logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АЗ "ГУЛИСТОН" -  И САЪДӢ
Ёд дорам, ки дар айёми тифлӣ мутааббид (бисёр ибодаткунанда) будаме ва шабхезу мавлеи (ҳарис) зуҳду (порсоӣ) парҳез. Шабе дар хидмати падар, алайҳирраҳма (бар ӯ раҳмат бод) нишаста будам ва ҳама шаб дида бар ҳам набаста ва мусҳафи (Қуръони карим) азиз дар канор гирифта ва тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам:
- Аз инон яке сар барнамедорад, ки дугонае (намози ду ракъатии бомдод) бигузорад. Чунон хоби ғафлат бурдаанд, ки гӯӣ на хуфтаанд, ки мурдаанд?
Гуфт:
- Ҷони падар, ту низ агар бихуфтӣ беҳ, аз он ки дар пӯстини мардум афтӣ.
Набинад муддаӣ ҷуз хештанро,
Ки дорад пардаи пиндор дар пеш.
Гарат чашми худобине бубахшанд,
Набинӣ ҳеҷ кас оҷизтар аз хеш.
Ҳозиркунандаи чоп,
Зулола БОБОРАҶАБОВА


ЗИЁФАТ
Пиразан ба меҳмонҳояш шир муроот карда, мегуфт:
- Агар шумо наоед, касе маро суроғ намекунад. Аз омаданатон хеле шод мешавам.
Вай пиразанест, ки дар як кулбаи мисли худаш пиру ноустувор зиндагӣ мекунад. Баъди фавти шавҳараш комилан танҳо монд. Рӯзашро бо нафақа мегузаронад. Худо баракаташ дода, ки он пул барояш кифоят мекунад. Масрафи зиёдатӣ надорад. Аммо бори танҳоӣ барояш аз пирӣ ҳам гаронтар афтодааст.
Аз дукони рӯ ба рӯ ҷавони фурӯшанда зуд- зуд тирезаи пиразанро тақ- тақ карда, чӣ эҳтиёҷ доштанашро пурсон мешавад. Вале, азбаски зан аз молики ҷавон – соҳиби дукон метарсад, бо ӯ гап намезанад.
Дар чунин лаҳзаҳои ғамангезу танҳоӣ ба омадани меҳмонҳои бовафояш интизор мешавад.
Ҳоло он меҳмонҳо омада, дар ҳузури кампир қарор доранд. Пиразан ҳам онҳоро бо шир зиёфат мекунад. Меҳмонҳо шир менӯшанду пиразан ба сурати ғуборгирифтаи бари девор ишора карда мефаҳмонад:
- Он марде, ки мебинед, шавҳарам аст. Раҳматӣ инсони паҳлавон буд. Ду метр қад дошт. Дар паҳлуяш писарам истодааст. Вақте ин аксро гирифтем, писарам ҳамин қадар кӯчак буд. Касе бовар намекард, ки рӯзе хонда духтур мешаваду моро тарк мекунад…
Меҳмонҳо, ки ба ин гапҳои такрори пиразан одат карда буданд, ба гуфтаҳояш чандон эътибор  намедоданд. Вале, пиразан нақлашро идома медод:
- Он кӯдаки дасти ман духтарам аст. Вай ҳам баъди издивоҷаш бо марди сарватманде модарашро фаромӯш кард…
Зан чашмони намгирифтаашро аз расми бари девор наканда, тӯлонӣ ба он нигоҳ мекард. Меҳмонҳо шири ба онҳо зиёфатшударо хӯрда, акнун аз сӯрохии девори ошхона ба берун баромада, аз чашм нопадид шуданд.
Ин гурбачаҳо пагоҳ низ ба хӯрдани зиёфати пиразан меоянд…
Башир УСМОН


ҲАЗЛҲОИ МАРДУМӢ
Хамираҳои дандоншӯйӣ сол то сол беҳтару хубтар, аммо ҳолати дандонҳо  бадтар мешавад.
***
Агар саг гап мезад, инсон дӯсти охирини худро аз даст медод.
Таҳияи А. САМЕЪ


НОУТБУКИ «КИСАГӢ»
Ширкати «GPD» - и Ҳонконг ноутбуки хурди 7 - дюмаро истеҳсол намуд, ки ҳаҷми он ҳатто аз планшети iPad mini низ хурдтар аст.
Ноутбуки  мазкур бо экрани 1920 бар 1200 пиксел ва диоганали ҳамагӣ ҳафт дюйм нисбат ба  планшети iPad mini қариб як дюм хурд мебошад. Новобаста аз ин, дорои системаи амалиётии функсияҳои мукаммал (барои интихоб Windows 10 Home ё Ubuntu 16.04 LTS) ва маҷмӯи интерфейсҳои USB 3.0, USB Type-C ва micro HDMI мебошад. Ҳамаи ин дар дохили корпуси алюминӣ ҷой гирифтааст, ки вазнаш 480 граммро ташкил медиҳад.
Ноутбук дар асоси протсессори Intel Atom X7-Z8700 кор мекунад. Хотираи муваққатиаш 4 гигабайт ва доимиаш 128 гигабайт мебошад. Дар як марҳилаи неругирӣ аккумулятори ғунҷоишаш 7000 миллиампер/соат GPD Pocket қодир аст, ки 12 соат кор кунад.
Таҳияи Зафар АКРАМОВ


КАТИБАИ БЕСУТУН
Ёдгории хаттии асри 6 то милод мебошад. Он 20 километр дуртар аз шаҳри   Кирмоншоҳи Эрон дар роҳи корвонгузаре, ки ба сӯйи Бағдод меравад, воқеъ гаштааст. Дар баландии 105 метр аз сатҳи замин бо хати мехӣ канда шудааст.    Баландии лавҳа 7 – 8, бараш 22 метр аст. Дар маркази он дар 5 сутун, ки ҳар кадом  2 метр бар ва 4 метр дарозӣ доранд, аз корнамоиҳои шоҳи Ҳахоманишиён – Дорои 1 (Дориюши 1) сухан рафтааст. Катибаи Бесутун ба се забон – форсии қадим, бобулӣ ва эламӣ навишта, бо фармони шоҳ Доро дар дили кӯҳ канда шудааст. Катиба аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, аввалин сарчашмаест, ки дар бораи забони қадими форсӣ ва эламӣ маълумот медиҳад. Катиба оид ба гузаштагони тоҷикон - бохтариҳо, хоразмиён, марвиҳо ва дигарон иттилоъ медиҳад. Он сарчашмаи хаттии гаронбаҳо ва асари нодири таърихист. Аз рӯйи Катибаи Бесутун оид ба симои бохтариҳо, марвиҳо, суғдиҳо, сакоиҳо ва сарулибоси онҳо маълумоти пурарзиш пайдо  кардан мумкин аст.
Соли  1838 афсари англис Генри Фредерик Роулинсон Катибаи Бесутунро нусхабардорӣ ва соли 1848 нусхаи онро бо тавзеҳ дастраси олимони Аврупо кард.  Тавзеҳи ӯ аввалин таълифоте буд, ки оламиёнро аз мавҷудияти Катибаи Бесутун огоҳ намуд. Олимони шӯравӣ А. А. Фрейман, В. В. Струве, В. И. Абаев, М. А. Дандамаев ва дигарон Катибаи Бесутунро тарҷума ва тафсир намуда, дар таҳқиқоти худ аз он истифода  кардаанд.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


«ЭРМИТАЖ» ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Таъсиси осорхона ба  давраи шоҳигарии Маликаи рус  Екатеринаи ll рост омодааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, ки Екатеринаи ll  соҳиби коллексияи бузурги мусаввараҳои нодир буда, байни онҳо асарҳои  бебаҳои Леонардо да Винчи, Рембрандт, Рубенс, Голсиус ва Холс  барин рассомони машҳурро дучор омадан аст. Аз ҷумлаи онҳо ду шоҳкории безаволи Леонардо да Винчи «Мадонна Бенуа» ва «Мадонна Литта», шоҳасарҳои Рембрандт «Оилаи муқаддас» ва Веласкес «Наҳорӣ» мебошанд.
Дар давраҳои ҳукмронии Павел, Александри l  ва Николайи l коллексияи малика боз ҳам мукаммалтар гардид. Идеяи ин коллексияи бою рангини санъатро ба осорхона табдил додан ба шоҳ Николайи  l тааллуқ дорад. Толорҳое, ки  дар он мусаввараҳо нигоҳ дошта мешуданд – «Эрмитаж» ном гирифт, ки дар тарҷума аз забони фаронсавӣ «Кунҷи танҳоӣ» мебошад.
Албата,  кас мехоҳад, ки аз дидани ҳама ангораҳои ин осорхона баҳравар гардад, зеро  ҳар як нигораи он баёнгари таъриху фарҳанги замони хеш мебошад. Вале, дар як дафъа тамошои осорхона имкон надорад, чунки барои дидани ҳамаи ин зебоӣ масофаи 20 километрро тай намудан лозим меояд. Ба ҳисоби миёна, агар дар назди ҳар як ангора 1 дақиқа таваққуф намоед, барои тамошои он 8 сол мегузарад.  Ангораҳо дар толорҳои алоҳида, ки шумораи онҳо ба 365 адад мерасад,  ҷо ба ҷо карда шудаанд. Танҳо дар Қасри зимистона 3 миллион ангора ба маъраз  гузошта шудааст, ки қисме аз коллексияи осорхона маҳсуб меёбад. Экспозитсияҳои доимӣ бошанд, дар 4 филиали дигари «Эрмитаж», воқеъ дар шаҳрҳои Қазону Омск ва Виборгу Амстердам, пешкаши ҳаводорон мегарданд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МУКЕШ СОҲИБИ МАНЗИЛИ  ГАРОНТАРИНИ ҶАҲОН
Маҷаллаи амрикоии «Форбс» рӯихати қиматтарин манзилҳои истиқоматии ҷаҳонро ба нашр расонд. Тибқи он манзили аз ҳама бузург ва ҳамвора қимат қасри тоҷири ҳиндӣ Мукеш Амбани ҳисобида шуд. Амбани онро дар зодгоҳаш - шаҳри Мумбайи Ҳиндустон сохтааст. Он аз 27 ошёна иборат буда, 73 метр қад кашидааст. Барои сохтмони он тоҷир беш аз 70 миллион доллар сарф намуда бошад ҳам, нархаш дар бозори манзилҳои истиқоматӣ қариб  2 миллиард доллар арзёбӣ шудааст.
Лоиҳаи онро ширкати меъмории «Perkins&Will» - и Чикаго чунон омода намудааст, ки ягон ошёна ва ҳуҷра ба дигараш монанд нест. Оилаи Амбани дар қабати болоии бино иқомат мекунад. Шаш ошёнаи поёнӣ барои гараж ва таваққуфгоҳ пешбинӣ шудаанд. Дар табақи ҳафтум коргоҳи махсуси таъмири нақлиёт қарор дорад. Театр барои 50 нафар тамошобин дар ошёнаи ҳаштум ҷой гирифтааст. Болотар аз он ҳавз, боғ ва толори базм ҷой дода шудаанд. Майдон барои чархболҳо дар боми бино воқеъ аст. 
Бино чунон мустаҳкам сохта шудааст, ки ба заминларзаи магнитудааш то 8 балл, аз рӯйи ҳисоби Рихтер, тоб оварда метавонад. Дар он зинаҳо умуман истифода нашудаанд. Нуҳ лифти бино имкон медиҳанд, ки озодона аз як ошёна ба табақаи дигар гузаред. Ҳаҷми умумии бино  37 ҳазор метри мурабаъро ташкил медиҳад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ОЛАМИ АҶОИБОТ
1. Тамоми сайёраҳои системаи офтобӣ дар дохили сайёраи Юпитер ғунҷида метавонанд.
2.  Қутри азамати сурх – ситораи Бетелгейзе аз мадори ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб зиёдтар аст.
3.  Давомнокии гирифтани пурраи Офтоб аз 7,5 дақиқа зиёд нест, гирифтани пурраи моҳтоб бошад, 104 дақиқаро ташкил мекунад.
4.  Масофа то ситораи наздиктарин (баъд аз Офтоб) ба мо, ки «Проксимаи Сентравр» ном дорад,  4,24 соли рӯшноиро ташкил медиҳад (яъне, нур аз он ба мо дар 4,24 сол мерасад).
5.  Агар сайёраи Зуҳал (Сатурн)-ро ба об монед, он дар сатҳи об шино хоҳад кард. Зичии миёни моддаи Зуҳал аз зичии об 2 маротиба камтар аст. Агар шумо истакони муносибе, ки қутраш на кам аз 60 ҳазор километр аст, ёбед, инро худ метавонед санҷед.
6.  Ҳамаи мо – одамон, хонаҳо, дарёҳо ва кӯҳҳо пайваста бо суръати 530 километр дар 1 сония дар фазо ҳаракат мекунем. Дар дохили галактикаи худ мо бо суръати 225 км/сония  ҳаракат мекунем, худи Галактика дар фазо бо суръати 305 км/сония метозад. Ҳамин тариқ, ҳоло ки шумо ин ҷумларо мехонед, Замин шуморо ба масофаи 3 ҳазор километр бурд.
Таҳияи Умар АЛӢ


ГАРОНТАРИН, АҶИБТАРИН ВА ХУШМАЗАТАРИН ҚАҲВА
Агар шумо дӯстдори қаҳва бошед, дар бораи «Кофе Лювак» шунидаед. Вале, шояд дар бораи чӣ гуна истеҳсол шудани ин қаҳва чизе надонед. Пас, таваҷҷуҳ намоед.
Сокинони кишвари Ҷопон омода ҳастанд, ки бо нархи 800 -1000 доллар «Кофе Лювак» - ро харидорӣ намоянд. «Кофе Лювак», асосан, дар ҷазираҳои Ява, Суматра ва Сулавеси месабзад. Вале, дар кадом минтақа ё кишвар рӯйидани қаҳва арзиши онро боло набурдааст. Нархи онро «технологияи истеҳсол» - аш гарон намудааст. Дар минтақаҳои номбурда, ҷонваре бо номи Лювак зиндагӣ мекунад, ки хӯроки асосиаш донаҳои пухтарасидаи қаҳва мебошад. Донаҳои бутуни қаҳва якҷоя бо ферментҳои ҳазмкунандаи ин ҷонвар аз организмаш мегузаранд. Маҳз аз он қаҳваи гаронарзиши дунё истеҳсол мешавад.
Маълум нест, ки аввалин маротиба кӣ тарзи омода кардани онро фикр карда баромадааст. Вале, онҳое, ки дӯстдорони қаҳваи «Кофе Лювак» - анд, аз мазаи ғайриодии он тавсиф мекунанд. Ҳангоми омодасозии он бӯйи хуши шоколад ба машом мерасад.
Ҳар сол мавсими ҷамъ кардани «ҳосил» - и қаҳва, ки аз моҳи май то сентябр идома меёбад, ҳамагӣ 250 килограмм «маҳсулот» ҷамъ оварда мешавад.
Таҳияи  Р. ҲАМИДОВ


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
МАҒЗИ САР ВА КОИНОТ
Муҳаққиқони зуҳуроти ҷуфттабиӣ (паранормальных явлений) шубҳае надоранд, ки ба таври ногаҳонию пурасророна гум шудани одамон, мошинҳо, тайёраҳо, киштиҳо ба монанди пайдо гаштани табақчаҳои паррон (НЛО), алоқаманданд ба гузариш аз дунёи мо ба дунёи дигари мувозӣ (параллелӣ) ё ба Коиноти мувозӣ. Дар дунёи мо муаммоҳои саргуму сарбаста хеле зиёданд ва ба гуфтаи баъзе олимони табиатшинос сирри онҳо ба зуҳуроти «ҷуфттабиӣ», яъне аз дунёи мо ба дунёи мувозӣ гузаштан, пайвастагӣ дорад.
Илми расмӣ чунин эзоҳро қабул надорад, зеро, ба андешаи олимон, шакли Замин ва Коинот вуҷуд доштани якчанд дунёи мувозии мустақилро инкор месозад. Аммо таҳқиқоти мағзи сари одам ногаҳон натиҷаҳои ҳайратангез ба бор оварданд.
Садсолаҳо боз чунин меҳисобиданд, ки мағзи сар чун як ҷузъи том кор мекунад ва агар дар сохти он ягон халал ворид гардад, ба тамоми мағз таъсир мерасонад. Аммо кашфиёте ҳамаро ба ҳайрат гузошт, собит сохтанд, ки дар сурати суст шудан, аз кор мондан ё ҷарроҳӣ намудани ғадудҳои лӯндашакл (эпифиза) – и мағзи сар ҳам одам зинда мемонад, маълум мешавад, ки як қисми мағзи сари мо ба монанди «мағз дар мағз» будааст.
Вале, шигифтовараш ҳангоми таҷриба рӯй дод. Исбот карданд, ки канда шудани алоқаи байни ду нимаи мағзи сар умуман ва ҳам амалан ба қобилияти ақлонӣ ва кории одам таъсири манфӣ намерасонад. Баръакс, ин ҳолат, яъне бо усули канда кардани робитаи байни ду нимаи мағзи сар, бемории саръ (тутқулоқ) – ро табобат намудан мумкин аст. Ягон нафар то имрӯз ин зуҳуротро шарҳ дода натавонистааст. 
Нейрофизиологҳо Роҷер Сперри ва Майкл Гатсанига таассур (реаксия) – и одамонеро, ки бо ин тарзи ғайритабиӣ бемории саръашон табобат шудааст, омӯхтанд. Онҳо қисмҳои росту чапи майнаи сарро дар алоҳидагӣ, ҳангоми бо роҳи сунъӣ кандани алоқаи байни онҳо омӯхтанд ва исбот намуданд, ки хабардиҳӣ аз чашми рост ба нимкураи чапи мағзи сар ва аз чашми чап ба нимкураи рости мағзи сар меравад. Ба одамоне, ки таҷриба гузаронданд, намунаҳоро дар экран нишон доданд: аввал аз тарафи чап, баъд аз тарафи рост. Дар лаҳзае ба ҷойи сурат матн пайдо шуд: «Ту кӣ?». Нимаи рост эътино кард: «Петер Самсон». Чап, вақте ки матнро аз тарафи рост нишон доданд, инро тасдиқ кард. Саволи минбаъда чунин «садо» дод: «Кӣ шудан мехоҳӣ?». Нимкураи тарафи рост гуфт: «Ронанда». Чап посух бидод: «Нақшакаш». Олимон ба ҳайрат афтоданд. Татқиқоти минбаъда собит сохт, ки ҳар як нимкураи мағзи сар фаъолияти мустақилона дорад. Маълум гашт, ки дар мағзи сари инсон камаш ду дунёи мувозӣ мавҷуд аст. Пас, дар Коинот низ будани чанд дунёи мувозӣ аз эҳтимол дур нест.
Нейрофизиолог Пол Маклин дар корҳои илмиаш тасдиқ намудааст, ки мағзи сари инсон аз се ҳиссаи мустақили болои ҳам гузошта, ба монанди лӯхтаки чӯбини дарун ба дарун (матрёшка), иборат аст ва ҳар яки онҳо аз рӯйи «соатҳо» - и худ ҳаёт ба сар мебаранд.  Нақши соатро гурӯҳи ҳуҷайраҳои асаб мебозад, ки дар умқи мағз ҷойгир буда, «ядрои пайвандгар» номида мешавад. Ба қавли нейрофизиолог Колин Блэкмор ин «соатҳо» муттасил «тиктик» мекунанд. Вале ин «соатҳо» чӣ тавр ба ҳам халал ворид насохта дар ритми ба худ мувофиқ «тиктик» мезананд? Ӯ ба ин савол посух дода натавонист. Аммо он рӯз дур нест, ки илман исбот шавад, ки ҳар яки ин «мағзҳо» ҷисми мустақилро идора менамояд. Ҷисмеро, ки дар бадани мо ба таври мувозӣ вуҷуд дорад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


РОБОТИ «ДОНО»
Ширкати «Piaggio» роботи ғайриодии GITA-ро муаррифи намуд. Ӯ  аз уҳдаи бисёр корҳо мебарояд.
GITA калимаи итолиёвӣ буда, «сайёҳати кӯтоҳ»-ро мефаҳмонад. Робот аз пайи соҳибаш метавонад бо суръати то 35 км/с ва бори то 18 килограмм биравад.
Дар асл «Piaggio» ба истеҳсоли скутерҳо машғул мебошад ва GITA барои он як имтиҳон буд. Созандагони роботи доно иброз доштанд, ки бо он ба супермаркет барои хариди озуқа ё нӯшокӣ рафтан мумкин аст.
GITA ҳаҷми хурд дорад, аз ин сабаб тангкӯча ва пайроҳаҳоро хуб мегузарад. Робот нисбат ба ҷомадони ғилдиракдор қулайтар аст. Он дорои камерае мебошад, ки роботро аз дуздон эмин нигоҳ медораду харитаи мавзеъро тартиб медиҳад. Бо нуқтаҳои дар харита нишондодашуда робот метавонад ба дилхоҳ ҷой роҳ ёбад.
Ҳарчанд хусусият ва нархи робот ҳоло дақиқ нашудааст, «Piaggio» барои оянда нақшаҳои калон дорад. Барои мисол, ихтироъкорон ба роботҳо пешниҳод менамоянд, ки бо ҳам дар тамос буда, мубодилаи харитаро ташкил намоянд.
Таҳияи Л. ШАРИФ


РАМИРЕС ПИСАРБАЧАЕ, КИ 6 НАФАРРО НАҶОТ ДОД
Йохан Рамирес яке аз аввалинҳо шуда ба маҳали суқути ҳавопаймо, ки дар он намояндагони клуби футболи «Шапекоэнс» - и Бразилия парвоз мекарданд, ҳозир шуд ва бо шуҷоату диловарии худ шаш нафарро наҷот дод. Дар миёни онҳо чор футболбози клуби мазкур - дарвозабонҳо  Ҷексон Фоллман, Маркос Данило, муҳофизатгарон Алан Рушел ва Нето низ буданд. Йохан дар вилояти Антиокия дар наздикии он маконе, ки ҳавопаймо суқут кард, зиндагӣ мекунад. Афтидани ҳавопайморо дида, писарбача нахустин шуда  ба ёрии одамон шитофт ва замоне, ки оташнишонону табибон омаданд, ӯ онҳоро то маҳали суқути ҳавопаймо роҳбаладӣ кард.
Таърихи писарбачаи нотарсу шуҷоъ дар васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ҳамон замон инъикос гардид. Дар Бразилия  бошад, ӯро «фаришта» номиданд. Дар яке аз гузоришҳои телевизионӣ дар бораи  вазъи сангини молии хонаводаи Йохан маълумот ва кулбаи фақиронаи онҳо нишон дода шуд. Аз ин ҳол бразилиягиҳо бохабар шуда, ба макони зиндагии Йохан омаданд ва барои арзи сипосу қадрдонӣ ба оилаи писарбача хонаи замонавӣ сохтанду онро бо рангҳои рамзи клуби «Шапекоэнс» рангомезӣ карданд.
Ба хотири ин амали шоиста ва ибратомӯз дастаи «Реал» (Мадрид) ба қароре омад, ки писарбачаи қаҳрамонро барои дидор ба Испания даъват намояд. Писарбачаи 15 - солаи колумбиягӣ меҳмони клуби овозадори дунё гашт. Пас аз дидор ва суҳбат бо футболбозон ба ӯ футболкаи ҳамватанаш Хамес Родригес, ки дар ин клуб бозӣ мекунад, тақдим гардид.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ҲАФТАИ КОРӢ ҲАР ЧИ КӮТОҲТАР БОШАД, ҲАМОН ҚАДАР БЕҲТАР
Бонки швейтсарии  UBS миқдори миёнаи соатҳои кории ҳафтаинаро дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон ҳисоб кард. Тавре  «The Telegraph» иттилоъ додааст, аз ҳама камтар сокинони Париж кор мекунанд. Ба ҳисоби миёна ҳафтаи кории онҳо 30 соатро дар бар мегирад.
Ҳафтаи дарози корӣ дар Ҳонконг ба қайд гирифта шуд. Дар ин шаҳр одамон ҳафтае тақрибан 50 соат меҳнат мекунанд.
Олимон тахмин мекунанд, ки то соли 2045 нисфи аҳолии кураи Замин эҳтимол тамоман аз  ҷойи кор маҳрум шаванд. Зеро то он замон роботҳои тараққикарда метавонанд пурра амалҳои инсонро иҷро намоянд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ТАРАБХОНАИ ЗЕРИОБӢ
Дар шаҳри Брюссел тарабхонаи зериобие бо номи «Марворид» (The Pearl) ифтитоҳ ёфт. Он дар ҳавзи аквалангчиҳо сохта шуда, дар чуқурии панҷ метр ҷойгир аст.

Тибқи хабари «Euromag» шакли тарабхона ба мисли курраи думетра буда, дар он то  чор нафар ҷойгир шуда метавонанд. Ҷаззобии дигари тарабхона дар он аст, ки хӯрокҳои фармоиширо аквалангчӣ - пешхизматҳо дар халтаҳои  обногузар меоранд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаби ПАЙК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2017    №: 42    Мутолиа карданд: 1407

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед