logo

иқтисод

МОИ «ДАНҒАРА». ИМСОЛ КОРХОНАИ КОРКАРДИ НАФТ БА КОР МЕДАРОЯД

Аз 26 субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳоло 24 - тои  онҳо фаъоланд. Ширкатҳои «ТК Ойл» ва «Дупек» моҳҳои сентябр - декабри соли сипаришуда суръати кор ва сармоягузориро бо сабаби нагузаштани пардохтҳои пулӣ дар бонки хизматрасон - «Агроинвестбонк» нисбатан суст намуданд ва натавонистанд навбати аввали корхонаро дар вақти муайянгардида ба истифода диҳанд.
Тибқи иттилои Ориф Воҳидов, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи  Данғара,  истеҳсоли маҳсулоти саноатии субъектҳои ин минтақа соли 2016 ба 16,1 миллион сомонӣ расид. Дар ин давра 1740 ҷойи нави кори доимӣ ва муваққатӣ  ташкил шуд. Феълан дар минтақа 950 нафар бо кори доимӣ таъминанд.
Ҳоло дар МОИ «Данғара» сохтмони марҳилаи якуми корхонаи коркарди нафт (ҶДММ «ТК Ойл»), корхонаи коркарди намак (ҶДММ «Саддаҳо»), корхонаи коркарди донагӣ (ҶДММ «Гринд голд»), корхонаи истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ») ҶДММ «Дейте Бетон» ва корхонаи лӯлаҳои пластикӣ (ҶДММ «Тоҷпласт-1») ҷараён дорад. Ҷамъи сармоягузории субъектҳои минтақа дар давраи фаъолият зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Марҳилаи якуми корхонаи коркарди нафт дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бояд ба истифода дода шавад. Корхонаи мазкур бо саҳмгузории муштараки ширкатҳои Тоҷикистону Чин бунёд ёфта, дар он солона аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафти хом маҳсулоти гуногун истеҳсол хоҳад шуд. Санги асоси ин корхона низ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар сурати ба кор даромадани навбати аввали корхона ва нуқтаҳои ёрирасони он дар ин ҷо 3500 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, ки 80 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Соли 2014 бо иштироки бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар МОИ «Данғара» корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйӣ - «Тоҷи Осиё» расман ифтитоҳ ёфта буд, ки нахустин чунин корхона дар Тоҷикистон унвон мешавад. Корхона бо харҷи 1,4 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони эронӣ бунёд ёфтааст. Иқтидори корхона 400 тонна маҳсулот дар як сол буда, дар он 15 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. То соли оянда иқтидори корхона афзун гардида, шумораи коргарон ба 45 кас хоҳад расид. Маҳлулҳои шустушӯии ин корхона бо технологияи олмонӣ истеҳсол шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқанд.
Мутаассифона, корхонаи  мазкур натавонист, ки ҳаҷми истеҳсолотро зиёд карда, дар бозори дохиливу хориҷӣ рақобатпазирӣ кунад.
- Корхонаи «Тоҷи Осиё» аз оғози соли 2016 аз кор монд. Сабаби асосии қатъи фаъолияти корхона ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона мебошад, - гуфт Ориф Воҳидов.
Аз рӯи маълумоти маъмурияти МОИ «Данғара», барои рушди босуботи инфрасохтори минтақа чанд масъала, аз ҷумла тезондани кашидани хати барқи баландшиддати 220 кВ аз НБО - и «Сангтӯда -1» ва зеристгоҳи «Шар - Шар» то минтақа ва таъмини доимии субъектҳо бо барқ, сохтмони хати роҳи оҳан аз қитъаи роҳи оҳани Сангтӯда - Саргазон ба минтақа, инчунин, масъалаҳои хизматрасонӣ аз ҷониби бонкҳо ва гумрукиро бояд ҳал намуд.
Бо вуҷуди баъзе мушкилиҳо имрӯз бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин минтақаи иқтисодии ҷумҳурӣ бо маром идома дорад. Бешубҳа, бо ба кор пардохтани корхонаҳои минтақа дар солҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзун гардида, ба беҳтаршавии сатҳи некуаҳолии сокинон, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва зиёд шудани содирот ба хориҷи кишвар мусоидат мекунад.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1274

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед