logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008  «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо  коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 193; с. 2009, № 5, мод. 323; с. 2010, № 3, мод. 154; с. 2011, № 6, мод. 459; с. 2013, № 7, мод. 517; с. 2014, № 11, мод. 645; с. 2016, № 3, мод. 137) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои «ташкилотҳои ҷамъиятӣ», «ташкилотҳои динӣ», «бонкҳо», «салоҳияти», «салоҳият» ва «Салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «иттиҳодияҳои динӣ», «ташкилотҳои қарзӣ», «ваколати», «ваколат» ва «Ваколати» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 2 моддаи 1 пас аз калимаҳои «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «соле як маротиба» илова карда шаванд.
3. Аз қисми 1 моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4.  Дар номи моддаи 5 калимаи «ҳуқуқи» ба калимаҳои «ҳуқуқ ва озодиҳои» иваз карда шавад.
5. Ба қисми 2 моддаи 7 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
6. Номи боби 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ».
7. Дар моддаи 19:
- ба сархати сеюм пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд;
- ба сархати чорум пас аз калимаҳои «нигоҳдории ҳуҷҷатҳо,» калимаҳои «технологияҳои иттилоотӣ,» илова карда шаванд;
- ба сархати ёздаҳум пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда, калимаҳои «масъалаҳои салоҳияти Агентӣ» ба калимаҳои «масъалаҳои ба ваколатҳои Агентӣ мансуббуда» иваз карда шаванд;
- ба сархати сездаҳум пас аз калимаи «санҷиш» калимаҳои «, мониторинг, хронометраж,» илова карда шаванд;
- дар сархати нуздаҳум калимаи «иттилоотиро» ба калимаҳои «иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи идоравиро дар шабакаи Интернет» иваз карда шавад.
8. Ба қисми 2 моддаи 26 пас аз калимаҳои «мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» калимаҳои «, аз ҷумла мақомоти давлатӣ бо фармон ё амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
9. Қисмҳои 4 ва 5 моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«4. Кормандони мақомоти Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Дар сурати ба корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шуданро имконнопазир мегардонад, ба ӯ кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 6 (шаш) маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад. Ҳангоми ҳалок гардидани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаи корманди ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда, кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 (ҳашт) маоши таъминоти пулии корманди ҳалокгардида, аз ҳисоби маблағҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд аз шахсони гунаҳкор бо ҷуброни ин маблағ аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат рухсат шудани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз хизмат, бо сабаби гирифтор шудан ба беморӣ дар рафти иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ, ба ӯ кумакпулии якдафъаина ба андозаи 5 (панҷ) маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар гардидааст, пардохта мешавад.
5. Ба кормандони воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда, бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кумакпулии якдафъаина пардохта мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1387


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо
коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2016, № 616


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 327


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2017    №: 44-45    Мутолиа карданд: 1470

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед