logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. БА ИН НЕРУ БОЯД ТАКЯ КАРД

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 боз як далели рӯшани он аст, ки барои давлати соҳибихтиёри тоҷик ҳалли мушкилоти ҷавонон, оила ва тарбияи насли наврас аҳамияти калидӣ дорад. Ҳатто дар вазнинтарин солҳои ҷанги шаҳрвандӣ давлат хароҷоти бисёр моддаҳои буҷетро ихтисор карда, ба тариқи авлавият соҳаи маориф, кор бо ҷавонон, тадбирҳои сиёсати оиладорӣ ва ҷавононро маблағгузорӣ менамуд.
Бинобар буҳрони иқтисодӣ ва дигар омилҳои объективӣ имкони татбиқи на ҳама тадбирҳои андешида фароҳам омад, чорабиниҳои гузаронда барои натиҷаҳои чашмдоштӣ кифоят накарданд. Ҳанӯз ҳам дар сиёсати ҷавонон, оиладорӣ ва маориф муносибати зоҳирпарастӣ аз байн нарафтааст. Ҳамзамон, ашхосе, ки ин ҳама тадбирҳоро бояд амалӣ созанд, худ ба такмили донишу тахассус ва малака ниёз доранд. Аммо худи раванд пайваста идома дорад, зеро барои ҷумҳурӣ проблема ва манофеи оила, кӯдакону ҷавонон авлавият касб кардааст.
Агар чунин бошад, пас зарурату моҳияти эълони Соли ҷавонон дар чӣ ифода меёбад? Ин ҷо чанд нуктаи муҳимро махсус зикр кардан мехоҳам. Якум, бо эълони Соли ҷавонон Сарвари давлат зарурати тақвияти фаъолияти на танҳо Ҳукумат, балки тамоми ҷомеаро дар соҳаи сиёсати оиладорӣ ва ҷавонон, зарурати ташаббускории аҳли ҷомеаро дар ин самт таъкид намуд. Дуюм, эълони Соли ҷавонон ин тарзи хосаи тасдиқи эътимоди давлат ба ҷавонон, хоҳиши ба онҳо фароҳам овардани имкони сухан аз мушкилоти хеш гуфтан, ҳамчунин ба онҳо шароит додан, ки худ барои ҳалли мушкилот чораҳои зарурӣ андешанд. Сеюм, ин соли таҳлили амиқ, назаре ба гузашта кардан, ки чӣ корҳо даст доданду чӣ норасоиҳо раҳ ёфтаанд. Чорум, ин соли таҳияи нақшаҳои оянда, омӯхтан ва коркарди василаҳои нав дар муносибат бо кӯдакон ва ҷавонон аст. Ин ҳама лаҳзаҳо тасодуфӣ нестанд, онҳо зарурати объективӣ доранд, зеро ба арса насле меояд, ки бояд аз гузаштаи худ бохабар бошад. Ва барои кору муносибат бо ин насл аз усулҳои муосир бояд истифода бурд.
Сиёсати ҷавонон ва маориф, сарфи назар аз амиқ таҳия ва ба қадри кофӣ бо маблағ таъмин шудан, начандон самарабахшу муваффақ хоҳад буд, агар он бо сиёсати оиладорӣ ва сиёсат дар соҳаи дастгирии модару кӯдак тавъам набошад. Зеро ҳақиқати одӣ он аст, ки ҳар гуна тарбия аз оила мабдаъ мегирад.
Миёни маҳорату малакаҳои асосию бунёдие, ки дар оила ташаккул дода мешаванд,  малакаҳои ташкили фаъолияти муштарак, интизомнокии кӯдак, малакаҳои рафтори боадабона дар ҷомеа, аз ҷумла дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт мавҷуданд. Қариб 20 дарсади захираҳои хадамоти кор бо кадрҳои ширкатҳои аврупоӣ маҳз ба ҳамин самти кор масраф мегардад. Дар мо бошад, дар аксари оилаҳо ба ташаккули бошууронаи ин малакаҳо дар фарзандон машғул намешаванд.
Вобаста ба ин ибораи “соати тоҷикӣ”, яъне кадом вақт хоҳам ба кор меоям, ба ёд меояд, ки, хусусияти хоси фазои соҳибкории мо гаштааст. Ин гуна норасоиҳои дар назари аввал на он қадар муҳим эътибори соҳибкорони моро дар чашми шарикони хориҷиашон коста мегардонад. Барои кулли шарикони хориҷӣ “вақт пул аст”, “дақиқкорӣ сифати умдаи шахси ҷиддист”. Ин ҷо метавон ба олимони педагоги тоҷик эрод гирифт: дар давраи пасошӯравӣ дар кишвар ба забони тоҷикӣ ягон китобчаи оммафаҳм бо тавсияҳои мушаххаси ташаккули одобу интизом ва дақиқкории кӯдак дар оила, боғчаи бачагон ва мактаб нашр нашудааст.
Бояд махсус зикр кард, ки ҳодисаҳои рафтори беадабонаи наврасон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кам нестанд, ки беибо баланд гап мезананд, носазо мегӯянд, гузашта аз ин, курсию харакҳоро хароб месозанд. Аз чӣ бошад, ки на ҳар шахси калонсол ҷуръати ба онҳо эрод гирифтан мекунад. Зуҳуроти номатлуб шаҳодати онанд, ки дар оила ин наврасонро хуб тарбият накардаанду нафаҳмондаанд, ки дар ҷомеа чӣ гуна бояд рафтор намуд.
Соли 2011 дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуда буд.  Боиси таассуф аст, ки меъёрҳои ин қонун танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ истифода мегарданд. Яъне, вақте ки кор аз кор гузашта, наврас барои ягон қонуншиканӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи тартибот боздошт мешавад. Ҳол он ки ҷанбаи асосии фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, пеш аз ҳама, бояд тадбирҳои пешгирии қонуншиканиҳои наврасон, назорати қатъитари иҷрои қонунии масъулияти волидон, ногузирии ҷазо барои нақзи қонун ташкил диҳанд.
Аз ин хотир, таҳия ва татбиқи барномаҳои вижаи ташаккули маданияти рафтори ҷавонону наврасон на танҳо дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар дигар шаҳру навоҳии кишвар тақозои рӯз аст. Зеро бисёр ашхос ва фарзандонашон, ки дар пойтахт ба сар мебаранд ё ба Душанбе меоянд, ин гуна малакаҳои ҳаётан муҳим надоранд.
Эълони Соли ҷавонон ин масъулияти бузурги ҳамарӯзаи ҷавонон дар назди ҷомеа ва ҷомеа дар назди онҳо мебошад. Аз он ки давлат ва ҷомеа дар ташаккули наврасону ҷавонони фаъол чӣ гуна бо ҳисси масъулият саҳм мегиранд, ояндаи ҷомеа ва наврасону ҷавонон, ки фардо ин ҷомеаро месозанд, вобаста аст. Мушкилоти ҷавонон кам нестанд. Муҳим он аст, ки онҳо комилан ҳалшавандаанд ва дар ин кор, пеш аз ҳама, ба худи ҷавонон бояд такя кард.
М. ҚОДИРҚУЛОВА,
унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2017    №: 42    Мутолиа карданд: 1390

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед