӣ ба Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ ҷудо карда шуд.
Барои ӯ ҳамчун мудири шуъба боиси ифтихор аст, ки  соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 ба истифода дода шуд. Айни замон бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ Н. Қосимов корҳои сохтмонии 10 синфхона, 1 толори варзиш  дар деҳаи Заркорони Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов дар арафаи анҷомёбист ва  дар доираи  «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 13 муассисаи таълимӣ, бинои шуъба, бинои маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ  сохта ба истифода дода мешавад.
Соли равон дар олимпиадаи фаннӣ (даври вилоятӣ) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия   дар маҷмӯъ соҳиби 56 медал (4 медали тилло,  5 нуқра, 47 биринҷӣ ва 18 ҷойи ифтихорӣ) гардида, ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 9 нафар хонанда роҳхат гирифтанд. 
Дигар самти фаъолияти ин роҳбари ҷавону болаёқат баланд бардоштани завқи эстетикии насли наврас мебошад. Бо ташаббуси бевоситаи ӯ маҳфили “Театри наврас” таъсис дода шуд. Ҳамчунин, моҳи январи соли равон дар озмуни вилоятии “Маҳорати олӣ” дар байни хонандагони боистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дастаи “Гулдухтарони дуторнавоз” - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 Амина Икромова дар бахши “Ровии беҳтарин”, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63 Гулизори Миралӣ дар бахши “Рақси беҳтарин” ва Сабринаи Исматулло дар бахши “Тақлидкори беҳтарин” бомуваффақона баромад намуданд.
Ҳамин тавр, ӯ роҳбари ҷавони муваффақу болаёқат маҳсуб мешавад ва ба иқдомҳои шоиста дар рушди маориф саҳми чашмрас дорад.
Зафар ОЧИЛОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1611

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед