logo

иқтисод

СОДИРОТ. САҲМИ СОҲИБКОРОН МЕАФЗОЯД

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд шумораи корхонаҳои истеҳсоли  маҳсулоти содиротӣ ба 20 адад расид.

Соҳибкорони хуҷандӣ бо дастгирӣ ва ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар кӯтоҳтарин вақт рушд додани соҳаи саноат ва марҳила ба марҳила зиёд гардондани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот  қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Ҳоло номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаҳои саноатии Хуҷанд ба зиёда аз 70 адад расидааст. 40 намуди маҳсулот ба саноати сабук, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ,  бофандагию ресандагӣ, маводи рангуборкунӣ, либос ва хӯрокворӣ рост меояд, ки бештар ба кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот мешаванд. Масалан, корхонаи ҶДММ «Силкат боя», ки  ба тавлиди рангҳои баландсифати сохтмонӣ машғул мебошад, дар 15 кишвари ҷаҳон харидор пайдо кардааст. ҶДММ «Старпласт»  солҳои охир истеҳсоли лӯлаҳои қутрашон гуногуни пластикиро ба роҳ мондааст ва маҳсулоташ аз ҷиҳати сифат миёни даҳ ширкати беҳтарини дунё эътибор пайдо кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 корхона бори нахуст дар кишвар истеҳсоли лӯла барои обёрии қатрагиро ба роҳ монд. Тавре Абдураҳим Солеҳов, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, иброз медорад, дар соли сипаришуда корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд тавонистанд ба хориҷи кишвар бо маблағи 142 миллиону 166,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот содирот кунанд, ки дар қиёс ба соли 2015 наздик ба 50 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Барои боз ҳам беҳтар кардани омӯзиши воқеии маркетинги бозори ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои судманд миёни ширкатҳои хориҷӣ соҳибкорони хуҷандӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии  Олмон, Италия, Русия, Беларус ва Чин фаъолона ширкат варзида, барои муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ, воридоти технологияи пешқадам ва ҷалби соҳибкорони хориҷӣ ба бунёди корхонаҳои муштарак шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Корхонаҳои саноатии Хуҷанд чанде пеш дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар  Туркия ва Русия баргузор шуданд, ширкат варзиданд. Метавон хулоса кард, ки айни замон истеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти истеҳсол ва тавлиди номгӯйи маҳсулоти воридотивазкунанда комёб гардида истодаанд. Чанд сол қабл то 60 - 70 номгӯйи маҳсулот,  хусусан маводи хӯрокворӣ, аз хориҷи кишвар ворид мешуд, ҳоло, хушбахтона, қисми бештари маҳсулоти ғизоӣ бевосита дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1322

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед