logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст ҳисоботи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2017 ва таҳлилу амалисозии бандҳои алоҳидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакатро барои истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ дар истифода ва тақсимоти он ҷалб сохта, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар соҳа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи маҷлис аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гашт.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020», «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2019», «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017 – 2020», «Дар бораи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос», «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ»  баррасӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар мақомоти марказии давлатӣ таъмини иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар кори маҷлис баррасишударо тақозо намуда, ба онҳо ҷиҳати мусоидат ба иҷрои муқаррароти Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳким бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир ба пешгирӣ аз оқибатҳои маргбори ин беморӣ, ки ба солимии ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 Дастуру супоришҳои дигар, ҳамчунин барои тақвият бахшидани тадбирҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, таҳким бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расондани кумакҳои ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида дода шуданд.
Барои таъмини иҷро ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», назорати нархи маҳсулот дар бозорҳои мамлакат, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи кишту кори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи ҷашну маъракаҳои муҳими ҷумҳуриявию байналмилалӣ аъзои Ҳукумат ва дигар масъулони дахлдор вазифадор карда шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2017    №: 42    Мутолиа карданд: 5874

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед