logo

иҷтимоиёт

ТИБ. ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ ҲАНӮЗ ДАР ПЕШАНД

Насим ОЛИМЗОДА, вазири тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солимии аҳолӣ  сарвати миллии ҳар як давлат маҳсуб меёбад. Бо назардошти ҳамин Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳифзи саломатии аҳолиро аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ бо мақсади боздиду таҳким ва такмил додани пойгоҳи ҳуқуқии соҳа санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, қонунгузории миллии соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоии кишвар куллан тағйир ёфта, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардиданд.

Зиёда аз 1000 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру барқарор гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд. Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, беморхонаи вилоятии бемориҳои саратон дар шаҳри Кӯлоб, беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии шаҳраки Данғара, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Хуросон, Ҷайҳун, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Бохтар, маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ ва садҳо иншооти дигари тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ далели эътироф ва дастгирии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки дар даврони истиқлолият нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфта, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид.
Дар раванди пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутабории наздик, пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб ва дар ин самт паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ, мутобиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорат як қатор корҳо амалӣ гардиданд.
Соли гузашта Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ» ба кор шурӯъ намуд. Фаъолияти марказ баҳри фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои ирсӣ – авлодӣ, коҳиш додани маъюбшавии кӯдакон аз никоҳи хешутаборӣ мусоидат менамояд.
Пешрафти соҳаи тандурустӣ ба маблағгузорӣ вобастагии зиёд дорад. Дар доираи ислоҳоти соҳа ворид намудани шаклҳои нави маблағгузорӣ мутобиқ ба замони ҳозира самти афзалиятнок эълон гаштааст. Буҷети соҳаи тандурустӣ дар 10 соли охир аз 112678 ҳазор сомонӣ ба 1263882 ҳазор сомонӣ расид, ки ин нисбат ба соли 2006 11,2 маротиба зиёд мебошад. Айни замон зиёда аз 30 дастгоҳи томографияи компютерӣ ва магнитию резонансии гуногунҳаҷми ҳозиразамон, 9 маммограф, 6 ангиограф, зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои поксозии хун, ташхисҳои рентгении рақамӣ, ташхисҳои озмоишгоҳӣ тавассути анализаторҳои автоматикӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ фаъолият доранд.
Дар ин солҳо дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат ҳангоми нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ҷигар, иваз намудани буғуми рон  ва зонуи беморон ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷоғу рӯй, ҷарроҳиҳои батнӣ ва асаб тавассути дастгоҳи эндовидеоӣ, ҷарроҳиҳои нодир ҳангоми саратони сурхной мавриди истифода қарор гирифта, тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ муолиҷаи беморони дилу рагҳо мавриди амал қарор гирифта, эндоурология ва сангшиканӣ дастраси аҳолӣ гардиданд.  Дар натиҷа шумораи шаҳрвандони ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат муроҷиаткунанда нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт.
Корхонаҳои хурду бузурги дорусозӣ бо мақсади коркарди гиёҳҳои ватанӣ ба фаъолият пардохтанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 20 корхона истеҳсоли зиёда аз 150 номгӯйи маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондааст.
Тарбияи мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва фармасевтӣ дар 23 коллеҷи тиббӣ ба роҳ монда шуда, дар ин муддат 92788 нафар коллеҷҳои тиббиро хатм намуд. Академияи илмҳои тиб таъсис ёфт ва аз 16 муассисаи илмии соҳаи тандурустӣ 11 адади онҳо зодаи истиқлолиятанд. Айни замон дар соҳаи тандурустии кишвар 775 нафар номзадҳо ва докторони илм фаъолият доранд, ки қариб 80 фоизи онҳо дар даврони истиқлолият рисолаҳои илмии худро ҳимоя намудаанд. Ҳамаи ин ба самараи раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ вобаста буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси суръатбахшии татбиқи мақсадноки сиёсати тандурустӣ, аз ҷумла, «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» гардидааст.
Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 8 муассисаи давлатии хона – интернат, 1 маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб, 1 маркази ҷумҳуриявии тавонбахшии маъюбон ва будубоши доимии пиронсолону маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, 6 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон, 20 маркази хизматрасонии будубоши рӯзона, 40 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва 1 корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» - и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ фаъолият менамоянд ва бунёди 1 маркази тавонбахшии байналмилалӣ дар ноҳияи Балҷувон идома дорад.
Яке аз дастовардҳои муҳим ҷорӣ намудани механизми унвонии таъйин ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат мебошад. Механизми мазкур соли 2011 дар ду ноҳияи ҷумҳурӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардида, айни замон дар 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дошта, қариб 90 ҳазор оилаҳои камбизоат аз он бархӯрдор мебошанд. Дар назар аст, ки аз 1 октябри соли равон боз дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин барнома ҷорӣ гашта, аз соли 2018 дар тамоми ҷумҳурӣ васеъ паҳн мегардад.
Таҳлили вазъ дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ нишон медиҳанд, ки бо анҷом додани чораҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ дар омӯзиши омилҳои муҳити зисти таъсиррасон ба солимии аҳолӣ ва ташкилу гузарондани чорабиниҳои оммафаҳмонӣ дар байни аҳолӣ вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ идорашаванда гардидааст.
Мутаассифона, ҳолатҳои иҷро нагаштани талаботи қонунгузории таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Соли рафта мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ санҷишҳо гузаронда, барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ ба 8784 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1477890 сомонӣ ҷарима баста, фаъолияти 1253 иншоотро муваққатан боздоштанд.
Ба роҳ мондани истеҳсоли боз ҳам бештари маводи дорувории гиёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳо, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ, дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам сохтани шароити арзанда дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ аз вазифаҳои асосии мост.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2017    №: 42    Мутолиа карданд: 1459

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед