logo

иқтисод

ОБ ВА МУҚАДДАС ДОШТАНИ ОН ДАР БАЙНИ ТОҶИКОН

Об мояи ҳаёти инсон аст. Аз ҳамаи неъматҳои моддие, ки Худованд офаридааст, барои инсон муҳимтаринаш об мебошад. Об шаффофу равшан, дар ҷое орому сокин ва гоҳе ваҳмангезу тезраву хурӯшон аст.
Аз даврони бостон дар бораи об мардуми ориёинажод як силсила нақлу ривоят ва шеъру таронаҳо эҷод намудаанд. Дар чунин асарҳои фолклорӣ нақши об дар рӯзгори ҷамъияти инсонӣ ифодаи худро ёфтааст. Халқи тоҷик вобаста ба нақши об дар рӯзгори хеш мақолу зарбулмасалҳои фаровонеро мавриди истифода қарор додааст, ки дар онҳо эҳтироми инсон нисбат ба об ва муқаддас доштани он амиқан ифода гардидаанд. Масалан, «Об нест - ҳаёт нест», «Обу ободонӣ», «Об ҳама чизро пок мекунад», «Хобатро ба об гӯй». Дар як андарзи мардумӣ омадааст:
Суҳбати дерошноён дер барҳам мехӯрад,
Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност.
 Аз рӯйи одати қадимаи халқи тоҷик ба мусофире ё ташнае об додан кори савоб аст. Мардум ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки обро покиза нигоҳ доранд, махзани обро эҳтиёт намоянд. Аз ин рӯ, барои қонунӣ кунондани эҳтироми об як идда боварҳои халқӣ арзи ҳастӣ намудаанд. Мардум чашмаҳоро муқаддас шуморида, атрофи онҳоро иҳотаҳо гирифтаанд. Ва дар бораи пайдоиши онҳо ривоятҳо андешида, пайдоиши махзани обҳоро ба номи бузургони дин марбут донистаанд.
Парастиши об ва муқаддас донистани он дар байни мардуми тоҷик, ба андешаи мо, решаи ниҳоят амиқ дорад. Мардум дар оғози Соли нав – Наврӯз маросимҳои баҳорӣ ва Соли навро бештар дар назди чашмаҳо, рӯдҳо ва ҷойҳои обшор мегузаронанд. Ҳангоми баргузории маросимҳо дар назди чашмаҳо ё дар сояи дарахтоне, ки дар соҳили рӯдҳо сабзидаанд ва манзараи дилрабо доранд, мол кушта, хун мебароранд ва таомҳои маросимӣ пухта, хушнудӣ менамоянд. Ва агар баҳор камбориш ояд, баъди таом фотиҳа хонда, ба ҳамдигар об мепошанд ва бо либосҳояшон ба рӯд даромада обпошӣ карда, ҳамдигарро ба об мепартоянд. Чунин вонамуд менамоянд, ки гӯё борон борида онҳоро тар кардааст. Ин маросим дар бисёр маҳалҳои Хуросон «Обпошон» унвон дорад.
Дар ҳавзаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухоро, Кешу Насаф, Хуҷанду Истаравшан, Тирмизу Деҳнав, Ҳисору Кӯлоб, водиҳои Рашту Дарвоз ва Бадахшон нисбат ба он ниҳоят эҳтиёткор буданд. Ҳар як чашма, рӯд, наҳр ва истахрро (ҳавзро) бо номи Ҳазрати Хизр, Ҳазрати Аюб, Луқмони Ҳаким ва ё Ҳазрати Аливу хонадони пайғамбари ислом Муҳаммад (с.) ва наздикони онҳо нисбат медиҳанд. Пайдоиши оби Зам - зам (дар Макка), оби Машҳад ва Раҳмат (дар Самарқанд), чашмаи Аюб (дар Бухоро), ҷӯйи рустои Варганзаро дар ноҳияи Китоб аз каромат ва меҳрубониҳои паямбарон, имомон ва шайхон маънидод намуда, махзанҳои обро эҳтиёт, ба-дин васила обҳоро аз касифӣ эҳтиёт намуда омадаанд. Масалан, дар Нурато чашмае ҳаст, ки тибқи ривояти мардум роҳи он бо чашмаи Зам - зам як дониста мешавад ё худ дар Шаҳритуз «Чилучорчашма» низ тибқи боварҳои мардум ба каромати намояндагони дини мубини ислом марбут аст.  Мардум моҳии ин чашмаро намехӯранд ва роҳ намедиҳанд, ки бегонаҳо дар маркази он даромада шустушӯй ва оббозӣ кунанд. Одати дигаре, ки дар фасли баҳор, агар борон сари вақт наборад, созмон дода мешуд, ин маросими «Даъвати борон» ё «Боронхоҳӣ» мебошад, ки дар Хуросони Эрон низ онро «Боронхоҳӣ» ё «Талаби борон» меноманд. Ин маросим дар фолклоршиносии тоҷик бо истилоҳи «Даъвати борон» машҳур аст.
Дар водиҳои Хатлон, Рашт ва Дарвоз ҳангоми фасли баҳор, агар борон наборад, мардум аз таҳдиди хушксолӣ маросиме созмон медиҳанд, ки онро «Ашагулон» меноманд. Аз гил ё матоъ лӯхтак- арӯсак сохта, панҷ - шаш зан ҷамъ мешаванд. Хонумеро, ки бузургсол бошад, сардор интихоб менамоянд ва ӯро бо либосҳои ҷанда «меороянд» ва арӯсакро ба дасташ медиҳанд. Бо шодиву шӯхӣ ба назди дарвозаи ҳамдеҳагони худ рафта, дастаҷамъона таронаи зайлро месароянд:
Ашагулони ростина,
Оҳиста биҷунбон остина.
Гандуми сабзум қоқ шидай,
Як бор бирезон борона.

Соҳиби хона ба бом баромада, ба болои созмондиҳандагони маросим аз кӯзаву зарфҳои дигар об рехта, доду фарёдзанон хурсандӣ мекарданд. Ва дар фарҷоми маросим ба гурӯҳи иҷрокунандагони маросим инъомҳо медоданд. Ин маросим дар байни тоҷикони водиҳои Ҳисор, Сурхандарё ва Қашқадарёву Самарқанд «Сусхотун» номида шудааст ва тарзи иҷрои маросим низ айнан як аст, вале таронааш тафовут дорад.
(Идома дорад)
Рӯзии АҲМАД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 1473

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед