logo

иқтисод

ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ ДАСТГИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИСТ

Дар шароити торафт мураккаб гардидани буҳронҳои иқтисодӣ  истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои истеҳсолӣ  ва  бо ин роҳ  ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисодиёт  аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад. Бешубҳа,  тақвияти соҳибкории хурду миёна омили муҳимтарини расидан ба ин ҳадафҳост.

Таъмини рушди фаъолияти соҳибкорон ва истеҳсолот бидуни қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат ғайриимкон мебошад. Бо назардошти беҳбудии вазъи молиявии соҳибкорони ватанӣ  бо ташаббуси Пешвои миллат,  Президенти ҷумҳурӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013  муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»  таъсис ёфт. Аз рӯйи муқаррарот, муассисаи номбурда ба соҳибкорон ҷиҳати пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ва воридоти технологияи навин   то 12 сол қарзҳои имтиёзнок медиҳад.  Ҳадаф аз ташкили фонди мазкур ба роҳ мондани дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии онҳо дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, пешниҳоди қарзҳои хурду миёна бо фоизҳои муносиб, инчунин таъмини рақобатнокии низоми қарздиҳии бонкҳо мебошад. Самти асосии фаъолияти он дастгирии истеҳсолгарон дар маҳалҳост. Бахшҳои   нақлиёту  коммуникатсия, сайёҳӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ,  кимиё,  саноати сабук,   истеҳсоли масолеҳи сохтмон,  кишоварзӣ ва   коркарди маҳсулоти он низ самтҳои афзалиятноки фаъолияти “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” маҳсуб меёбанд. 
Ҳамасола тавассути фонди мазкур  аз буҷети давлатӣ маблағҳои қарзии имтиёзнок барои соҳибкорони маҳаллӣ  дастрас мешаванд. Ба  ин васила   давоми се  соли охир ба соҳибкорони шаҳру навоҳӣ наздики 350 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Соли гузашта, вақте  бо сабаби буҳрони молиявӣ гирифтани қарз аз бонкҳо мушкил афтод, «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» 120 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддатро  дар асоси 132 лоиҳаи гуногунсамт  ба тоҷирону молистеҳсолкунандагони ватанӣ пешкаш намуд.  Кумаки молиявии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба  соҳибкорон  фаъолияти тиҷоратию  истеҳсолии онҳоро густариш дод. Дар натиҷа нақшаҳои тиҷоратии зиёд  амалӣ ва ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ дар бозорҳои кишвар афзун гардиданд. Шумораи субъектҳои  соҳибкорӣ давоми соли гузашта қариб ба  290 ҳазор расид, ки нисбат ба 5 соли пеш 110 ҳазор  зиёд мебошад.
Фонд минбаъд низ фаъолияташро бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави кор ва  беҳбудии  самтҳои афзалиятноки истеҳсолӣ ба роҳ мемонад. Дурнамои  маблағгузории соҳибкорони ватанӣ аз ҳисоби ин захираи молиявӣ то соли 2020  як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки заминаи рушди соҳаро устувор месозад. Имконияти дастрасӣ ба маблағҳои фонд номаҳдуд аст ва  ҳар  як шаҳрванди ҷумҳурӣ метавонад  барои тақвияти  фаъолияти соҳибкориаш   ҷиҳати гирифтани қарзи имтиёзнок ба он   муроҷиат намояд.
Дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок ва   кам сохтани  монеаҳои маъмурӣ аз  силсилаи ислоҳоти соҳа аз  ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ,  бавижа истеҳсолоти ватанӣ мебошад.  Роҳандозии  сиёсати дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳибкорон барои қариб ба 70 дарсад расидани  ҳиссаи бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  мусоидат намуд, ки нисбат ба соли 2010 тақрибан 40 дарсад  зиёд аст. Дар ин давра мавқеи Тоҷикистон аз лиҳози дастрасии соҳибкорон  ба захираҳои қарзӣ ва имтиёзҳои низоми андозбандӣ дар байни  189 кишвари ҷаҳон наздики 50 зина боло рафт. Ин нишондиҳанда аз беҳтар гардидани шароити мусоиди  пешбурди тиҷорат дар мамлакат  шаҳодат  медиҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1660

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед