logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

24 феврал аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонда шуданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, “Дар бораи кумакҳои иҷтимоии унвонӣ”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, асосҳои сарфароз гардондан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо ва имтиёзҳоро ба шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида муайян менамояд.
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» асосҳои ҳуқуқию ташкилии низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа равона карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин, фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон танзим намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ба касбу кори ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ фаро гирифтани шахсони калонсол равона карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумакҳои иҷтимоии унвонӣ” асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ ва молиявии расондани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба оилаҳои камбизоат муайян менамояд. Аз ҷумла тартиби муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, таъйин кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби муайян кардан ва ба ҳисобгирии шаҳрвандоне, ки ба кумаки унвонӣ ниёз доранд, асосҳои қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати қабули қарор дар бораи расондани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд, Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва паҳлуҳои дигари масъала ба танзим фаро гирифта шудаанд.
Инчунин, тағйиру иловаҳое, ки ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дигар санадҳои қонунгузорӣ ворид карда шудаанд, ҷиҳати тақвияти мубориза бо коррупсия равона гардидаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” бо мақсади такмили қонунҳои амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёри онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ барои таҳкими қонуният, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1279

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед