logo

иҷтимоиёт

ОҚИБАТҲОИ ТАРМАФУРОӢ БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Бар асари боришоти аз ҳад зиёди барф ва тармафуроӣ вазъ дар минтақаҳои баландкӯҳ ва шоҳроҳҳои асосии мамлакат мураккаб шуда, боиси хисороти иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ гардид. Бо назардошти ҳолати баамаломада, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таъсис ёфт.
Тавре маълум аст, аз 27 январи соли равон инҷониб бар асари боришоти зиёди барф ва тармафуроӣ аз километри 48 то 84 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ мушкилоти зиёд ба вуҷуд овард ва ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва бехатарии шаҳрвандон халал ворид намуд.
21 феврал гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода дар ҳайати вазири нақлиёт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, муовини якум ва муовини вазири корҳои дохилӣ, сардори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, раиси ноҳияи Варзоб ва дигар масъулон аз масири Душанбе – Чаноқ боздид ба амал оварда, бо ҷараёни бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» шинос шуданд.
Тавре директори филиали ширкат Асомиддин Азизов иброз дошт,  дар натиҷаи офати табиӣ, ки давоми солҳои охир бесобиқа маҳсуб мешавад, зиёда аз 25 километр роҳ зери тарма монда, ҳаракат дар он муваққатан қатъ гардидааст. Таъкид шуд, ки дар баробари дигар сохторҳо, филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар робита ба ҳолати баамаломада корҳои иттилоотониро беш аз пеш тавсеа бахшида буд. Далели возеҳи ин суханон роҳандозии смс - хабар, пешниҳоди маълумоти муфассал дар сомонаи филиали ширкат оид ба вазъи роҳ ва номусоидии вазъи ҳаво, насби таблои бузург дар даромадгоҳи Чорбоғ ва ғайра мебошанд, ки бо фарорасии фасли сармо ба таври густурда амалӣ шуда, айни замон низ идома доранд. Ба хотири бартарафсозии ин ҳолати ногувор 148 техника  сафарбар шудаанд. Танҳо аз километри 48 то 84 - уми роҳ 44 техникаи пуриқтидори филиали ширкат фаъолияти шабонарӯзӣ доранд.
Таъкид гашт, ки ҳамарӯза аз тарафи кормандони филиали ширкат 70 - 80 тармаи калонҳаҷм бартараф мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо паҳноии тармаҳо 500 ва баландиашон то 40 метрро ташкил медиҳанд. Нафароне, ки аз банди тарма наҷот дода шудаанд, айни ҳол дар ҷои бехавф қарор дошта, аз ҷониби  IRS бо лавозимоти зарурӣ таъмин гаштаанд. Роҳбарияти филиали ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст, ки дар наздиктарин фурсат онҳоро ба пойтахти кишвар ё ноҳияи Айнӣ интиқол диҳанд.
Аъзои ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба фаъолияти шабонарӯзии кормандони IRS баҳои баланд дода, беш аз пеш тавсеа бахшидани ҳамкории тарафайнро муҳим арзёбӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1532

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед