logo

номаҳо

БАҲОРРО "ҶУМҲУРИЯТ" БА МУЛКИ МО МЕОРАД

Мо – омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз он хушнуд ҳастем, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба масъалаҳои маориф ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ба ҷуз ин, мо, аз матолиби дигари дар рӯзнома дарҷгардида низ дар раванди таълиму тарбия истифода мебарем.
Чанд рӯз пеш шоҳиди баҳси устодони муассисаи таълимиамон гардидам. Онҳо бознашри порчаи асари машҳури Абурайҳони Берунӣ «Осор – ул – боқия» - ро вобаста ба Наврӯз муҳокима мекарданд. Яке аз устодон мегуфт, ки оё бознашри асари чопшуда зарурат дорад? Устоди дигар ба ӯ посухе доданд, ки ин ҷо пурра овардани онро айни муддао медонам.
Устоди куҳансол чунин посух дод: «Дар аввал ман низ чунин ҳисобидам. Ба худ гуфтам, ки  барои мо, ки дар хона китоби зиёд, аз ҷумла «Осор – ул – боқия» - ро дорем, ин мавод чӣ чизи наве хоҳад дод? Ба ҳар ҳол, хона рафта ҷевони  китобҳоямро такорӯ кардам. Аз «Осор – ул – боқия» дарак набуд. Онро аз китобхонаи мактаб ҷустам, наёфтам, аз чанд ёру дӯст пурсидаму аз яке пайдо кардам. Чун бисёр заҳмат кашида будам, маводи чопи рӯзномаро бо асл муқоиса кардам. Аввалин чизе, ки ба чашмам хӯрд, ин бо завқи баланд интихоб шудани матн ва бо дарки масъулият таҳия шудани он буд. Китоб, ки чандин сол пеш нашр шудааст, дар баробари баъзе ҳолатҳо ба имлои имрӯза рост наомаданаш хатои зиёд ҳам доштааст. Ба чоп ҳозиркунанда хеле заҳмат кашидааст. Барои ин ба ӯ ба таври алоҳида ташаккур бояд гуфт.
Чизи дигари муҳим ин аст, ки чандин сол боз ҳангоми сухан аз Наврӯз гуфтан аз Берунӣ мисол меоранд. Ман, ки тамоми маводи вобаста ба Наврӯзро барои  истифода дар дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои ҷашниву баровардани рӯзномаҳои деворӣ ҷамъ меоварам, бисёр мехостам, ки иқтибосҳои паҳну парешонро бо аслашон муқоиса намоям. Маълум шуд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба тафреҳкорӣ низ роҳ додаанд. Дар ҳолатҳои дигар мисолҳо дигаргуна тавзеҳ ёфтаанд.
Баъдан, мо дар хусуси андешаҳои Берунӣ дар бораи Наврӯз бисёр шунида будем. Акнун рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба мо имкон фароҳам овард, ки онро ба таври пурра дар даст дошта бошем. Ба ғайр аз мо ин маводро боз зиёда аз 40 ҳазор хонандаи рӯзнома мутолиа хоҳад кард. Умуман, аз рӯзи тасдиқ шудани рамзи «Наврӯз – 2017» ин рӯзнома ба таври доимӣ аз омодагиҳо ба он ҳамарӯза хабару мақола нашр намуда истодааст. «Ҷумҳурият» аз парастуву бойчечак дида имсол навиди баҳорро ба мо пештар овард. Мо дар рӯзҳои сарди зимистон саҳифаҳои чун баҳор шукуфони онро дида, ба зиндагӣ бештар дилгарм мешавем ва аз Ватани маҳбубу Сарвари муаззами он ифтихор менамоем.
Барои ин, ба таърихнигорони давраи навини давлати тоҷикон ва ифшогари ормонҳои миллиамон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» бояд изҳори ташаккур намуд».
Ман ба посухи оқилона ва дурбинонаи устоди куҳансоли худ чизе илова карда наметавонам ва бо ҳамин иктифо менамоям, ки чун тамоми устодони дигар ба гуфтаҳои ӯ шарик ҳастам.
Алоҳида ШАРИФОВА,
устоди МТМУ № 18 - и шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1875

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед