logo

ҳуқуқ

"ҶУМҲУРИЯТ". ДАР ЭҶОДИ МАФКУРАИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ НАҚШИ НАМОЁН ДОРАД

Хатари терроризм ва экстремизм, мубориза  алайҳи ин зуҳуроти номатлуб ҳамоно аз мавзӯъҳои пурбаҳс дар ҷомеаи муосир боқӣ мемонад. Дар ҳоле ки яке аз омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои даҳшатафкану ифротгароӣ паст будани сатҳи маърифати динӣ ва ҳуқуқии онҳо унвон мешавад, барои ташаккули тасаввуроти саҳеҳ доир ба ислом  ва пешгирии андешаҳои ифротӣ танҳо дар соли сипаришуда рӯзномаи «Ҷумҳурият» беш аз 100 матлаби таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ихтисосӣ ва гузоришҳои вижа ба табъ расонд, ки дар эҷоди мафкураи зиддитеррористӣ нақши намоён дорад.
Дар ин бора директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва дигар коршиносону таҳлилгарон зимни ҳамоише дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва воситаҳои ахбори омма дар мубориза бо андешаҳои тундрав ва ифротӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ибрози назар намуданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ҷомеа ҳанӯз ҳам қувваҳое ҳастанд, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди бар манфиатҳои гурӯҳиашон асосёфтаро, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳоншиносии аз онҳо фарқкунанда, ба мардум иҷборан таҳмил намоянд. Маърифати сиёсии гурӯҳҳои мазкур хеле маҳдуд буда, дар муносибат бо ҷомеа на аз илму маърифат, балки бештар аз эҳсосот кор мегиранд.
Дар ҳамоиш масоили вобаста ба хилофати виртуалӣ: равишҳои нави таблиғи ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ, нақши расонаҳо дар тарвиҷи фарҳанг, шарҳу таҳлили масъалаҳои динӣ дар ВАО - и ватанӣ: дастовард, камбудӣ, хатар ва чолишҳо, инъикоси мавзӯъҳои вобаста ба экстремизм ва терроризм дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва дигар мавзӯъҳои муҳим  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ба назари Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳои созанда дар байни ниҳодҳои илмӣ - таҳлилӣ ва воситаҳои ахбори омма оид ба инъикоси набзи воқеии кору пайкор ва созандагию бунёдкории бесобиқа, ҳамчунин муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ фазои солими иттилоотӣ, илмию фарҳангӣ ва динию эътиқодиро дар қаламрави кишвар чандин маротиба қавӣ мегардонад ва дар тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад.
Иштирокдорони ҳамоиш яке аз омилҳои асосии коҳиш ёфтани тамоюли пайвастани ҷавононро ба сафи созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ дар соли 2016 тақвияти ҳамкорӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи сохтору ниҳодҳои марбутаи кишвар, хусусан, мақомоти қудратии Тоҷикистон, ниҳодҳои илмӣ - таҳлилӣ ва воситаҳои ахбори омма арзёбӣ намуданд.  Онҳо тақвияти ҳамкории ниҳодҳои илмӣ - таҳлилӣ ва ВАО-ро мувофиқи мақсад дониста, пешниҳод карданд, ки сомонаҳои ниҳодҳои илмӣ - таҳлилӣ маводи санҷидашударо дар бораи масоили мубрами диншиносӣ ва шинохти равандҳои ифротӣ дастраси оммаи васеи хонандагон гардонанд. Баргузор намудани маҷмӯи чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ барои мубориза бо андешаҳои тундрав ва ифротӣ бисёр муассир дониста шуд.  Зикр гашт, ки зимни баррасӣ ва таҳлили масоили марбут ба равандҳои тундрав ва ифротӣ бояд муносибати холисона ва тахассусӣ зоҳир гардад,  манфиати давлат ва миллат болотар аз ҳама гуна манфиатҳои дигар қарор дода шавад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2017    №: 48-49    Мутолиа карданд: 1186

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед