logo

иҷтимоиёт

АЗ ЧАШМАҲО РИВОЯТ МЕКУНАНД

Чашмаҳо зеботарин афсона, шевотарин суруд ва гӯётарин таронаҳои Тоҷикистонанд. Ҳар кадоме таърихи худро дорад. Сарнавишти чашмаҳо чун сарнавишти инсонҳост: пур аз таззод, рамз ва розу ниёз.
Ҳар чашма чун инсон ному нишони худро дорад. Онҳоро низ ба мисли инсонҳо бо номашон медонанду мешиносанд. Мисли оне, ки дар дунё ҳеҷ инсоне ба каси дигар монанд нест, чашмаҳо низ чунинанд. Чашмаҳо аз рӯйи тамъ, ҳарорат, фараҳафзоӣ ва шифобахшиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Тоҷикистон, бе муҳобо, сарзамини чашмасорон ва макони обҳои поку мусаффо аст. Дар ин диёр ҳазорон чашмасороне ҳастанд, ки бо обҳои лазиз ва хосиятҳои фавқулодаи табобатиашон ном бароварда, дили миллионҳо одамонро тасхир кардаанд. Як қисмати дигари ин чашмасоронро рӯдҳои бузургу сероб ташкил медиҳанд, ки аз кӯҳҳои сарбаафлоккашида маншаъ гирифта, Тоҷикистонро ба як сарзамини беназири обҳои тоза ва рӯдҳои равон табдил додаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он ки кишвари мо дар саргаҳи оби тоза қарор дораду сарзамини чашмасорон ва  макони обҳои тоза мебошад, бори чорум аст, ки масъалаи ҳифзи онро дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва аз ин неъмати бебаҳо пуштибонӣ мекунанд. Маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 – ро қабул намуд.
Қабули чунин иқдомҳои нек ва башардӯстона моро ба он водор месозад, ки нисбат ба ин неъмати бебаҳои кишвари худ бепарво набошем. Донистани асрору макони чашма, рӯд, дарё ва кӯлҳои Тоҷикистон барои ҳар як ватандор, ки ба ин сарзамин  меҳру муҳаббат дораду онро дӯст медорад, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифтааст, ки нигоштаҳои ҷолибу хонданиеро аз силсилаи «Аз чашмаҳо ривоят мекунанд» ба чоп расонад.


Рӯди Қандоб
Исми он шарҳ медиҳад, ки оби он чи гуна аст. Албатта рӯдеро, ки ба он Қандоб ном ниҳодаанд, дигар таърифу тавсиф дар борааш беҳуда аст, зеро ки дар ин ифода ҳама хосиятҳои он ниҳон аст. Ин рӯд дар деҳаи Нимдараи Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеъ мебошад.
Ман борҳо аз оби он нӯшидаам ва ҳар бор ба ҷавҳаршиносӣ ва борикназарии гузаштагон аҳсан гуфтаам. Гузаштагони мо ба чизҳои дигар ҳам, хусусан ба меваҳо, калимаи қандакро илова мекунанд, ки он ба ширин буданаш таъкид менамояд. Ба номи ин чашма илова шудани қанд ҳамин маъниро дорад. Яъне, чашмаи ширину шаффоф.
Ҳофизи халқии Тоҷикистон, устод Одина Ҳошим дар деҳае ба дунё омадааст, ки ин рӯд аз чашмаҳои он маншаъ мегирад. Маълум, ки ӯ басо зиёд аз ин об нӯш кардаву ташнагӣ шикастааст. Ӯ аз Қандоб нӯшидааст, ки ин қадар лафзи шево ва садои ширин доштааст. Ҳама софӣ ва ширинии ин обро аз овози ширадори ҳофизи мумтоз мушоҳида кардан имкон дошт.
Мардум беҳуда намегӯянд, ки фалонӣ аз оби фалон маҳал ё макон нӯшидааст. Яъне, ба қавли гузаштагон, таъсири об на танҳо дар зиндагӣ, балки дар тарбия, пешрафт ва такомули шахс низ хеле қавӣ будааст.
Қандоб рӯди файзбору пурбаракате низ ҳаст. Мардуми маҳал аз он дар кори боғдорию зироатпарварӣ хеле зиёд истифода мекунанд.
(Давом дорад)
Алихон ЗАРИФӢ  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1245

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед