logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166, №6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с.2015, № 12, қ.1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати сеюми моддаи 1, матни моддаи 4 ва сархати шашуми қисми 3 моддаи 11 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар ном ва матни моддаи 14 калимаҳои «Делои» ва «делои» мувофиқан ба калимаҳои «Парвандаи» ва «парвандаи» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 15:
- дар қисми 1 калимаҳои «(ному насаб)» ба калимаҳои «(насаб, ном ва номи падар)» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «делои» ба калимаи «парвандаи» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 16:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- агар шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад;»;
- сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, шаҳрвандии давлати дигарро гирифта бошад;
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад;».
5. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаҳои «Тартиби гузаронидани озмун ва намудҳои онро» ба калимаҳои «Қоидаҳои гузаронидани озмунро» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 23:
- дар сархати сеюм калимаҳои «гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ» ба калимаҳои «соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар» иваз карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- гирифтани нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ;».
7. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 27 калимаи «делои» ба калимаи «парвандаи» иваз карда шавад.
8. Ба қисми 1 моддаи 28 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад;».
9. Дар сархати шашуми моддаи 30 калимаҳои «воситаҳои молиявии хориҷӣ» ба калимаҳои «воситаҳои молиявӣ ва моликият дар хориҷа» иваз карда шаванд.
10. Ба моддаи 41 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Дар мавриди такроран ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани шахсоне, ки нафақа мегиранд, пардохти нафақаи онҳо қатъ карда мешавад. Ҳангоми аз мансаб озод шудани чунин шахсон пардохти нафақаи онҳо дар асоси собиқаи корӣ дар рӯзи охирини аз мансаб озод шуданашон аз нав барқарор карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1405

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 02 ноябри соли 2016, № 606

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 346


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 1984
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед