logo

фарҳанг

ДУШАНБЕ ДАР МАСИРИ ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ

Ярмаркаҳои маҳсулот
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2017 ва таъмини сокинону меҳмонон бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ аз 18 то 20 марти соли равон дар мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатиро баргузор намояд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба тасвиб расонд. Ярмаркаҳои фурӯш дар таваққуфгоҳи назди КВД «Маҷмааи савдои «Пойтахт – 90», майдончаи назди бозори Қаряи Боло, назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон (кӯчаи Ҳусейнзода, 36) ва Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» барпо мешаванд.
Аз Вазорати кишоварзӣ, Агентии захи-раҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» хоҳиш шудааст, ки иштироки фаъолонаи хоҷагиҳо ва зерсохторҳоро дар ярмаркаҳо таъмин намоянд. Ҳамчунин, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт муваззаф гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузарондани ярмаркаҳо, ҷалби сокинону меҳмонони пойтахт ва ҳавасмандсозии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзию истеҳсолии фаъол тадбирҳо роҳандозӣ намоянд.

Мусобиқаҳои кушоди варзишӣ
Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2017 дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои кушоди варзишӣ – гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон баргузор мегарданд. Мусобиқаҳои кушод барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2017» оид ба гӯштини  миллӣ 23 март (оғоз - соати 14) ва пойгаи аспдавонӣ (соати 10) дар «Наврӯзгоҳи пойтахт», волейбол дар байни бонувон 21 – 24 март дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ва теннис дар байни наврасону духтарон 21- 24 март дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе, корти тенниси тобистонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Тоҷварз» - и шаҳри Душанбе мегузаранд. Барои гузарондани мусобиқаҳо ва ҳавасмандсозии ғолибон аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ ва эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ворид шудаанд, 155300 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ҳадаф аз ин тадбирҳо истиқболи сазовор ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2017, рушд ва оммавигардонии варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи солими зиндагӣ  мебошад.  
А. САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1251

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед