logo

сиёсат

ҲНИТ. ТААССУБ ВА ВОҚЕОТИ ХУНИН

Маълум аст, ки бархӯрдҳои сиёсию тамаддунии муосир рӯз ба рӯз вазъи мамлакатҳои Ховари Миёнаро нооромтар сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст. Ин гуна шароит аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина  неруманд  сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҷаҳду талош варзанд.

Воқеаҳои даҳшатбори кишварҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Яман, Тунис, Лубнон ва амсоли инҳо баёнгари онанд, ки қудратҳои бузург бо истифода аз неруҳои ифротгаро ва тундрави динӣ-мазҳабӣ дар манотиқи мавриди назар ҷангу низоъҳоро роҳандозӣ намуда, бад-ин васила бенизомии иҷтимоӣ ва фарҳангиро ҳукмфармо месозанд. Созмону гурӯҳҳои алоҳида дар қолаби интишор додани хурофоту таассуби динӣ дар бофтҳои иҷтимоӣ ва дар ин замина ба амалӣ сохтани террорҳои динӣ ба манофеи сиёсӣ ва иқтисодӣ даст меёбанд.
Ақли солим хуб медонад, ки дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ афзун гардад, ҳамон қадар неруҳои фарҳангӣ заиф мешаванд ва нофаҳмию ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ миёни мардум роиҷ мегардад. Дар сохтани фазои хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки батадриҷ дар ҷомеаи мо реша давонда, қариб буд, боиси нобасомониҳою даргириҳои хунин гардад, нақши собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бармало буд. ҲНИТ ва роҳбарияти сиёсии он тайи даҳ-понздаҳ соли ахир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гила ва шикваю шикоят домони интиқоди муғризона барзада, боиси мураккаб шудани вазъ дар минтақа гардид. Баъзе расонаҳои ватанию хориҷӣ чандин сол роҳбарияти ҲНИТ ва рӯҳониёни саршиноси ба он марбутро  васф карда, ҳалли мушкилот ва раҳоӣ аз онҳоро дар низоми динӣ-исломӣ қаламдод карданд. Ин бозии расонаҳо роҳбарият ва ихлосмандони ҲНИТ-ро рӯҳбаланд карда, минбарро барои мавъизаҳою риёкориҳои наҳзатӣ фароҳам сохт. Вақт нишон дод, ки ҲНИТ дар даҳсолаи наздик сабабгори хурофотӣ ва мутаассиб шудани қисмати зиёди мардум гардида, қасдан шароити мусоиди таълимӣ-ибодиро, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон додааст, нодида гирифта, ҷиҳати ба шӯр овардани мардум ва аз тариқи исёни мусаллаҳона ғасб намудани қудрати сиёсӣ саъю талош кардааст.
Ин нодидагирӣ, бетаваҷҷуҳӣ, бетафовутӣ ва муҳимтар аз ҳама, ихтилофангезию иттиҳомзанӣ ба кори рӯзмарраи маъмурияти ҳизб табдил ёфта, то имрӯз дар хориҷ аз кишвар (албатта, бо сарпарастии хоҷагони беруна) ҳамчунон идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ҲНИТ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият кард. Дар доираи озодиҳои қавонини сохти сиёсии дунявӣ амал кардан барои ҲНИТ камӣ кард, даъвои бузургманишӣ ва султагирӣ пеш оварда, тарҳи табаддулоти сиёсиро моҳи сентябри соли 2015 роҳандозӣ намуд.
Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ҲНИТ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз мусибати басаромада ранҷ мебарад.
Маҳз табақабандии иҷбории мардуми шаҳру навоҳии кишвар ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣ-мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Ин бадгумонӣ, мутаассифона, бо «саъю талош»-и ҳизби мазкур ва муштариёни он то имрӯз дар зеҳни ақаллиятҳои этникӣ ва мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва Ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии ҳизб сабт гардидааст.
Бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани элитаи сиёсии ҳизб ва рӯҳониёни саршиноси ба наҳзат вафодори ҷумҳурӣ имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Имкониятҳои молиявии ҳизб, чи дар ибтидои солҳои навадум ва чи то соли 2015, аз ҳисоби маблағҳои «хоҷагони беруна» афзун гашта, ҳатто имрӯз ҳам ошкору пинҳон ба мухлисони он ёрии маънавию молиявӣ расонда мешавад.
Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ҲНИТ, чи дар гузашта ва чи имрӯз, инро мехостанду мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолат, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ... Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 «самар» дод ва ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ табдил ёфта буд ва бо фармоиши як муллои чаласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гардад.
Қатлу кушторе, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, бо «ибтикори» ҲНИТ ва назарияпардозони он сурат гирифта буд, дар ҷабини миллат ҳамчун доғ боқӣ хоҳад монд. Далелҳои муътамаде, ки дар бойгонии миллат қарор доранд, бозгӯкунандаи онанд, ки ҲНИТ ҳеҷ гоҳ барои иттиҳоди мардумӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди миллӣ талош накардааст ва намекунад. Эътиқоди мардумро ҳамчун объекти расидан ба ҳадафи ниҳоӣ қарор додан хашинтарин шакли муборизаи сиёсӣ буд, ки наҳзатиҳо дар гузашта ва то соли 2015 аз он истифода карданд.     
Ҳамин тариқ, роҳбарияти фирории наҳзатӣ дар симои Кабирӣ ва як идда мухлисонаш дар хориҷ аз кишвар доди ватанхоҳӣ мезананд ва бо фиреби назар дар дили сокинони камогоҳу ноогоҳи ҷумҳурӣ, ки дар фазои амну суботи сиёсию иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд, тухми кинаву адоват ва туғёну исёнро мекоранд, то ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехӯрад ва рафтан аз қафои онҳоро ор медонад. 
Нодир ЗИЁ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1357

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед