logo

иқтисод

ТАЪМИНИ ОБ. МУШКИЛИҲОИ ҲАЛТАЛАБ ҲАНӮЗ ЗИЁДАНД

Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» - и КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар доираи ваколатҳои муқарраршуда  баҳри истифодабарии системаҳои оби нӯшокӣ ва мунтазам бо оби нӯшиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳот ва чарогоҳҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Бахтиёр Сафаров,  сардори муассиса, дар бораи бурду бохти соҳа ба хабарнигори рӯзнома чунин иброз намуд:
- Соли 2016 бо дастгирии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  корхонаҳои нав, аз ҷумла корхонаҳои истифодабарии иншооти обрасонии ноҳияҳои Спитамен, Деваштич, Панҷакент, корхонаи пармакунии чоҳҳои амудӣ дар вилояти Суғд ва корхонаи фаръии «Лоиҳакашии обдеҳот» таъсис ёфтанд. Аз тарафи корхонаҳои тобеи сарраёсат барои эҳтиёҷоти истифодабарандагон ба андозаи 19034 ҳазор метри мукааб (101,1 %)  об интиқол дода шуд. Аз ҷумла, оби нӯшокӣ ба аҳолӣ ба андозаи 11850  ҳазор метри мукааб, оби чарогоҳҳо  540  ҳазор метри мукааб, оби полизӣ ба андозаи 6440  ҳазор  метри мукааб таъмин гардид.  
Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети ҷумҳурӣ баҳри иҷрои корҳои сохтмонӣ, таҷдид ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии деҳот ва чарогоҳҳои ҷумҳурӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Аз ҳисоби маблағҳои муайяншуда дар як қатор иншоот, аз ҷумла барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии чарогоҳ-ҳои хоҷагии зотпарварии ноҳияи Данғара, деҳаи Ҳасанободи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик, барқарорсозии чоҳи амудӣ дар минтақаи Корези ноҳияи Данғара амалӣ шуданд.
Мутаассифона, дар назди муассиса  мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки боиси ташвишу нигаронии кормандони соҳа гаштааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз тарафи ҷамоатҳо, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби  деҳот ва шахсони алоҳида қонуншиканиҳо ҳанӯз ҳам дида мешавад. Дар идораи таъмини оби нӯшокии деҳот фаъолияти ассотсиатсияҳои мазкур низ масъалаи ҳалталаб  гардидааст. Тибқи талаботи қонун ассотсиатсияҳо бояд хоҷагиҳои дар деҳот бударо бо оби полизӣ таъмин намоянд ва ҳолати мелиоративии заминҳоро беҳтар гардонанд. Вале як қатор ассотсиатсияҳои ташкилшуда  ғайриқонунӣ дар идораи таъмини оби нӯшокии аҳолии деҳот фаъолият доранд. Аксари онҳо бе мувофиқа бо ваколатдори давлатии таъмини оби нӯшокӣ, берун аз доираи талаботи қоидаву стандартҳои сохтмонӣ, бо маблағгузории институтҳои молиявии хориҷии дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолиятдошта системаҳои обтаъминкуниро месозанд. Баъди анҷоми сохтмон онҳоро ба тавозуни ягон идораи давлатӣ намесупоранд, ки дар натиҷа онҳо бесоҳиб мемонанд.
Ҳисоботи оби истеҳсолшуда ва ба фурӯш баровардашуда низ ба ягон идораи давлатӣ пешниҳод  намегардад. Ҳамчунин, маблағҳои аз оби интиқолдода  ҷамъоваришуда  ба буҷети давлатӣ ворид нагардида, аз тарафи кормандони ин ассотсиатсияҳо ва ҷамоатҳо  сарф мешаванд. Азбаски аксар кормандони ассотсиатсияҳо мутахассиси соҳа нестанд ва бе иҷозатномаи таъмини оби нӯшокӣ (литсензия) фаъолият мебаранд, онҳо ҳуқуқи идораи чунин системаҳоро надоранд.
Имрӯз ҳамаи кӯшишу талоши кормандон бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолии деҳот ва чарогоҳҳои ҷумҳурӣ равона гардидааст. Соҳаи обтаъминкунии деҳоти ҷумҳурӣ ба ҷалби маблағгузории бештари сармоягузориҳо эҳтиёҷ дорад. Дар ин робита ташкили гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи обтаъминкунии деҳот низ тақозои замон мебошад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоям, ки ҳамаи соҳибмулкон, ки дар деҳоти ҷумҳурӣ бо фаъолияти таъмини оби нӯшокӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликияташон ба сарраёсат ҳисоботи оби истифодашударо пешниҳод намоянд. Ҳангоми ба истифодабарӣ супурдани иншоот дар кори комиссияҳои қабули иншооти мазкур кормандони муассиса ширкат варзанд. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда дар ҳолати ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  мақомоти маҳаллӣ вазифадор шаванд, ки дар нақшаи генералии мавзеи номбурда хати интиқоли оби нӯшокӣ, сарчашма ва ҳавзҳои нигоҳдории  об муайян карда шаванд. Барои нигоҳдории иншооти соҳаи обтаъминкунии деҳоти ҷумҳурӣ, ки тӯли солҳои зиёди истифодабарӣ ба ҳолати ногувор расидаанд, субсидияҳо ҷудо гардад. Масъалаи пешниҳод намудани нархномаи имтиёзноки неруи барқ барои насосҳои обкашӣ барои тамоми фасли сол дар ташкилотҳои сарраёсат аз нав дида баромада шавад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои инвеститсионии соҳа маблағҳои қарзи бебозгашти сармоягузорони ватанию  хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шаванд.
Умедворам, ки соли ҷорӣ дар ҳамбастагӣ аз иҷрои корҳои банақшагирифташуда доир ба таъмини аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ бо оби нӯшокӣ ва дар ин самт беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ бо сарбаландӣ хоҳем баромад.  
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1354

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед