logo

порлумон

БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ. ҚОНУНИ НАВ ДАР ТАЪМИНИ ОН МУСОИДАТ МЕКУНАД

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ба тасвиб расид.

Баҳром Абдуалимов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, иброз дошт, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқию ташкилӣ дар соҳаи баҳодиҳии хатар, сохтмони бино ва иншооти ба заминҷунбӣ тобовар, огоҳкунии пешакиро танзим менамояд.  Ҳадафи қонун рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ, пешгӯии он, муҳофизат ва бехатарии сейсмикӣ, аз ҷумла таъмини қобилияти ба заминҷунбӣ тобовари биною иншоот, таъмини бехатарии ҳаёти одамон ва беосеб нигоҳ доштани таҷҳизоти арзишнок ҳангоми ба вуқӯъ омадани заминҷунбӣ маҳсуб меёбад.
Илҳомҷон Оймаҳмадзода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи лоиҳаи қонун зикр кард, ки бехатарии сейсмикӣ бо роҳи риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва талаботи ҳифзи сейсмикӣ, гузарондани чорабиниҳои муайяне, ки ба паст кардан ё амалан бартараф намудани сабабҳои осебпазир ва маҳдуд намудани таъсири манфии омилҳои ноустувори таъсири заминҷунбӣ ба аҳолӣ дар минтақаҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодаи характери сейсмикидошта ба ҳисоб меравад. Дар лоиҳаи қонун самтҳое, ки ба бехатарии сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон равона шудаанд, дарҷ гардидаанд.
Қабули қонуни мазкур барои ба низом даровардани корҳо оид ба бехатарии сейсмикӣ равона гардида, ба рушди илми сейсмология мусоидат хоҳад кард.
Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба минтақаи сейсмикӣ будани Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди доштани Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, инчунин  дигар сохторҳои  пурқуввати марбут ба он огоҳсозии пешакӣ суст ба роҳ монда шудааст. Чунин ҳолат дар пешгӯии офатҳои табиат дар фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой дорад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2017    №: 42    Мутолиа карданд: 3284

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед